Инна Лиснянская

Соли 1928 дар Боку таваллуд шудааст. Дар техникуми мошинсозӣ ва Донишгоҳи Боку таҳсил намудааст. Ба тарҷумаи шеъри озарбойҷонӣ шуғл варзидааст. Соли 1979 дар солномаи (алманахи) «Метропол» иштирок кардааст, якҷоя бо шавҳараш Семён Липкин ва Василий Аксёнов аз узвияти Иттифоқи нависандагони ИҶШС баромадааст. Муаллифи 30 китоби шеър, аз ҷумла «Мусиқӣ ва соҳил» (2000), «Якҷоя» (2000; ҳамроҳи С. Липкин), «Дар наздикии Содом» (2002), «Истеъдоди танҳо» (2003), «Дафтари Доруссалом» (2004), «Бе ту» (2004), «Акси садо» (2005), «Хобҳои Ҳаввои пир» (2007), «Ҳуқуқҳои дурӯғин» (2008), «Тирезаҳои мунтақил» (2011), «Манзараҳои рангоранг» (2011), «Раъду барқ» (2013), «Дур аз худ» (2013); се китоби мансур аст. Ашъораш ба забонҳои бисёр, аз ҷумла англисӣ, белоруссӣ, испанӣ, хитоӣ, немисӣ ва ғ. тарҷума шудаанд. Барандаи Ҷоизаи адабии Александр Солженитсин, Ҷоизаи давлатии ФР, Озмуни миллии «Китоби сол», Ҷоизаи махсуси «Московский счет», Ҷоизаи шеър «Anthologia», Ҷоизаи Бунин, Ҷоизаи миллии «Шоир». Соли 2014 даргузаштааст.
Дар китобҳои охиринаш Лиснянская мавзӯи пирии занонро кашф ва мавриди таҳқиқ қарор додааст, дар бораи ишқи деромадае менавишт, ки на аз эҳсосот, балки аз ҳикмат шуълавар аст. Дар шеърҳои ӯ дар баробари мавзӯъҳои ҳозиразамон андешаҳои таҳтонии инҷилӣ низ ҳузур доранд.