Михаил Тарковскиӣ
Михаил Александрович Тарковскиӣ (с. т. 1958) — носир, шоир, эссенигор. Барандаи ҷоизаи «Ясная Поляна» (2010), ҷоизаи адабии Патриарх ва ғ.
Дар шаҳри Москва ба дунё омадааст. Набераи шоир Арсений Тарковский ва бародарзодаи коргардон Андрей Тарковский мебошад. Соли 1981 донишгоҳи Маскавро бо ихтисоси географ-биолог хатм намуда,панҷ сол дар стансияи биологии Енисей фаъолият кардааст. Ҳоло дар деҳаи Бахаи кишвари Красноярск зиндагӣ карда,ба шикор машғул мебошад. Ва ҳамзамон сармуҳарририи маҷаллаи адабии Красноярск «Енисей»-ро ба зимма дорад.
Соли 1991 китоби нахустини Тарковский — маҷмуаи шеърҳояш ба чоп расид. Ҳикоя, қисса ва очеркҳои ў дар маҷаллаҳои адабӣ нашр гардидаанд. Муаллифи китобҳои «Панҷ сол пеш аз хушбахтӣ», «Замони яхкарда», «Тойота-креста», «Енисей, раҳоям бикун!», «Парвози ҷуғз» ва ғайра аст.
Ба ақидаи мунаққидон, Тарковскийро метавон ба «суннатгароёни насли нав» ё ба «навреалистон» (ҳамроҳ бо Олег Павлов, Алексей Варламов ва дигарон) ва «деҳотиёни» нав мансуб донист. Насри ў, ки саршор аз маънавиёт мебошад, бештар ба мавзуъҳои моҳияти зиндагӣ, таърихи рус, муносибати инсон ба табиат, муҳити зист ва замон бахшида шудааст.