Сабақҳои мусиқӣ

Дер ё зуд ҳатман оид ба муносибатҳоям бо Мусиқӣ хоҳам навишт. Қиссаи ҳузнангезу хандаоваре хоҳад буд он.

Шояд қиссаи муносибатҳо бо маълумоти мусиқиам — бо ин зинаҳои фарсудаи нардбоне, ки дар тўли шонздаҳ сол паси сарашон кардам, гуфтан дурусттар бошад? Оре, шонздаҳ соли пуразоб, нафасгардон, сиёҳзании чашмон, ки сарфи талош, ба ҳар қимате, ки бошад, ба боло, ба сўи дипломи консерватория хазидан шуданд... На, маҳз оид ба муносибатҳо бо ў, бо Мусиқӣ — модарандар, балки падарандари сахтгир, оқил ва одиле хоҳад буд ин қисса, ки сари вақт сарусавдоҳои беҳударо аз сарам дур ва қоматамро дар роҳи зиндагӣ рост карданд...

Маълумоти таҳмилии олии мусиқиро дар вуҷудам чун дарди куҳнае эҳсос мекунам, ки дар лаҳзаҳои ғайриинтизори зиндагӣ аз худ дарак медиҳад. Ва он гоҳ ҳузни виолончелие*, балки ҳузн ҳам не, балки шабаҳи он, чунки худи ҳузн аллакай вуҷуд надорад, мурдаву дар ҳамон гузашта мондааст, ҳамеша дар лаҳзаҳои бархурд бо собиқаи мусиқӣ фаро мегирадам, меафзояду нозук ба дилу ҷонам нохун мезанад ва он гоҳ якқад мепараму ба худ мегўям, ки ҳатман дер ё зуд қиссаи ҳузнангезу хандаоваре дар бораи муносибатҳоям бо Мусиқӣ хоҳам навишт.

Лекин ҳоло вақташ наомадааст, фурсаташ нарасидааст. Ва на барои он ки ман аз ин бархурдҳои дардовар бо гузашта меҳаросам. Фақат ҳоло аз дигар боб гуфтаниам. Қиссаи дигарро нақл карданиам.

...Он баҳор китобчаи аввалинам чоп шуд ва ҳама фикру зикрам банди он буд. Аниқтар бигўям, ҳафтаву рўзҳои пуразобу ҷонфишори интизориро аз сар гузарондам. Он рўзҳо мафҳумҳои асроромези матбаа — «тасҳеҳи аввал», «тасҳеҳи дуюм», «нахустнусха» сокини хонаи мо шуда буданд...

Он рўзҳо ҳеҷ кор карда наметавонистам... Рўи мизам ҳикояи нотамом бетағйир мехобиду муҳлати қарордоди таълифи намоишнома мегузашт. Ман бошам, рўзи дароз, дастон паси сар, дар мулоимкат дароз кашида, китобчаи ҳанўз бадунёнаомадаамро тасаввур мекардам. Муқоваи нилгуни он ва номи хешро бо ҳарфҳои сафед дар рўи он муқова пеши назар меовардам...

Дар паси тиреза табиат баҳор меофариду баҳор табиат — ба ҳар ҳол, ҳар рўз навиде мерасонд: гоҳ зардолу гул мекард ва гоҳ селаи майнаҳо парида меомаданду чолокона рў-рўи сабзаҳо медавиданд.

Бояд вақт ёфта, ҳикояро ба анҷом мерасондам, ба намоишнома нуқта мегузоштам, ҳавохўрӣ мебаромадам ва билохира свитери сиёҳи хонапўшакамро бо ягон либоси сабуктар иваз мекардам. Аммо ба ҷои ин бекор рўи диван ғелида мехобидаму рўз кўр менамудам. Интизорӣ фалаҷам карда буд. Рўзи дароз занги нашриётро интизор мешудам. Ва бегоҳӣ, тоқат накарда, худам занг мезадам. Ягон навигарӣ ҳаст? Нест? Шояд рўзҳои наздик... Рўзҳои наздик?! Ин рўзҳоро чӣ гуна паси сар кунам?! Оё ин ҳолат анҷом дорад?! Зиндагӣ дар қайди интизорӣ мудҳишу тоқатнопазир мешуд...

Ҳоло пай мебарам, ки хуштаринҳои умрам буданд он рўзҳо...

Оқибат як бегоҳӣ занг заданд. Табрик, нахустнусха омад. Муҳаррирам орому меҳрубонона гап мезад, гўё ягон чизи ғайримуқаррарӣ рўй надода бошад. Дар овозаш хушҳолии сархушкунанда эҳсос намешуд ва ин дар вуҷуди ман нисбаташ адоват меангехт.

— Имрўз, аз афти кор, расида наметавонед. То охири кор ним соат мондааст. Бояд то пагоҳ...

— Не, не, ман мерасам! Такси мегирам, ягон мошини кирокаш ё боркаш мегираму то анҷоми коратон расида меоям! Партовбару обкашон ҳам бошад, мешавад! Баъди бист дақиқа ба нашриёт мерасам!

Ҳамон свитери сиёҳ дар тан, давида аз хона баромадаму тамоми ҳавлиро давида, ба истиқболи бахти бадастомадаи муқоваи нилгундорам шитофтам.

— Шуморо мумкин як дақиқа?

Дар ҳавлиамон оилаи шарқие мезист. Ё форс буданд онҳо, ё осетин, ё яҳудиёни Бухоро. Падари хонадон, марди назарногире, ки мўйлабҳои олуфта дошт, ирсолмудир** шуда кор мекарду бо мошин гўшт мекашонд. Аксаран ҳангоми пешин мошини Ў, ки фургони кабуд ҳам дошт, дар ҳавлиамон меистод. Ин хонадон модар надошт, бадбахтона, се сол қабл аз ин рухдоди мусиқӣ фавтида буд ў.

— Шуморо мумкин як дақиқа? — беҷуръатона табассум намуда, назди ман омад падари хонадон. — Агар бисёр шитоб надошта бошед.

— Ҳа, марҳамат, — ҳис мекардам, ки девона мешавам, лекин ниқоби ғафси таваҷҷуҳи меҳрубононаро ба рў кашидам.

Ҳаёти маро ҳамеша боқимондаҳои тарбияи хонаводагӣ вазнинтар мекарданд. Тарбияе, ки аз нигоҳи худам, урфу одатҳои меҳрубониву эҳтироми шарқӣ ба ҳамагон — пирон, ҳамсоягон, шиносон, ношиносон, бештар ба шиносони андак, чунки онҳо гўё медонандат, лекин на кофӣ ва, Худо накунад, ки дар бораат фикри нохубе паҳн кунанд — сарбории гаронам буданд...

Падари хонадони шарқӣ айнан ба ҳамин гурўҳи шиносони андак тааллуқ дошт. Дар ҳавлиамон дучор омада, ба аломати эҳтиром ба ҳам сар меҷунбондем мо.

— Ҳа, марҳамат...

— Мо шинос нестем, лекин мо дар бораи шумо медонем... — бошитоб гуфт ў, ҳамоно беҷуръатона табассум карда. — Дар бораатон дар ҳавлиамон гапҳои хуб мегўянд...

— Наход? — самимона ҳайрон шудам ман, ки намедонистам дар ин бора боз чӣ гуфтан мумкин. Лаҳзаҳо гузашта мерафтанд, китоб дар нашриёт, рўи мизи муҳаррирзан мехобид. — Хуб, хизмат?

— Шумо консерваторияро хондагӣ, ҳа? — хурсандона идома дод ў. Дилгирии ман афзуд.

— Ҳайр... умуман... Ҳа... — ғурунгос задам.

Як сол мегузашт аз он рўзе, ки ман вазифаи консертмейстериро тарк гуфтаву барои бо адабиёт машғул шудан комилан озод будам. Ва ин озодии дар баҳои азобҳо бадастомада ва деринтизор то ҳанўз бароям бахти дастнорасе, чизе шармангез, ноҷо, иқболе аз ҳад зиёд менамуд. Уҳдадориҳои бисёрсола назди Мусиқӣ ҳанўз дар бехи гўшам равшан садо медоданд ва ман то ҳол пурра бовар карда наметавонистам, ки акнун озодам, комилан озодам. Чунон ки одами дурудароз зери бори гарон буда ва оқибат онро аз китф афканда аз дарки ин ҳол озоду сабукдўш аст, вале китфонаш меноланд, тахтапушташ месўзад, нафасаш танг мешавад.

Ин одами майдаяки меҳрубон бадарғаи бисёрсолаамро ба ёдам расонд, тозиёнаеро ба хотирам овард, ки чанде қабл ҷавлонгоҳаш китфони ман буданд. Ва китфонам беихтиёр ларзиданд...

Падари хонадон халтаи вазнини картошкадорашро сар дод ва он вазнин рўи пайроҳаи қирпўш афтод.

— Ман дар масъалаи духтарчаам... — гуфт ў, дастони аз вазни борхалта сурхшудаашро молида. — Чунон қобил аст ў, баақлак аст, ки роҳат мекунед!..

— Ҳа-а, — пай бурдам ман, — мехоҳед, ки ў мусиқӣ омўзад?

— Гуфтам-ку: роҳат мекунед бо ў, — бо зорӣ такрор кард ҳамсоя ва ногоҳ бошитоб илова намуд: — Нархро худатон гўед!

— Мутаассифона, ман дигар ба мусиқӣ робитае надорам. Мефаҳмед, тамоман... — чеҳраамро таассуфомези меҳрубон нишон додаву дастонамро ба оҳанги ноилоҷӣ ба ду тараф бурдам ман. Баъд ноаён ба соат нигаристам ва бесадо нолидам: акнун то нашриёт маро танҳо ронандаи суръатпарасти бебок расонда метавонисту бас.

— Чӣ хел — тамоман? — Ҳамсоя нобоварона табассум кард. — Хайр, до-ми-солро ҳанўз ёд доштагистед?

— До-ми-солро ёд дорам, — розӣ шудам беҳолона ва эҳсос намудам, ки ба ҷои бо эҳтиром, вале қотеъона рад кардан ба ботлоқи шарҳу баён ва инкору исрори бемаънӣ фурў меравам.

— Мо маҳз шуморо мехоҳем, — гуфт ҳамсоя, оҳи сарде кашида. — Дар бораи шумо аҳли ҳавлӣ гапҳои хуб мегўянд. Роҳат мекунед бо ў, охир, бисёр қобилиятнок аст Каринаи ман.

— Медонед, чӣ, — таклиф пеш овардам, — ман, ба дўстони мутрибам занг зада, барои Карина устоди хубе меёбам.

— Мо танҳо шуморо мехоҳем, — маҳзун, вале бо исрор эътироз кард ў. — Модари марҳумааш чунин орзў дошт...

Фаҳмидам, ки кор расво шуд. Ин одами беҷуръат, худаш ҳам бехабар, бори дуюм маро аз по афтонд.

Ман ҳам бераҳмиҳои худро дорам ва рад карда метавонам. Қадри вақти худро медонам ва онро аз қасди бади одамони нолозим ҳимоят мекунам. Лекин танҳо аз одамоне, ки тамоман осудаҳол бошанд. Масалан, шиносе занг мезанаду хоҳиш мекунад, ки дар бораи намоиши таҳиякардаи дўсти коргардонаш тақриз нависам.

— Имкон надорад, ошно, — нарм, лекин қатъӣ мегўям ман. — Одати маро медонӣ-ку: кореро, ки наметавонам, намекунам. Аввалан, театршинос нестам, дуюм, вақт надорам ва ниҳоят, хоҳиш надорам, ки худ комилан далели боэътимод аст.

Шиносам гўё фаҳмидаву розӣ мешавад:

— Ҳа, ҳа, албатта... ту ҳақӣ... Лекин дилам ба он одам месўзад, мефаҳмӣ? Занаш — дар беморхона, духтарчааш дасташро шикастааст, ба болои ин — саркоргардони ҳайвон, гўшу майнаашро хўрдаву танг карда, аз театр бароварданист.

Ман боз чанде оид ба тарҷумаи таъҷилӣ меғурунгам, лекин расми бешикастам — аспи ҷангии ман аллакай дар санги бадбахтии коргардони тамоман ношинос пешпо хўрд, пуштангаш суст шуд ва ҳамин дам ман аз зин сарозер мешавам. Куҷоӣ ту, эй аспи ҷангии ман? Гарданашро ба лаҷом меандозад ў ва дигар аспи ҷангӣ не, заифаспест, ки метавон халачўбаш заду халачўбаш зад.

Шиносам инро нағз ҳис мекунаду бештар фишор меорад:

— Қасам мехўрам, ки намоиши арзанда аст, ягон ҳарфи навиштаат дурўғ нахоҳад буд! Илтимос, навис як-ду сухани нағз, инсони афтодаро дастгирӣ кун. Ба ҳисоб мегирем...

Дар куҷову чӣ хел ба ҳисоб мегирад, дигар муҳим нест, чунки аллакай аз зин афтодаам ман. Танҳо бо овози гирифта огоҳ мешавам, ки оғози намоиш соати чанд аст.

Ва, инак, ба тамошои намоиши тамоман нодаркоре оид ба виҷдони пионерӣ меравам ва ду соати дароз чашм аз саҳнае намеканам, ки нақши пионервожатийи дўстдоштаи аҳли синфро актрисаи солхўрдатарини театр мебозад. Чашмам ба пои актрисаи хизматнишондода — пои зани солхўрдаи гирифтори варами рагҳои хунгард меафтад ва зиқӣ диламро мефишорад... Баъдан се рўзи дигар саргардони виҷдони ғайрипионерии худ мешавам, бемории зани коргардон ва ҳайвонии саркоргардонро талқинаш мекунам, виҷдон ба латтагии иродаи ман туф мекунаду мегўяд, ки агар ба ҷои саркоргардони ҳайвон мебуд, кайҳо дўсти ошнои маро аз театр меронд. Оқибат аз худ ду саҳифа ҳазёни беҳударо меҷафам, ду саҳифаеро, ки дар онҳо дурўғ мегўям, бешармона дурўғ мегўям, масалан, пионервожатийи солхўрдаро яке аз бозёфтҳои намоиш меномам. Албатта, имзои бенури мустаор мегузорам ва қатъиян он шумораи рўзномаро, ки ин ҳазён чоп шудааст, намехарам. Лекин виҷдон, ё чизе монанд ба он, то дер ҷои зарбхўрдаамро мехораду ба ҳолаш механдад.

— ...Ҳа, модари марҳумааш орзў дошт ки, — ҷиддӣ такрор кард падари хонадон, — Карина навохтанро ёд гирад... Нархро худатон гўед.

— Пул чӣ аҳамият дорад?! — Ҳанўз мекўшидам пофишорӣ кунам, лекин бефоида буд дигар. Мафҳумҳое ҳастанд, ки бо мазмуни муқаддасашон устувории маро фалаҷ мекунанд. Духтарак сағира буд ва дигар гуфтугузор фоида надошт — медонистам, ки ҳатман бо ин кори бароям натанҳо нолозим, балки беҳад пуразоб машғул мешаваму ба духтарак сабақи мусиқӣ медиҳам...

— Хайр, майлаш, — маъюсона гуфтам ман. — Мебинем... Имрўз дертар ба хонаатон меоям. Бо духтарчаатон шинос мешавам...

Падари хонадон аз шодӣ шукуфт ва бошитобу канда-канда боз панҷ дақиқа гап зад. Ман бошам, меҳрубонона сар меҷунбондаму аз нафрат қариб беҳуш мешудам. Чашми дидан надоштам ўро, шогирди ояндаи худро, латтагии хешро. Лекин беш аз ҳама маълумоти мусиқиамро бад медидам ва аз ин нафрати заифона гулўям мехориду чашмонам месўхтанд.

Бегоҳӣ дар даҳлези танги онҳо, ки нури суп-сурх равшанаш мекард, меистодам ва духтарчаи маҳзуни тахминан дувоздаҳсола барои ман хонапўшак меҷуст. Оқибат аз паси дар хонапўшакҳои куҳнаи катакчадореро ёфта, пеши пои ман партофт:

— Пои луч наистед.

Аз ҳуҷрае пири мўсафеду ришсафеди нуронӣ, лекин, аз афташ, каме ақлбохта берун шуд, чунки духтарча, баробари ўро дидан, қавоқ андохта, боқаҳр дод зад:

— Чӣ мехоҳӣ? Бирав, хоб кун!

Ман ин мўсафедро бисёр дида будам. Баҳорон, ҳамин ки ҳаво қадре гарм мешуд, набераи калонӣ тозон мизи венагиро ба ҳавлӣ мебароварду зери ҳавозаи ҳамешасабзи ток мемонд, баъд давида ба хона медаромаду боэҳтиёт бобояшро мебаровард. Мўсафеди чун пайғамбарони инҷилӣ нуронӣ, арақчин ба сари сафед, соатҳо он ҷо менишаст ва маълум набуд, ки пинак рафтааст ё бо нигоҳи тиҳии осмонӣ рўйдодҳои ҳавлиро назора мекунад...

Мўсафед, синча карда, ба ман нигарист ва бо забони номафҳум кўтоҳ чизе пурсид. Забони шарқӣ буд он, вале на ўзбекӣ; ўзбекиро ман натанҳо медонам, балки бо тамоми ҳастӣ эҳсос мекунам.

Духтарча дод зад:

— Не, очаам нест ин! Ба ҳуҷраат бирав, гуфтам!

Дар ин лаҳза ман духтарчаи дигари хурдтарро дидам. Ў, ба паҳлўдарӣ такя карда, бо табассуму хомўш ба ман менигарист. Нигоҳи чашмони рахшону обиаш натанҳо меҳрубонона, балки муҳаббатбор буд. Бо нигоҳаш ҳама атрофро — ҳам ман, ҳам апааш, ҳам бобои бехудаш ва ҳам паҳлўдариро — навозиш менамуд вай. Ҳамаро дўст медошт ў, ҳамаро...

— Салом, — гуфтам ман ба духтарчаи хурдӣ. — Ман аз мусиқӣ ба ту сабақ хоҳам дод?

— Не. Маро. — Ғур-ғур кард духтарчаи калонӣ. — Дароед, ман ҳозир меоям. Як бор дегро бинам...

Ў ғайб зад. Мўсафед ҳамоно хомўшона, бо изтиробу хавотир ба ман менигарист ва аз духтарчаи хурдӣ боз чизе пурсид. Духтарча ба аломати инкор сар ҷунбонд ва, сўи ман табассум карда, гуфт:

— Не, охир, очаам нест ин. Бирав, бобо, хоб кун... — ва ба мўсафед ҷафс шудаву меҳрубонона бо ҳамон забони шарқӣ чизе гуфта, ўро ба дохил бурд.

Дар ҳуҷраи калон мулоимкати куҳна, ҷевон, якчанд мизи венагӣ ва пианинои фарсудаи «Октябр», ки аз афташ тибқи эълон харидорӣ шуда буд, меистоданд... Аз чунин эълонҳои саршор аз рақами телефонҳо девори чўбии мағозаи ғизовори маҳаллаамон пур аст.

Рўи сарпўши пианино пишаки серпашми хокистарӣ, ки чашмони тираранги ваҳшие дошт, менишаст. Ман онро тўрондам ва, сарпўши пианиноро бардошта, ҷўрашро санҷидам. Ба наздикӣ ҷўраш карда будаанд, ки гирифтаовоз, лекин тоза садо медод.

Ман ба курсии чарханда нишастам ва сайқали сози мусиқӣ ҳамоно симои мани аз навоҳои ҳамсафари тифлию наврасӣ маҳзуну гарангро инъикос менамуд. Мо як сол, як соли нағзи беҳамӣ, ки ман боре ҳам ба соз наздик нашудам, якдигарро надида будем, ва, инак, боз вохўрдем...

Эҳ, зангияки ман, «alter ego»-и***чашмсиёҳаку дурахшонрухсораки ман, хоби парешону вазнини ман, зершуури тираи ман, салом...

Бо дастоне, ки ин ҳамаро фаромўш карда буданд, чанд пардаи ҳузнангезро зери ангуштон гирифтам ва бо поям педалашро зер кардам. Навои ҳазин дар фазо ларзон шуд. Баъд чизеро, ки ёд доштаму ҳамеша меписандидам — «Фантазия-экспромт»-и Шопенро навохтам, ки ҳалқаҳои дори марворидии навои нарму нозукаш аввал дилро фаро мегирифт, баъд, торафт болотар рафта, касро гулўгир мекарду боиси гиря мешуд...

Чанд зарб навохтаму бас кардам: ангуштони як соли дароз ба клавиатура нарасида гўё аз худам набуданд. Бинед ин пешаи манфури ношукрро — агар ҳар рўз ба коми носерамаш заҳмати бисёрсоатаи пуразобатро напартоӣ, ягон осораш намемонад.

Дар паҳлўям нишастагон оҳи сард кашиданд. Духтарчаи хурдӣ, ки пушт ба коғазқолини девор монда буд, меҳрубонона сўям табассум кард. Баъдан мушоҳида намудам, ки ў натанҳо ба наздикон — бобояш, апааш, падараш, балки ба ҳама ашё дилсўз аст. Гўё вуҷуди хурдакаки аз меҳр саршораш ҳама чизеро, ки чашмаш медид, ба оғўш гирифтану навозиш кардан мехост.

— Ҳа, чӣ табассум мекунӣ? — пурсидамаш.

— Мусиқӣ, — зери лаб гуфт ў, ба пардаҳои соз ишора карда. — Бисёр зебо... Чун муҳраҳо пош мехурад...

Раҳбараҳ пешдоманашро кушода, аз ошхона духтарчаи калонӣ омад. Ман аз курсии чарханда бархоста, даст ба рўи он мондам:

— Бишин, — ва худам ба курсии венагӣ нишастам.

Карина, итоаткорона нишаст, миёнашро хам кард, дастонашро то зонуҳо хамонд ва бодиққат ба акси хеш дар пианино чашм дўхт. Касеро бисёр ба ёдам меовард ин духтарча. Чунон аламнок ба ёд меовард, ки хотираамро тагурў кардан намехостам.

— Ку бихез, — гуфтамаш. — Барои ту баланд аст, пасттараш кунем.

Курсиро, тоб дода, паст кардем... Ў, боз итоаткорона дастонашро ба қадаш хамонда, бефарқ ба акси хеш чашм дўхт. Чўпони пир бо чашмони хастааш ба паҳнои хушкидаи дашт ҳамин хел менигарад.

Эҳсос кардам, ки ҳамин ҳозир бояд ба ў ягон ҳарфи зиндаи самимӣ гўям, чунки маҳз чунин ҳарфро аз ман интизор нест. Аз афташ, фикр мекунад, ки аз фортепиано ном доштани ин соз сар мекунам... Не, ҷонам, беҳад хуб ёд дорам ман нахустсабақҳои мусиқиамро...





* Виолончел — сози мусиқие монанд ва бузургтар аз ғижак.

** Ирсолмудир — экспедитор.

*** Alter ego — ибораи лотинӣ, «мани дигар», «нусхаи маҷозии ман»