Сар ниҳода пеши поят, меҳрубонӣ аз ту мехоҳам...
* * *
Сар ниҳода пеши поят, меҳрубонӣ аз ту мехоҳам,
Чун ҷанин аз худ раҳида бо забони ҳамчу марҳам.
Тифлакам дар зери болат, боли худ нохост макшо,
То ки гармиро надида, ман наафтам з-авҷи боло.
Моҳии андар ғанаб ман, бе нумӯи тахтапуштат,
Во нагашта, дар худам печидаам монанди муштат.
Мекилебам, мефитам ногаҳ зи ту бе парру боле,
Андар умқи тори холии чунон кайҳони холӣ,
Ту маро магзор танҳо, аз миёни тӯда буброр,
Ту маро чун номаи оянда хону бош иқрор.
Ман ҳамон матнам, барои кӯр матни беҳтаринам,
Инъикоси ҷумла рӯду баҳру кӯҳи ин заминам.
Бар тани ман гӯшмоҳиро гузору нек бишнав,
Шӯру шар, ғавғову туғёну ҳазорон дову дав.
Ман матои беканорам, порае аз ман бубар,
Мон, ки бошам сӯзанӣ бо нақшу ранге ҷилвагар.
Дӯст дорам он ки бо туст, чунки дар ӯ бӯи туст,
Бад бубинам, чунки дар он соя гул аз ман наруст.
Гӯ, ки ҳастам чӯҷае, ҳаргиз нарониям ба даст,
Гӯ, ки бо ҳам то абад хоҳем будан ҳамнишаст.
Мо ба ҳам ғӯтида буброем аз аъмоқи дур,
Лек чун моҳӣ намеафтем мо бар доми тӯр.