Саволҳои бемаънӣ

Ин аҷиб аст — дар ҳақиқат каҳкашонҳо мешаванд аз ҳам пароканда зи тарси ҳамдигар? Дар ҳақиқат ҳам динозаврон ҳама фавтидаанд, то ба ин даврони танку тӯп н-оянд? Рост аст оё, ки мегӯянд маймун гаштааст одам бо назоратҳои махфии полис? Рост аст оё, ки Ҳавво меваҳоро аз дарахти дарки некиву бадӣ меканд бо гумони он ки ӯ дар боғи бегонаст? Миллионҳо, гӯ, магар қарзе надоранд пеши ин миллиярдҳо, андар ин ҳоле, ки ин миллиярдҳо бар ҳама кору ҳама чиз қодиранд баҳри ҳазорон? Ғарқ Атлантида оё на аз он гардидааст, к-он ҳама синфони ҳоким зери по карданд қонунҳои Архимедро? Бе ҳадаф оё табиат баҳри инсон дода ҳаҷмеро, ки дорад дур ӯро аз тамоми кирму чирми пурзиёну ҳамчунон з-ахтарони дилрабои осмон? Кай ҷавоби оқилона метавон бишнид, Бар тамоми ин суоли фаччу бемаънӣ?