Олег Чухонтсев

Соли 1938 дар Павловский Посади вилояти Москва ба дунё омадааст. Донишкадаи омўзгории вилоятии Москва ба номи Н. К. Крупскаяро хатм кардааст. Дар маҷаллаҳои «Юность» ва «Новый мир» мудири бахши назм буд. Солҳои 1960—1980 шеърҳои муаллифони аврупоӣ ва амрикоӣ, шоирони ҷумҳуриҳои шўравиро ба забони русӣ фаъолона тарҷума кардааст. Муаллифи дувоздаҳ китобу маҷмуаҳои шеър, аз ҷумла: «Фифиа» (2003), «Аз ин ҳудудҳо» (2005), «Аз лирика» (2007), «Ҳамнасаб» (2008), «Нутқи хомӯшӣ. Аз китобҳои гуногун» (2014), «Тарҷумони безабон. Тарҷумаҳои мунтахаб» (2014), «бароянда аз — раванда аз паси» (2015). Соли 2019 маҷмуаи ашъораш зери унвони «Ҳам садову ҳам акси садо» ба табъ расидааст. Барандаи ҷоизаҳои давлатии Федератсияи Россия, маҷаллаҳои «Новый мир» ва «Знамя», ба номи Пушкини Бунёди Альфред Тёпфер (Олмон), ҷоизаи давлатии Федератсияи Россия ба номи Пушкин, Озмуни миллии «Китоби сол», ҷоизаҳои «Anthologia», ба номи Борис Пастернак, «Триумф», «Московский счёт», Ҷоизаи миллии «Поэт» ва ғ. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Ашъори Чухонтсев дар манзараи адабии 30 соли охири асри 20 мавқеи муҳимро ишғол намуда, боиси вокунишҳои мусбати мунаққидону адабиётшиносон гардид. Вале пас аз нашри китоби «Фифиа» дар бораи Чухонтсев ҳамчун шоире, ки поэтикаи пештараашро ба куллӣ тағйир додааст, сухан мегуфтанд. Дар марҳилаи нав бо таҷрибаи маънавии тоза ба даст оварда, бо имконоти нави забон ў дар бораи даргузаштагон, пирӣ, мачзубии метафизикии шоир, бегонагии ӯ ба муҳити атроф, инчунин дар бораи энтропияи умумибашарии афзоянда андеша меронад...