Лев Толстой — инсони озод
(пораҳо аз китоб)
Холаҳо
Толстой дар «Ёддоштҳо»-яш менависад, ки дар тарбияи ў аммааш Татяна Александровна Ерголская нақши муассир доштааст.
Чӣ тавр метавонист чунин бошад? Охир ин зан аз хешовандони дури адиб ба шумор мерафт.
Падари Ерголская писарамаки бибии Толстой аз тарафи падар-Пелагея Николаевна Толстая — буд. Дар хонадони бобою бибии нависанда — Иля Андреевич ва Пелагея Николаевна пайдо шудани Татяна Ерголская дар «Ёддоштҳо» чунин зикр мешавад: «Ў ва хоҳараш Лиза аз волидайн хеле барвақт ва нодор ятим мемонанд. Чанд бародар ҳам доштаанд онҳо, ки хешовандонашон ба васоят мегиранд. Духтаронро зани дар доираҳои уезди Чернский маъруф ва соҳибмансабу нуфузманд Татяна Семёновна Скуратова ва бибии ман ба канор мекашанд. Пасон дар заминаи қуръапартоиву ниёиш Лиза бо Татяна Семёновна ва сиёҳак бо бибиям мемонад».
«Сиёҳак» Татяна Ерголская буд.
Дар анбуҳи қаҳрамонону шабеҳаҳои (прототип) романи «Ҷанг ва сулҳ» Татяна дар нақши хоксоронаи мураббияи оилаи Ростовҳо — Соня оварда шудааст. Ин яке аз образҳои норўшани зан дар роман ба шумор меравад ва аз ин рў, вобаста ба он дар бораи Татяна Александровнаи ҳақиқӣ қазоват кардан имкон надорад. Ҳаминаш маълум; ончунонки Соня ошиқи Николай Ростов буду Николай Ростов низ ўро дўст медошт, падари Толстой — Николай Илич ва Татяна Александровна дўстдори ҳамдигар буданд аз хурдсолӣ.
Татяна Александровна дар асл туфайлихӯр ба шумор мерафт, вале на дар хонадони бегона. Нахуст, ў якҷо бо Николай Толстой ба камол мерасид ва чун дар аксари романҳо ба Николай ошиқ буд. Ва Николай Толстой низ ошиқи духтари аммааш буд, хеле бештар аз Николай Ростов ба хешдухтари камбағалаш. Николай Толстой маҷбур буд, ки Мария Волконскаяро ба занӣ бипазирад, ҳарчанд ўро дўст намедошт. Вале пас аз издивоҷ хушбахт шуд. Зани Николай аз муҳаббати шавҳараш ба Туанетт огаҳӣ дошт. Ерголская бонуи зебо ва ё, ба ҳар ҳол, ҷолиб буд. Мария Николаевна ҳеҷ гоҳ нисбат ба Туанетт, ки бо онҳо дар Ясная Поляна мезист, ҳисси рашк надошт. Вақте ки онҳо вобаста ба меҳмониҳои Ерголская ба назди хоҳараш Елизавета ба Покровский муддате аз ҳам ҷудо мешуданд, Мария Николаевна ба ў номаҳое менавишт, ки дар онҳо меҳрубонию эҳтироми самимӣ эҳсос мешуд. Бо ин ҳама, мушкилаи «муҳабати сегўша» вуҷуд дошт. Ҳамаи алоқамандони ин «сегўша» неруи вазъи мавҷударо эҳсос мекарданд.
Ин ҳолат пас аз фавти Мария Николаевна тағйир ёфт. Туанетт он ҳангом 38 ва Николай Илич 36 сол доштанд. Николай ба бону пешниҳоди издивоҷ кард, ба оне, ки тамоми умр дўсташ медошт. Вале аз Туанетт посухи рад дарёфт. Пас аз даргузашти ногаҳонии Николай Илич фарзандони ў ятим монданд. Ҳанўз то вафоти Николай Илич, моҳи январи соли 1837, аҳли оила ба Маскав кўчида, дар хонаи васеи иҷоравии воқеъ дар маҳаллаи Плюшиха манзил гирифта буданд. Ҳадафи ин кўчбандӣ «ба рўшанӣ унс гирифтан»-и бачаҳо буд. Илова бар ин, калониҳо барои ба мактаби олӣ дохил шудан омодагӣ мегирифтанд.
Пелагея Николаевнаи куҳансол, ки ҳам замони бо шавҳараш зистан ва ҳам айёми бо писаронаш будан зиндагии фориғболона дошт, пас аз марги писари азизаш дар Маскав бо худу бо ғамҳояш овора буд. Амалан бародарон ба дасти гунивери фаронсавӣ Том, оне, ки Лев хеле бад медид, гирифтор буданд.
Маскав ба Лев ҳеҷ маъқул нашуд. Дар ҳайрат буд, ки чаро одамон ҳангоми вохўрӣ бо ў кулоҳ аз сар намегиранду салом намедиҳанд. Бори аввал дар ҳаёташ суоле фикрашро ба таҳрик овард: ин мардумро боз чӣ коре метавонад фарогир бошад, чаро онҳо ба мо ғамхорӣ намекунанд? Ба Лев забонҳову машғулиятҳои шаҳр низ маъқул набуд. Ў аз он ҳам дар ҳайрат афтод, ки посбон ба онҳо барои сайругашт ба боғи хусусӣ иҷозат надод, ба боғе, ки барои бачаҳо хеле писанд буд. Дар айвони Театри калон нишаста, Лев дарк карда натавонист, ки чаро бояд аз паҳлу ба саҳна нигарист. Ў дар тамоми давоми намоиш на ба саҳна, балки ба айвони рў ба рў менигарист. Маскав пурғавғо, пурчанг ва пуродам буд ва Лев ба ҳасрат аз «марғзори назди хона, дарахтони баланди зерфуни боғ, ҳавзи мусаффо, ки дар болояш парастуҳо бозӣ мекарданд, осмони кабуди дорои абрпораҳои сафеду шаффоф, хирмани хушбўи алафҳо» ва бисёр чизҳои дигар ёдовар мешуд. Барои ин ҳама ў Ясная Полянаи худро тамоми умр дўст дошт.
Пас аз фавти бибӣ ҳамааш тағйир ёфт. Ў баҳори соли 1838 аз олам даргузашт. Дар зиндагии модаркалон имкони ҳаёти ашрофонаро тағйир додан дар Маскав имкон надошт. Пас аз фавти ў масъалаи коҳиш додани хароҷот ба миён омад.
Чун модаркалон даргузашт, сарпарастии бачаҳои ноболиғро хоҳарбузурги падари онҳо Александра Илинична Остен-Сакен ба зимма гирифт. Ба ин зан корҳои печидаи амволдории бародарро идома бахшидан душвор буд. Илова бар ин, ў дар зиндагии хеш низ ба мушкилот бархўрд дошт. Александра Толстая хеле барвақт ба як ашрофи сарватманд ба шавҳар баромада буд. Шавҳараш як шахси девонаавзоъ ва гирифтори рашки беасос будааст. Вақте ки занаш ҳомиладор буд, ин девонаавзоъ чунон гумон кард, ки «душманон» мехоҳанд завҷаашро аз ў даррабоянд ва аз ин боис, бонуи обистанашро ба аробачае шинонда, ба роҳ даромад ва чанде пас аз қуттие ду туфангча берун кашида, аз занаш хоҳиш кард, то якдигарро паронанд. Мард худ сараввал тир кушод. Хушбахтона, ҷароҳати зан марговар нашуд, вале пас аз садамаи асаб Александра кўдаки беҷон ба дунё овард. Аз ин хусус ба модари бечора хабар надоданд ва кўдаки дар ҳамин лаҳзаҳо таваллудшудаи зани ошпазро ҳамчун фарзандаш муаррифӣ карданд. Александра Илинична аз шавҳараш ҷудо шуд ва бо волидайнаш зиндагӣ карда, баъди зангирии бародараш Николай ба Ясная Поляна омад ва пасон бо аҳли оилаи Толстойҳо озими Маскав шуд. Духтарчае, ки ба ҷои кўдаки фавтидааш ба Александра дода буданду Пашенка ном дошт, низ бо онҳо мезист. Толстой аз «бўи махсуси турши аммааш Александра Илинична, ки яқинан, аз либоси ифлоси ў меомад», ёд меоварад. «Ва ин ҳамон Александраи таннозе буд, ки чашмони кабуди зебо дошту шоиртабиат буд, хондану рўйбардор кардани ашъори фаронсавиро дўст медошт, уд менавохт ва дар ҷашнвораҳои калон ба комёбиҳои чашмгир ноил мегашт».
Чунин қарор шуда буд, ки ду писари калонӣ Николай ва Сергей бо Александра Илинична ва мураббии хориҷӣ Том дар Маскав бимонанд ва писарони хурдӣ Митяву Левро бо хоҳарашон Маша ҳамроҳи Татяна Александровна ва мураббии хориҷӣ Фёдор Рессел, ки бо вуҷуди мастигариҳояш ба хона баргардонида буданд, ба Ясная Поляна бозпас бифиристанд. Қисми «маскваги»-и оила аз хонаи калон даст кашида, ба хонаи хурдтару арзонтар гузаштанд, қисмати «Ясная Поляна» бо камоли мамнунӣ ба манзили дилхоҳашон баргаштанд.
Ҷаҳонбинии Толстой чӣ гуна шакл мегирифт, агар ин ҳодиса ба вуқуъ намепайваст? Душвор аст ба ин суол посух гуфтан. Аммо далеле ҷолиб ҳаст. Бародарони калонӣ Николай ва Сергей, ки онҳоро фаронсавӣ Том (ў барои вонамуд тақозо мекард, то Сен-Том, яъне «муқаддас» хитобаш кунанд) тарбият мекард, аз нигоҳи дин шахсони бепарво ба воя расиданд, аниқтараш, атеист шуданд. Аммо Митя, Лев ва Маша, ҳар кадоме ба тариқи худ, дар ҷодаи дин устувор буданд.
Воқеан, ҳамаи аммаҳои Толстой бонувони диндор буданд. Александра Илинична рўҳонии ашаддӣ буд. Чунонки Толстой дар «Ёддоштҳо» менависад, чун пас аз марги падар Александра ба назди бародараш ба Ясная Поляна кўчид, худро «дар иҳотаи мусофирон, девонаавзоъҳо, роҳибу роҳибаҳое гирифт, ки қисме аз онҳо дар хонаи мо истиқомати доимӣ доштанду қисми дигар танҳо аммаамро аёдат мекарданд. Роҳиба Мария Герасимова дар қатори онҳое буд, ки дар манзили мо истиқомати ҳамешагӣ доштанд. Ў модари рўҳонии хоҳари ман буд ва овони ҷавониаш чун Иванушкаи девонаавзоъ мусофирӣ мекард. Ба сифати модари рўҳонӣ пазируфтани Мария Герасимовна сабаб дошт; модарам ваъда додааст, ки ўро ба дугонагӣ қабул мекунад, агар ў ниёиш ба Худованд кунад, то духтардор шавад. Духтарча ба дунё омад ва Мария Герасимовна модари рўҳонии ў шуд ва баъзан дар калисои занонаи Тула мезисту гоҳи дигар дар хонаи мо».
Александра Илинична бо роҳибони машҳур, масалан, бо мўйсафед Леонид, муошират карданро меписандид. Ў ҳеҷ гоҳ дороие надошт, зеро ҳар чи дошт, ба талбандагон тақсим мекард. Тобистони соли 1841 ў дар Оптина Пустина зиндагӣ дошт ва сахт бемор шуд. Татяна Александровна бо Николай ва Маша Толстойҳо ба аёдати ў омаданд. Аз дидори хешовандон амма аз хурсандӣ ашк рехт ва рўзе пас бидуни азияте, аз ҳуш нарафта, ҷон дод. Ба ривояте, рўҳонии амма, мўйсафед Леонид (Лев Наголкин) ҳангоми ба Машаи 11-сола дуои хайр додан гуфтааст: «Маша, ту бо мо мешавӣ». Пас аз 49 сол Мария Николаевна духтари рўҳонии мўйсафед аз Оптина Пустина Амвросий (падар Леонид буд) гардид ва пасон ҳамчун роҳиба дар калисои Шамординский ба кор пардохт.
Хоҳари хурди Александра Илинична — Пелагея (Полина) Илинична низ диндор буд, вале таваҷҷуҳи ў ба калисо бештар хусусияти маърифатпарварона дошт. Пелагея дар Қазон мезисту ба полковники мустафъӣ В. И. Юшков ба шавҳар баромада буд. Ў рўҳониёни дорои мансабҳои олӣ, дайрҳо, кор бо нақшдўзиҳову тиллоро, ки ба дайрҳо тақсим мекард, дўст медошт. Бо ин ҳама, таваҷҷуҳи ў ба ороиш, амвол ва ҷобаҷогузории мебелҳо дар хонаи калон бештар буд.
Пас аз фавти хоҳарбузургаш дар соли 1841 Пелагея Илинична аз хешовандаш Николай номаи маъюсонае гирифт. Хешовандаш хоҳишу ниёиш мекард, ки ў ятимони бечораро танҳо нагузорад, зеро онҳо дар ин олами рўшан дигар касе надоранд. Пелагея Илинична, чунонки Софя Андреевна Толстая менависад, «ба андеша рафт ва ҳатто худфидо шудан хост». Бародарон Толстойҳо бо хоҳаронашон ба Қазон омаданд. Татяна Александровна Ерголская дар Ясная Поляна монд. Ў ба Қазон омадан нахост. Бо Пелагея Илинична муросо накард.
Пелагея Илинична ба хешовандонаш чандон нуфузи ҷиддӣ надошт. Метавон гуфт, ки дар хонадон аз эътибор бархурдор набуд. Шавҳараш ўро дўст намедошт, эҳтиром намекард ва зиндагие печида ба сар мебурд. Хешовандон ба сари худ калон мешуданд. Машаро ба Донишкадаи бонувони бонуфузи Радионов супориданд. Пас аз он ки хешовандон донишгоҳро хатм карданду Маша ба шавҳар баромад, Пелагея Илинична шавҳари бевафояшро вогузошту дар калисоҳо зиндагӣ оғоз кард. Ниҳоят дар як ҳуҷраи калисои занонаи начандон дуртар аз Тула қарор гирифт. Соли 1875 Пелагея Илинична барои идомаи зиндагӣ ба Ясная Поляна ба назди хешовандаш Лев, ки ҳамакнун оиладор ва соҳиби фарзандони зиёд шуда буд, омад ва дере нагузашта, дар ин ҷо вафот кард.
Чун соли 1841 бачаҳоро лозим омад, ки ба Қазон, ба назди сарпарасти навашон раванд, Татяна Александровна танҳо монд. Ў дар рўзномааш менависад: «Танҳоӣ даҳшат аст! Аз ҳамаи озурдагиҳо бадтар аст ин. Чӣ бояд кард бо диле, ки касеро дўст намедорад? Чӣ бояд кард бо зиндагие, ки ба касе бахшида нашуда бошад?»
Аммо панҷ сол пеш аз ин, 6 августи соли 1836, ў дар порае коғаз навишта буд: «Имрўз Николай аз ман хост, ки зани ў шавам ва модари бачаҳояшро иваз кунаму ҳеҷ гоҳ онҳоро тарк нагўям. Хоҳиши якумашро рад кардам, вале ваъда додам, ки то зиндаам, хоҳиши дуюмашро иҷро хоҳам намуд». Оё он ҳангом Татяна Александровна андеша карда бошад, ки чаро ин хоҳишҳо на пас аз солҳои мувофиқ, балки пас аз шаш соли фавти Мария Николаевна ба миён омаданд? Марги нобаҳангоми Николай Илич ҳамаашро муайян кард. Маълум шуд, ки хоҳиши Николай Илич аз ҷониби ў, воқеан ҳам, амали боақлона будааст. Ў, яқинан, марги қарибулвуқуъашро дарк карда, хостааст фарзандонаш зери боли оне монад, ки дўсташон медорад. Лекин дар ин ҳолат ҳама гуна ҳуқуқи қонунӣ ҳам нисбат ба бачаҳо ва ҳам нисбат ба амволи падари онҳо ба ин зан мансуб мешуд. Татяна Александровна дигаргуна қазоват кард ва ба хатое роҳ дод, ки боиси зери уқубати ду сарпараст — Остен Сакен ва Юшкова мондани бачаҳо гашт. Инҳо низ хешовандони худро дўст медоштанд, лекин бештар зери бори мушкилоти худ монда буданд.
Толстой дар «Ёддоштҳо»-яш менависад: «Мумкин ў падарро дўст медошт ва падар низ ўро, вале ў дар ҷавониаш ба падар майл накард, барои он ки падар тавонад бо модари сарватманди ман оиладор шавад. Дар ниҳоят ин зан ба падар даромехтан нахост, то муносибати ҳамидаю шоиронаи худро бо падар ва бо мо барҳам назанад».
«Дороии асосии ў муҳаббат буд, — идомаи сухан мекунад Толстой. — Вале ин муҳаббати ў, ҳарчанд ман инро намехостам, муҳаббат ба як нафар — ба падари ман буд. Танҳо бо ҳамин хусусияташ муҳаббати ў рушд меёфту ба ҳама дахл мекард. Дарк мешуд, ки ў моро низ аз ҳамин боис дўст медошт, ҳама зиндагии ў муҳаббат буд».
Толстой ба хотири аммаи рўҳониаш Татяна Александровна дар «Ёддоштҳо» ниёиш овардааст. Ба сатрҳои ин ниёиш бояд амиқтар таваҷҷуҳ кард. Дар онҳо тухмае мавҷуд аст ва аз он самаре расида, ки ба таври номафҳум дини Толстой меноманд. Дар ин хусус ки Толстой «дини худ»-ро эҷод кард, «дар худ Худо»-е офарид, танҳо танбалҳо чизе нанавиштаанд. Дар асл ҳеҷ гуна дини махсуси Толстой мавҷуд набуд. Бисёр заминаҳои рўҳонии бовари ў ва дарки он, ки чӣ гуна бояд бовар кард, то дин ба расми одиву хушку холӣ табдил наёбад, аз ҷониби Татяна Александровна Ерголская замима шуда буданд.
«Ў (Татяна Александровна) бо қалби муҳаббат сарукор дошт ва ҳаргиз шитоб намекард. Ин ду хислат — муҳаббат ва оромӣ ноаён ба ў мусоидати наздик мекарданду ба ин наздикӣ ҳусн мебахшиданд. Вобаста ба ин, ман далелеро намедонам, ки ў касеро ранҷонда бошад ва низ касеро намедонам, ки ўро дўст надорад». Ў дар бораи худ, дар бораи дин, дар бораи чӣ тавр эътиқод бастан ва ниёиш кардан ҳеч гоҳ ҳарфе ба забон намеовард. Ў ба ҳама чиз бовар мекард, танҳо як нуктаро рад мекард-азоби ҷовидонӣ. Ман ба истиснои русуми дуохонӣ ва дафн ҳеҷ гоҳ надидаам, ки ў чӣ гуна ниёиш мекунад. Чун ў нисбат ба ман эҳтироми махсус дошт, баъзан бегоҳиҳо хеле дертар барои хайрухуш то рўзи дигар ба наздаш медаромадам ва ҳис мекардам, ки ба ниёишаш халал расондаам».
Ин дараҷаи олии озодии рўҳонӣ буд; чун эътиқод бастӣ, бояд озод бошӣ, на дар банди муқаррароту андешидаҳо бимонӣ. Татяна Александровна бар хилофи Толстой (дар солҳои охири ҳаёташ) тамоми муқаррароти калисоро рад намекард; шояд аз он сабаб, ки дар бораи моҳияти онҳо ҳаргиз наандешидааст. Танҳо як муқаррарот — азоби қабрро ў қотеъона инкор мекард.
«Ў қоидаҳои ҳаётро намеомўхт, шартҳои одобро намехонд; тамоми кирдори маънавияшро дар ниҳоди худ ҳазм карда буд. Ба зоҳир танҳо амалиёти ўро ба мушоҳида гирифтан мумкин буд; ў ҳамеша ором ба назар мерасид, ба худ ба таври ноаён муҳаббат дошт».
Ва ин ҳамон ғояи рўҳонӣ буд, ки Толстой тамоми умр орзуяшро мекард. Тамоми мухолифатҳои ў бо замонаш, ҳатто бо таърихи ташаккули маънавиаш аз ҳамин қазия маншаъ мегирифтанд, сарчашма дошт аз хонаи аммааш, ки ҳар гоҳ шомгоҳон ба он сар мехалонд.
Чун Мария Николаевна ягон сурати тасвири Татяна Александровна вуҷуд надорад; ў сурат гирифтанро ба худ рухсат намедод...
Баъди ба Қазон рафтани бачаҳо Татяна Александровна ба назди хоҳараш ба Покровский кўч баст. Вақте ки Леви хурдсол соҳибмулки Ясная Поляна шуд, Татяна Александровнаро ба ин ҷо (ба хонаи худаш) даъват кард. Ў аз ин бағоят хурсанд шуд. Дар дафтари қайдҳояш асрори онро, ки барои чӣ, аниқтараш, барои кӣ хонааш ниёиш мекунад, ифшо намудааст.
«Ман худро басо хушбахт эҳсос мекардам, ки дўстдоштаи ўям (яъне, Лев —П. Б.) ва дар ин ҳолат азоби алимеро, ки ба дилам фишор меоварад, фаромўш мекунам... Дарки он, ки диле хеле дўстдорам аст, барои ман хушбахтӣ буд... Ман шабурўз аз Худо ба ў омурзиш металабам».
Марги ў хеле аҷиб буд! «Чун ман зан гирифтаму ў тадриҷан беҳол мешуд, — менависад Толстой, —боре вақти дар хонааш будани ману занам каме аз мо рў тофта (ман дидам, ки ў дар вазъи гиристан буд), гуфт: «Ана, дўстони азиз, хонаи ман бисёр хуб асту ба шумо даркор мешавад. — Агар ман ин ҷо бимирам, — гуфт ў бо овози ларзон, — ин барои шумо ёддошти ногувор мешавад, аз ин рў, маро ҷои дигар бигзаронед, то ин ҷо намирам».
Ин хоҳиши ўро Лев бо занаш ба инобат гирифтанд ва Татяна Александровна баъдан дар хонаи дигар, ки танг буду муҳити пурғавғо дошт, зиндагӣ кард ва пас аз марги ў касе ин ҷо назист...