Максим Замшев
Соли 1972 дар Москва таваллуд шудааст. Коллеҷи мусиқии ба номи Гнесинҳо ва Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст. Муаллифи ҳафт китоби шеър, аз ҷумла «Орзуи ҳозира» (1999), «Вақт дар кафи даст» (2003), «Аз патриархҳо то Арбат» (2014), «Вақти омурзиш» (2019) ва панҷ роман. Шоирони муосирро аз забони белорусӣ, руминӣ ва сербӣ тарҷума кардааст. Шеърҳояш ба чандин забонҳо тарҷума шудаанд ва дар шакли китобҳои алоҳида ба забонҳои озарӣ, булғорӣ, юнонӣ, мақдунӣ, руминӣ ва сербӣ чоп шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои «Очарованный странник», ба номи Лермонтов ва Ф. Искандер, «Чистая книга» ва ғ. Раиси Садорати ташкилоти шаҳри Москваи Иттифоқи нависандагони Россия, узви Иттифоқи рўзноманигорони Россия, узви Шӯрои назди Президенти Федератсияи Россия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон (СПЧ). Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Чеченистон. Бо медали «Барои хизмат дар назди Ватан» дараҷаи II, нишони сарисинагии «Барои хизмат дар рушди матбуот ва иттилоот» сарфароз гардидааст. Сармуҳаррири «Литературная газета». Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Ба ақидаи адабиётшинос ва мунаққид Яков Гордин, ҳангоми мутолиаи ашъори Замшев «мафҳуми хеле машҳур — «қаҳрамони лирикӣ»-ро бояд ба хотир овард. Зарурати дар шеър аз ҳам ҷудо кардани муаллиф ва қаҳрамон самимияти муаллифро зери суол намебарад. Ин хусусияти шуури шоирона аст, ки нишонаҳои воқеии тезутунд шудани ҷаҳонбинӣ ва худшиносии муаллиф ҳамон замон зоҳир мешаванд.