Лев Данилкин

Лев Александрович Данилкин (с. т. 1974, Виннитса) — нависанда, мунаққиди адабӣ. Барандаи ҷоизаи «Китоби калон» (2017).
Дар оилаи муаллимони забон ва адабиёт таваллуд шудааст. Таҳсилоти факултаи филологӣ ва аспирантураи МГУ (Донишгоҳи давлатии Маскав)-ро ба анҷом расонидааст. Дар вазифаҳои муҳаррири масъули маҷаллаи Playboy, шореҳи адабии рўзномаи «Ведомости», шореҳи китобҳо дар маҷаллаи «Афиша» ва муҳаррири шуъбаи фарҳанги «Российская газета» хидмат намудааст. Мақолаҳои танқидии ў дар бораи адабиёти муосири рус дар маҷмуаҳои «Хаданги Парфиёнӣ», «Гардиши мудаввар дар рўдаҳои бенаво» ва «Рақамгузорӣ аз дум. Роҳнамои адабиёти рус» дарҷ гардидаанд. Муаллифи тадқиқоти шарҳиҳолии басо возеҳ, амиқ ва рангину нотакрори «Одам бо тухм» (роҷеъ ба Александр Проханов), «Мусофир ва бачаҳо» (дар бораи Юрий Гагарин) ва «Зовиясанҷи гардҳои хуршедӣ» (андар мадраки афкори Ленин) мебошад.