Таърихи почта
300 сол
русҳо мегуфтанд, ки
муғулҳо бар онҳо ситам меоварданд,
лек маълум шуд, ки
онҳо почта меоварданд.
300 сол
дар Руссия мардум номаҳо мегрифтанд,
вале наметавонистанд бихонанд,
зеро зарур омада, ки Маскавро
борҳо бисӯзонанд,
то ки аз торикӣ номаҳои нохонда
раҳо ёбанд.
Оқибат Иван Грозний
Ба шарқ рафт
Ва Қазонро гирифт ва номаҳо
ба ғарб фиристод
ба князи гуреза Курбский.
Ба ин номаҳои таҳдиднок
акнун Петри Бузург посух мегуфт
аз Ҳолланд, аз он сӯи баҳр,
баъд Екатеринае, ки Бузург аст,
алоқаро бо оламҳои беҳтарин дуруст кард,
ҷаноби Волтер, сипас Наполеон
оне, ки Бонопарт аст
ва бо сӯзонидани навбатии Маскав
мусоидат кард ба ҷоришавии забони зебои фаронсавӣ
чун услуби гуфтори дворянҳо,
то ки халқи паст дар хиҷолат намонад
пеш аз муҳлати
озодии барбарии бародарона.
Бо беҳ шудани кори почта
Декабристҳо номаҳо мефиристоданд
аз хусуси ободии Руссия
ва акнун Сибир ҳам,
то ки дар Лондон Герсенро бедор кунанд.
Ба онҳо акнун худи
Владимир Илич чашмҳои танги муғулии худро нимпӯш
карда
Аз Женева, аз Сюрих
ҷавоб мегуфт.
Инак, табаддулоти Октябр
низ ба амал омад
мисли натиҷаи ногузири
почтаи муғулӣ
мисли посухи шарқӣ
ба даъвати Ғарб.
Ба мо чӣ ҷавоб хоҳад овард
Дар ин 300 соли наздик?




