Владислав Отрошенко
Владислав Олегович Отрошенко (с. т. 1959) — нависанда, эссенавис. Барандаи ҷоизаҳои Ҳукумати Федератсияи Россия (2014), «Ясная Поляна» (2003) ва як қатор чоизаҳои русиву аврупоӣ мебошад.
Дар Новочеркасск таваллуд шуда, факултаи рўзноманигории ДДМ-ро хатм кардааст. Корманди радио ва омўзгор. Оид ба адабиёти рус дар донишгоҳҳои аврупоӣ дарс гуфтааст. Нахустин китобаш соли 1991 зери унвони «Хоккуи идона. Мусалласҳо» ба чоп расидааст. Романҳои ў, ба мисли «Аз дастам гир, нобино», «Шахсияти ғайриэътибор», «Таърихи ниҳонии махлуқот», «Замима ба фотоалбом» ва ғайра на танҳо дар Россия, балки берун аз он эътироф шудаанд. Китоби эссеи ў «Гоголиана ва дигар саргузаштҳо» ва романи мустанади «Сухово-Кобилин. Романи тадқиқотӣ дар бораи қисмат ва парвандаи драманависи рус» бестселлерҳои зеҳнӣ гардидаанд.
Мунаққидони аврупоӣ Отрошенкоро «одами Ҷануб, офарандаи лирикии дунёи хаёлӣ ва муҳити эҳсос» меноманд; ўро бо Милорад Павич ва Маркес қиёс мекунанд. Яке аз мавзуъҳои марказии нависанда ҳаёти казакҳо мебошад. Ба андешаи П. Басинский, образҳои казакҳо дар эчодиёти Отрошенко антиподи диду назари Шолохов нисбат ба казакҳо мебошанд. Казакҳои Отрошенко самурайҳои русе ҳастанд, ки зебоии хоси худро доранд.