Вячеслав Куприянов
Соли 1939 дар Новосибирск таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳи олии ҳарбӣ-баҳрии муҳандисони силоҳи Ленинградро хатм кардааст. Дар факултаи тарҷумонии Донишкадаи забонҳои хориҷии Москва таҳсил намудааст. Шеърҳоро аз забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, латишӣ ва арманӣ тарҷума кардааст. Назарияшинос ва таҷрибакори шеъри озод аст. Муаллифи даҳ маҷмуаи шеъри дар Россия нашршуда, аз ҷумла «Монед, суханамро ба охир расонам» (2002), «Мадҳияи замон» (2010), «На ҷизе аз одамият» (2013), «Тазодҳо» (2019), чиҳил китобаш дар тарҷума ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла китобҳои насраш, ба нашр расидааст. Шеърҳояш ба тамоми забонҳои Аврупо ва як қатор забонҳои Осиё тарҷума шудаанд. Барандаи чандин ҷоизаҳои адабии байналмилалӣ ва Россия, аз ҷумла ҷоизаҳои ба номи Бранко Радичевич (Сербия), Вазорати маорифи Австрия, «Моравский свиток» (Сербия), «Naji Naaman literary prizes» (Ҷопон), Ҷоизаи адабии Македония, ҷоизаҳои ба номи Бунин, В. Маяковский ва ғ. Узви иттифоқҳои нависандагони Россия ва Сербия. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Адабиётшинос ва мунаққид Артём Сквортсов ўро чунин тавсиф кардааст: «Куприянов бесарусомонии забонии бешаклро бо мағзи андешаи шево ва парадоксӣ сурох мекунад. Патетика дар адабиёт одатан бо эҳсосоти беҳадду канор пайванд аст, аммо дар эҷодиёти ў пафос бо истеҳзо дақиқан мутавозӣ мешавад. Шоир ҳаргиз садои худро баланд намекунад».