Василий Белов

Василий Иванович Белов (1932 — 2012) — носир, публитсист, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1981), Мукофоти давлатии Федератсияи Россия (2003) ва ғайра.
Дар рустои Тимониха, ноҳияи Харови вилояти Вологда ба дунё омадааст. Пас аз итмоми таҳсилоти миёна ба ҳайси харрот, моторчӣ, устои барқ дар завод кор кардааст. Сипас чанд муддат дар рўзномаи ноҳиявӣ фаъолият дошт. Институти адабии ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст. Дар Вологда мезист.
Яке аз поягузор ва пешсафони «насри рустописандӣ» («деревенская проза») ва таҳқиқгару муаррихи ҳаёти мардуми шимоли Россия маҳсуб меёбад. Ҳанўз қиссаҳои нахустинаш «Корҳои муқаррарӣ» ва «Ҳикоёти дуредгар» ба ў шуҳрат оварданд. Ҳамчунин асарҳояш «Созиш. Очеркҳо дар бораи эстетикаи (зебоишиносӣ) мардумӣ» ва «Тарзи зисти маъмулии мардуми Шимоли Россия» аз ҷониби мунаққидону хонандагон баҳои баланд гирифтанд. Дар романҳои «Соли гардиши бузург», «Дар арафа» ва «Соати шаш» аз қисмати пурфоҷиаи деҳқонони рус дар асри бист ҳикоя мекунад. Борҳо ба ҳимояи забони русӣ ва баргардонидани он ба решаҳои асосиаш талош кардааст.