Мария Ватутина

Соли 1968 дар Маскав зода шуда, Донишкадаи ҳуқуқшиносии Москва, инчунин Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст. Ҳуқуқшинос, адвокат ва рӯзноманигор, муҳаррири сарсаҳифабанди маҷаллаи ҳуқуқшиносӣ, раҳбари шуъбаи адабии МХАТ ба номи А. М. Горкий будааст. 13 китоби шеър, аз ҷумла «Рими чаҳорум» (2000), «Табдили замонҳо» (2006), «Духтараки мо» (2008), «Дар он сарҳад» (2010), «Занҷири ҳодисаҳо» (2013), «Осмони алмосӣ» (2015), «Духтарона» (2013), «Ҳанӯз, ки ту хобида будӣ» ва ғайраро ба чоп додааст. Дорандаи ҷоизаҳои шоиронаи «Анталогия», «Московский счёт», мукофоти байналхалқии Волошин, Бунин, «Пробола» ва ғайра мебошад. Ғолиби мусобиқаи аввали Умумироссиягии «Майдони сурх. Замони шоирон» ва дорандаи унвони «Садои замони мо» буда, дар Маскав зиндагӣ дорад.
Ба ақидаи адабиётшинос ва мунаққид Игор Волгин «шеъри Мария Ватутина гувоҳи қатъӣ ва инсофмандонаи онест, ки мо аз сар мегузаронем. Мо бо шоири ниҳоят ҳозиразамон сару кор дорем (маҳз сару коре, ки иҷрояш зарур аст), шоире, ки хотирааш аз бори ирсии таърих ва фарҳанг озод нест».