Инга Кузнетсова
Соли 1974 дар деҳаи Черноморски кишвари Краснодар ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи рўзноманигории Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буда, дар аспирантура фалсафаро омўхтааст. Дар маҷаллаҳои «Вопросы литературы», «Октябрь» ба ҳайси муҳаррир кор карда, маҷаллаҳои адабиро дар «Радио Россия» шарҳ медод. Муаллифи панҷ китоби шеърҳои «Орзуҳои фотимачумчуқ» (2002), «Биниши ботинӣ» (2010), «Ҳавонавардӣ» (2012), «Самимияти дарахтон» (2016), «Вазни парвоз» (2019). Солҳои охир бо насрнависӣ машғул аст, ду роман нашр кардааст. Шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, гурҷӣ, чинӣ, полякӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаи хурди «Триумф», ҷоизаҳои «Московский счёт», ба номи Волошин. Дар Москва ва Протвинои назди Москва зиндагӣ мекунад.
Адабиётшинос ва мунаққид Дмитрий Бак хусусиятҳои лирикаи Кузнетсоваро чунин шарҳ медиҳад: «Ягон беҳаракатӣ, ягон ҳаракати уфуқӣ, танҳо каҷихои нишеб, ки баъзан ба боло ва поён мераванд, вале ҳар дафъа тарҳҳои нави воқеаҳоро равшан менамоянд. Шабеҳи як филми мултипликатсионии «пластинӣ» аст, ки дар он истиҳола аз сужет муҳимтар аст».