Сергей Завиялов
Соли 1958 дар шаҳри Пушкин (вилояти Ленинград) таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултети филологияи классикии Донишгоҳи Ленинград аст. Дар Донишкадаи забонҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург аз забонҳои классикӣ ва адабиёти қадим дарс гуфтааст. Тарҷумони ашъори юнонӣ, лотинӣ, финӣ ва литвонӣ. Муаллифи панҷ маҷмӯаи шеърӣ: «Мадҳия ва эподҳо» (1994), «Мелика» (1998), «Нутқҳо» (2009), «Кантатаҳои шӯравӣ» (2015), «Шеър ва манзумаҳо» (2018). Шеърҳояш ба дувоздаҳ забон тарҷума шудаанд, китобҳояш ба забонҳои англисӣ, итолиёвӣ, финӣ, шведӣ ва эстонӣ ба чоп расидаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Белый, ҷоизаи шоиронаи итолиёии «Premio Ceppo Internazionale Pistoia» ва ғ. Шоири даъватшудаи шаҳри Ҳелсинки (Финляндия) буд. Узви ПЕН-марказҳои Россия ва Финландия. Дар Винтертур (Швейтсария) иқомат мекунад.
Завиялов шоири озмоишгарест, ки дорои дониши амиқи замони кадим ва доимо дар ҷустуҷўи шакле мебошад, ки мазмуни ҳақиқии шеъри ўро ташкил медиҳад. Ҷасорати шоири «Тарҷумаҳо аз забони русӣ»-ро қадр накардан ғайримкон аст.