Эдуард Лимонов

Эдуард Вениаминович Лимонов (1943—2020) — нависанда, шоир, публитсист, арбоби ҷамъиятӣ.
Дар шаҳри Дзержинскии вилояти Горкий (Нижний Новгород) таваллуд шудааст, давраи бачагиаш дар Харков гузаштааст. Фаъолияти меҳнатии ў дар синни 17-солагӣ огоз шуда, чанд касбро иваз кард. Ба адабиёт ҳамчун шоир дохил шуд. Маҷмуаҳои ашъораш худнашр буданд. Соли 1974 ба муҳоҷират рафт. Соли 1980 нахустин романаш «Ин ман, Эдди» дар Фаронса нашр гашта, ба ў шӯҳрати зиёд овард. Ибтидои солҳои 1990 ба Русия баргашт.
Лимонов муаллифи қариб бист роману қисса: «Саргузашти хизматгори ў», «Рўзномаи шахси бебарор», «Савенкои наврас», «Даври бузурге доштем» ва гайра мебошад. Шеъру ҳикоя, очерку мақолаҳои сершумораш дар мавзўи сиёсӣ-иҷтимоӣ ба табъ расидаанд. Насри ӯро — хашмгин ва нарм, рӯҳан саркаш, баъзеҳо «реализми бераҳмона» номиданд, ки аксар вақт ҳудуди меъёрҳои маъмулиро вайрон мекунад бархе онро сарнавишти зеҳнии шоири рус меҳисобанд, ки тамоми ҳавасҳо, васваса ва эҳтироси замонро дар таҷаммуъ намудаааст.