Алексей Варламов
Алексей Николаевич Варламов (с. т. 1963) — нависанда, адабиётшинос, публитсист. Барандаи ҷоизаҳои «Китоби бузург» (2007), ба номи Александр Солженитсин (2006) ва ғ.
Хатмкунандаи факултаи филологияи ДДМ, муҳаққиқи адабиёти руси асри ХХ. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, ректори Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкий, узви Шўрои назди Президенти Федератсияи Россия оид ба фарҳанг ва санъат. Аз овони кўдакӣ ба навиштан шурўъ карда, аввалин ҳикояҳояш дар маҷаллаҳо ба чоп расидаанд. «Хона дар Остоже» — аввалин маҷмуаи насри хурди ўст.
Дар силсилаи «Ҳаёти одамони наҷиб»-и нашриёти «Молодая гвардия» китобҳои Варламов дар бораи М. М. Пришвин, А. С. Грине, Г. Е. Распутин, М. А. Булгаков, А. Н. Толстой, А. П. Платонов, В. М. Шукшин, В. В. Розанов ба табъ расидаанд. «Дар кулли эҷодиёти Варламов сабки «куҳнаи олиҳимматонае», (ки бештар на ба Лескову Тургенев, балки ба Шмелеву Зайтсев наздиктар аст), инчунин дилсўзӣ ба «инсони хурд», на рамзу аломатҳои таҳмилӣ (бештар динӣ), балки эҳсосшаванда ба назар мерасад...» (Андрей Немзер).