Леонид Бородин

Леонид Иванович Бородин (1938—2011) — носир, публитсист, арбоби ҷамъиятӣ. Барандаи Ҷоизаи Ясная Поляна (2007), Ҷоизаи Александр Солженитсин (2002) ва як қатор ҷоизаҳои Русия ва Аврупо.
Вай дар соҳили кўли Байкал, дар оилаи муаллимон ба воя расидааст. Айёми ҷавонй дар сохтмонҳои Роҳи оҳани гирдогирди Байкал, неругоҳи барқи обии Братск, кони Норилск кор мекард. Донишкадаи омўзгории Улан-Удэро хатм карда, директори мактаби деҳа шудааст.
Барои ширкат дар маҳфили дигарандешон ӯро ба муддати шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дар маҳбас Бородин ба навиштани назму наср шуруъ кард. Асарҳои худнашри ў — «Соли мўъчиза ва андўҳ», «Ҳақиқати сеюм» ва ғайра дар хорича маъруф гардиданд. Пас аз бозсозии нимаи дуюми солҳои 80-ум ӯ ба рӯзноманигорӣ машғул шуда, ба ҳайси сардабири маҷаллаи «Москва» кор кард. Дар Донишкадаи адабии А. М. Горкий дарс медод, узви Палатаи ҷамъиятии Федератсияи Русия буд.
Бородин давомдиҳандаи ҷараёни маънавию ахлокии адабиёти классикии рус буд. Ҳаёти воқеӣ дар насри ӯ бо сужапардозии тунд, тахайюли бадеӣ ва далелҳои таърихӣ пайваста аст. Дар осори Бородин зодгоҳаш Сибир мақоми махсус дорад.