Павел Басинский
Павел Валеревич Басинский (с. т. 1961) — нависанда, адабиётшинос ва мунаққид. Барандаи Ҷоизаи «Большая книга» (2010), Ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Русия (2014), Ҷоизаи давлатии ФР (2018), Ҷоизаи ба номи А. И. Гертсен (2020).
Дар шаҳри Фроловои вилояти Волгоград ба дунё омадааст. Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкий (1986) ва аспирантураи назди онро хатм бинмудааст. Номзади илмҳои филологӣ. Аз соли 1981 дар саҳифаҳои «Литературная газета» ва маҷаллаҳои бонуфузи адабӣ ҳамчун мунаққиди варзида мақолаҳо менависад. Ба таҳқиқи адабиёти классикии рус ва адабиёти муосир низ машғул аст. Нахустин китобаш — маҷмуаи мақолаву тақризҳо бо номи «Сужаҳо ва чеҳраҳо» соли 1993 ба нашр расидааст. Аз силсилаи «Ҳаёти одамони бузург» китобҳо дар бораи Максим Горкий (2005) ва Лев Толстой (2016) ба қалами ў тааллуқ доранд.
Китобҳои машҳуртарини Басинский: «Лев Толстой: фирор аз биҳишт», «Рўҳонӣ бар зидди Лев. Иоанн Кронштадтский ва Лев Толстой: таърихи як хусумат», «Лев дар сояи Лев», «Лев Толстой — инсони озод», «Ба ман нигаред: таърихи махфии Лиза Дяконова», «Соня, бирав! Софя Толстая: нигоҳи мард ва зан. Роман — муҳовара», «Таърихи аслии Анна Каренина».
Осори ҳуҷҷатии Басинский дорои таҳқиқи амиқ ва фарогири рўҳияи насри классикии рус аст.