Максим Амелин

Соли 1970 дар Курск таваллуд шудааст. Коллеҷи тиҷоратро хатм ва дар Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкий таҳсил кардааст. Аз соли 1995 ба фаъолияти ноширӣ машғул аст. Муаллифи китобҳои «Мадҳияҳои сард» (1996), «Dubia» (1999), «Аспи Горгона» (2003), маҷмӯаи шеъру эссеҳои «Сухани хамида» (2011), китоби бисёржанрии «Китоби ношеърҳо» (2021). Мураттиб ва шореҳи асарҳои мунтахаби як катор шоирони руси асрҳои XVIII—XX, тазкираҳои назми муосири русӣ ва гурҷӣ. Тарҷумони шеър аз забонҳои юнонӣ, лотинӣ, англисӣ, итолиёвӣ, гурҷӣ, украинӣ ва ғ. Шеърҳояш ба бисту панҷ забон тарҷума шудаанд, ҳашт китобаш дар Австрия, Арманистон, Испания, Чин, Сербия, ИМА ва дигар кишварҳо дар тарҷума нашр шудаанд. Барандаи чанд ҷоизаи адабии русиву хориҷӣ, аз ҷумла Ҷоизаи мустақили «Антибукер», ҷоизаҳои ба номҳои Бунин, Александр Солженитсин ва ҷоизаи миллии «Поэт». Сармуҳаррири «Нашриёти ягонаи гуманитарӣ» ва Лоиҳаи «Адабиёти муосири халкхои Россия». Барандаи Ҷоизаи Президенти Федератсияи Россия барои саҳм гузоштан дар мустаҳкам намудани ваҳдати миллати рус. Узви Шӯрои забони русии назди Президенти Федератсияи Россия. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Ба ақидаи шоир ва мунаққид Юрий Орлитский, «шоироне ҳастанд, ки дар ҷараёни адабӣ муайян намудани мавқеи онҳо аз сабаби нудрати мутлақашон ниҳоят душвор аст. Максим Амелин маҳз хамин гуна шоир аст — шахсест, ки дар назми муосир ба ягон каси дигар монанд нест. Яъне бисёре аз ашъор ё иншоҳои алоҳидаи ӯро метавон бо чизе қиёс кард, аммо дар маҷмӯъ осорашро қиёс кардан номумкин аст.