Алексей Тсветков
Соли 1947 дар Станислави вилояти Ивано-Франковск (ҶСШ Украина) таваллуд шудааст. Факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Одесса, факултаҳои таърих ва рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносовро хатм кардааст. Аз соли 1975 дар хориҷа (ИМА, Олмон, Чехия, Исроил) зиндагӣ мекард. Соли 2004 пас аз 17 соли хомӯшӣ ба шеърнависӣ баргашт. Муаллифи китобҳо ва маҷмуаҳои шеърии: «Маҷмуаи пйесаҳо барои зиндагии фардӣ» (1978), «Ҳолати хоб» (1981), «Эдем» (1985), «Шеърҳо» (1996), «Аҷаб сухан гуфтан» (2001), «Шекспир истироҳат мекунад» (2006), «Эдем ва ғайра» (2007), «Номҳои ишқ» (2007), «Боди ҳамвор» (2008), «Детектори маънӣ» (2010), «Афсонаи барои шаб» (2010), «Суруд ва манзумаҳо» (2014), «Корвони охирин2 (2020), ичунин манзумаи насрии «Танҳо як садо» (2002) ва чанд китоби эссеҳо. Шоирони англис, амрикоӣ ва лаҳистониро ба русй тарчума кардааст. Барандаи ҷоизаи ба номи Андрей Белий (2007), ҷоизаҳои «Anthologia» (2010), «Московский счёт» (2011), «Русская премия» (2011). Соли 2022 вафот кардааст.
Аз соли 2004 инҷониб мунаққидон дар бораи «назми нав»-и Тсветков, мураккабии матои шоирӣ, майли ў ба нодурустии (аномалияҳои) забонӣ бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои ифода, шинохти услуби аслии бадеиаш ҳарф мезананд.