Александр Тимофеевский

Соли 1933 дар Москва таваллуд ёфта, дар Ленингради муҳосирашуда зиндагӣ мекард. Хатмкардаи шуъбаи сценариянависии ВГИК. Дар киностудияи «Тоҷикфилм», «Союзмультфильм» ва «Мульттелефильм» ба ҳайси муҳаррир кор кардааст. Барои мултфилмҳо сенария ва сурудҳо менавишт. «Суруди тимсоҳи Гена» аз мултфилми «Чебурашка» ба ў шўҳрат овард. Муддати дароз «барои сандуқ» менавишт. Нахустин маҷмуаи ашъораш танҳо соли 1992 ба табъ расидааст. Муаллифи понздаҳ китоб, аз ҷумла: «Тирандози дермонда» (2003), «Сад ҳаштмисраъагӣ ва Ҳамлети соддалавҳ» (2004), «Номаҳо ба Париж дар бораи моҳияти ишқ» (2005), «Мӯъҷизаҳо дар боғи ҳайвонот» (2006), «Мулоҳизаҳо дар соҳили баҳр» (2008), «Краш-тест» (2009), «Посухи дӯсти румӣ» (2011), «Ман ин ҷо таваллуд шудаам» (2017), «Истиҳолаҳо дар Сиракуз» (2020) ва ғ. Барандаи ҷоизаҳои маҷаллаи «Дружба народов» (1998), Иттифоқи нависандагони Москва «Венец» (2006), «Московский счёт» (2007), «Anthologia» (2009). Соли 2022 аз дунё даргузашт.
Ба ақидаи мунаққид Данила Давидов, «Тимофеевский сатҳҳои гуногуни маъноро истифода мебарад, ашъорашро дар сатҳҳои гуногун хондан мумкин аст; вайро ба ягон тамоюл дохил кардан душвор аст, аммо маҳз ҳамин хусусият ашъори ӯро, сарфи назар аз «ғайримудӣ» буданаш, хеле муосир менамояд».