Виктор Пелевин
Виктор Олегович Пелевин (с. т. 1962) — носир, эссенавис. Барандаи ҷоизаҳои «Китоби бузург», «Букери хурд» (1993), «Бестселлери миллӣ» (2004) ва дигар ҷоизаҳои Россия ва Аврупо.
Дар Москва таваллуд шуда, Донишкадаи энергетикии Москва ва Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкийро хатм намудааст. Соли 1991 китоби нахустинаш зери унвони «Фонуси нилобӣ» ба чоп расид. Романҳои «Омон Ра», «Зиндагии ҳашаротҳо», «Чапаев ва Пустота» ва «Generation «П»» ба вай шуҳрати нависандаи-постмодернисти пешбину пешгўйро, ки насиб гардониданд, воқеияти зеҳнии солҳои 90-умро бо идеяҳои ҷунунӣ, бозиҳои мафҳумҳо, аз байн бурдани асотир, савдокунонии ҳаёти маънавӣ инъикос кардааст.
Пелевин муаллифи романҳои «Empire V» (2006), «S. N. U. F. F.» (2011), «Бэтмен Аполло», «Ишқ ба се цукербрин» (2014), «Нозир», «iPhuck 10» ва маҷмуаи ҳикояҳои «Диалектикаи давраи гузариш. Аз ҳеҷ куҷо ба ҳеҷ ҷо» (2003) ва ғ. мебошад. Соли 2021 ў роман дар ҳикояҳои «Transhumanism Inc.»-ро ба чоп расонид.