Василий Аксёнов

Василий Павлович Аксёнов (1932—2009) — нависанда, драмнавис ва эссенигор. Барандаи ҷоизаҳои «Русский Букер» (2004), «Триумф» (2003) ва «Китоби сол» (2005).<br>
 
Дар шаҳри Қазон, дар оилаи раиси шурои шаҳр ба дунё омадааст. Соли 1937 волидайнаш гирифтори репрессия (муҷозот) гардидаанд. В. П. Аксёнов дар Хонаи ятимон зиста, пасон ба доираи хешовандонаш ворид гашт. Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Магадан бо модараш идомаи зиндагӣ кард. Бо мурури замон Донишгоҳи тиббии Ленинградро ба итмом расонда, ба сифати пизишк ба кор пардохт. Нахустин қиссаҳояш дар маҷаллаи «Юность» бо номҳои «Ҳамкорон», «Чиптаи охирин», «Афлесун аз Марокаш»... чоп шуда, ба ў шуҳрати зиёд оварданд ва аз беҳтарин намунаҳои насри ҷавонони солҳои 60-уми садаи ХХ эътироф гардиданд. Аксёнов ба адабиёти рус образҳои ҷавонони нави дорои афкори тозаву талошгар баҳри худшиносиро ворид кард.<br>
 
Соли 1980 ба ИМА рафт ва дар донишгоҳҳои ин кишвар адабиёти русро таълим дод. Дар хориҷа романҳояш «Железкаи тиллоии мо», «Сўхта», «Ҷазираи Қрим», «Ҳамосаи Масква»... ба нашр расиданд. Соли 2004 ба Русия баргашт. Романҳои дар ин ҷо навиштааш — «Пайравони Волтер» ва «Ҷасорати аҷиб» шуҳратафзои адиб шуданд.<br>
 
Танқиди адабӣ ба эҷодиёти В. П. Аксёнов баҳои баланд додааст.<br>
 
Дар жанри гротески иҷтимоӣ, таърихи алтернативӣ, ҳамосаи оилавӣ эҷод кардааст. Мунаққидон рангорангии мавзуни насри ў, «ҳатмӣ набудани усули ҷазии эҷодиёт», образнокии баръало ва «ибораҳои кўтоҳи ҳемингуевии» ўро таъкид намудаанд.