Владимир Маканин

Владимир Семёнович Маканин (1937—2017) — нависанда. Барандаи Ҷоизаи давлатии ФР, ҷоизаҳои «Букери русӣ», «Китоби бузург», «Ясная Поляна» ва ғайра.
Дар шаҳраки Орск (вилояти Оренбург) дар хонаводаи муҳандиси сохтмон ва муаллима ба дунё омадааст. Донишкадаи механика ва риёзиёти Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, риёзиёт тадрис кардааст. Хатмкардаи курсҳои олии филмноманависист, ба ҳайси муҳаррир дар муассисаи интишоротӣ кор карда, дар Институти адабиёти А. М. Горкий устоди семинари наср буд.
Аввалин романи Маканин «Хатти мустақим» соли 1965 чоп шудааст. Роману қиссаҳои нависанда — «Портрет ва атроф», «Як марду як зан», «Саромад», «Ҷое, ки осмон ба гареваҳо мерасад», «Андеграунд, ё Қаҳрамони даврони мо», «Ҳарос», «Асан» ва ғайра ном ӯро ба унвони яке аз бузургтарин нависандагони замони муосир машҳур карданд.
Насри барҷаста, мураккаб ва чун синемограф возеҳу муассири Маканин бо диди равоншиносона ва нигоҳи хирадгароёна ба ашёву ҳаводис ва тасвири махсусан дақиқи тамоилот ва авзоъи иҷтимоӣ мумайиз аст. Ин аст, ки Маканинро устоди «инсоншиносии иҷтимоӣ» ва «ташхиси иҷтимоӣ» ном мебурданд. Вай асосан инсони ба истилоҳ миёна, «одами васат», сокини ҳаволӣ ва «кулбаҳо»-ро таҳқиқ мекард ва масоили фардият, озодӣ, эҷодиёт ва интихобро ба килки тасвир дармеовард.