Сергей Шаргунов

Сергей Александрович Шаргунов (с. т. 1980) — нависанда, публитсист ва ходими ҷамъиятӣ. Барандаи ҷоизаҳои Ҳукумати ФР (2018), «Нависандаи сол» (2021), «Китоби бузург» (2017, ба даври ниҳоии ин ҷоиза баромадааст), Ҷоизаи давлатии Москва ва ғайра мебошад.
Дар Москва, дар оилаи коҳин ва рассом-таъмиргар таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносовро бо ихтисоси журналистикаи байналмилалӣ хатм кардааст. Сармуҳаррири маҷаллаи «Юность» аст. Раиси Ассотсиатсияи иттифоқҳои нависандагон ва ноширони Россия мебошад.
Аввалин навиштаҳояш дар маҷаллаи «Новый мир» ва бисёр маҷаллаҳои адабӣ ба чоп расидаанд. Муаллифи наср, публитсистика, пажӯҳишҳои таърихӣ ва ҳуҷҷатӣ аст. Шаргунов бо китобҳои «Бача чазо гирифт», «Ура», «1993. Портрети оилавӣ дар заминаи хонаи сӯзон», биографияи «Катаев. «Ҷустуҷўи баҳори абадӣ», маҷмуаи ҳикояҳои «Худиҳо» ва ғайра шуҳрати адабӣ ёфт.
Насри Шаргунов ҷолиб ва ҳаяҷонбахш аст, дар баробари ин мунаққидон ҳассосияти иҷтимоӣ, озодии услубӣ ва мабдаи дурахшони омурзишии онро, ки бо ҳисси Таърихи бузург тавъам аст, қайд менамоянд.