Олег Павлов
Олег Олегович Павлов (1970—2018) — насрнавис, очеркнавис, мунаққид. Барандаи Ҷоизаи «Букери Русия» (2002), Ҷоизаи Александр Солженитсин (2012) ва ғайра.
Дар Маскав таваллуд шудааст. Оғози кори адабии ӯ силсилаҳикояи «Марсияҳои посбон» (1990) дар бораи зиндагии маҳбусон дар муаассисаҳои ислоҳотӣ аз нуқтаи назари посбон шуд. Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкийро хатм кардааст, баъдан дар он ҷо дар бахши наср машғулиятҳо мегузаронд.
Аввалин романи О. Павлов «Афсонаи давлатӣ» дар бораи хизмат дар қўшунҳои назорати маҳбас ба нависандаи чавон шараф овард. Романҳои «Парвандаи Матюшин», «Асистолия», «Рузномаи посбони бемористон» О. Павловро дар сафи аввали нависандагони воқеиятнигори муосир гузоштанд.
Ӯ ҳамчун адабиётшинос ҳам фаъолият намудааст: «Адабиёт ва масъалаи деҳқонӣ», «Метафизикаи насри рус». Павловро устоди «насри динӣ»-и дурушт меноманд, ки бо нерўи нигоҳи шоирона ва ҳамдардии масеҳӣ фаро гирифта шудааст. Қаҳрамони ў мардест дар ҳолати шадиди равонӣ, дар ҷустуҷӯи маънои хаёт ва наҷот.