Чапаев ва Пустота
(порча аз роман)
Дере нагузашта, ба назари Мария чунин намуд, ки ӯ дар толори дарози нигористони ҳунарӣ — дар миёни бахшҳое аз олами атроф, ки гоҳу ногоҳ аз дунёи бо тирагӣ печида бо тирагӣ пайдо мешуданду бо сурати кӯҳнаю тира ва муқаррарии худ ба объекти муҳими ҳунарӣ мемонданд, қадам мезад. Дар пеши назараш ногаҳон овезаҳои «табдили асъор» пайдо шуданд, нишинаҳои бо корд буридаву пайкардашуда ва зарфҳои холии бешумор аз он шаҳодат медоданд, ки насли нав дар ҳалқаи худ, ба ҳар ҳол, оби ҷавро тарҷеҳ медиҳанд.
Нохост аз миёни дуд ким-кадом одамони хотирпарешони силоҳбадаст пайдо шуда, бо ӯ рӯбарӯ шуданд ва боз ғайб заданд. Онҳо чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё Марияро намебинанд ва аксуламали ӯ низ ҳамингуна буд. Бе онҳо ҳам касоне, ки аз ӯ ёду фикр мекарданд, бешумор буданд. Онҳо чӣ қадар буданд — миллионҳо? Даҳҳо миллион? Мария шумори онҳоро дақиқ намедонист, аммо итминон дошт, ки агар рафту ҳамаи қалбҳои ба номаш китобаткардаи тақдир бо ҳамоҳангӣ мезаданд, садои ҷӯршудаи онҳо ба маротиб баландтар аз таркишҳои гӯшкаркунандаи он тарафи дарё буд.
Мария ба давру бар назар карда, чашмони нурборашро нимпӯш намуд, то дарёбад, ки асли кор чист.
Каме дуртар — маҳз куҷо буданаш аз таъсири дуд намоён набуд — гоҳу ногаҳ садои таркиш ба гӯш мерасид ва баъди ҳар як гулдурос аккоси саг ва ғавғои бисёр, мисле, ки дар майдони футбол баъди ворид шудани тӯб ба дарвоза баланд мегардад, шунида мешуд. Мария намедонист, ки сари ин қазия чӣ андеша бикунад — шояд дар он тарафи дарё филм мебардоштанд, ё шояд русҳо миёни худ хархаша барпо карда буданд, ки кадоме аз онҳо руси навтарин аст. Кош ба зудӣ ба як хулоса меомаданд — оҳи сард кашида, ба худ андешид ӯ, — вагарна боз чи қадар ҷавонони зебо ба рӯйи роҳи қирпӯш меафтоданду онро бо хуни беруномада аз қалбҳои сурохгаштаашон ранги арғувонӣ мебахшиданд.
Мария сари он ба андеша рафт, ки чӣ гуна метавон гаронии таҳаммулнопазири зиндагиро барои ҳар касе, ки Худо медонад бо чӣ ҳадаф дар миёни тӯдаи дуди сиёҳи осмону офтобро пӯшонида печу тоб мехӯрад, сабук намояд. Дар сари ӯ тимсолҳои тозаву рӯшану номураккаб падид меомаданд — ана ӯ, бо пироҳани одӣ ба ҳуҷраи хоксоронаи барои чунин ҳолат аз сӯйи соҳибонаш тамиздида ворид мегардад. Ана, худи соҳибхонаҳо дар паси миз, назди самовор нишаста, бо муҳаббат ба ӯ менигаранд ва ӯ медонад, ки набояд ҳарфе ба забон оварад, бояд дар муқобилашон ором нишинаду аз рӯйи имкон ба чир-чири камера таваҷчуҳ зоҳир накарда, бо меҳр ба онҳо нигарад. Ё ба ин сурат: ҳуҷраи беморон, одамони докапечи ба катҳои номувофиқ хобида ва акси ӯ дар девор чунон овезон карда шудааст, ки мавриди назари ҳамагон аст — аз катҳо ба ӯ менигаранд ва як муддат дарду ғами хешро фаромӯш мекунанд...
Ҳамааш басо зебо буд, аммо вай ба хирагӣ дарк мекард, ки ҳамаи ин басанда нест, дар сурати муқовимат ба зулму тааддӣ ин олам ба нерӯи қавию шикастнопазир ва тавоно ниёз дорад. Аммо аз куҷо метавон чунин нерӯро пайдо кард? Ва он бояд чӣ гуна бошад? Мария посухи ин саволҳоро намедонист, аммо эҳсос мекард, ки маҳз барои ҳамин аз соҳили шаҳри азиятдида равона аст.
Вазиши бод ба фурсати сония дуди иҳотакардаро пароканда намуд ва нури офтоб ба Мария афтод. Ӯ бо соябон кардани кафи дасташ аз он панаҳ бурд ва ногоҳ дарёфт, ки аз куҷо бояд посухро пайдо намояд — албатта, ӯ дар қалбҳо ва ёдҳои бешуморе буд, ки вайро ба ин ҷо хонданд ва маҷбураш намуданд, ки дар ин соҳили пурдуд таҷассум биёбад. Ҳамаи онҳо тавассути миллионҳо чашми ба телеэкран дӯхташуда гӯё, ки ба як баҳри тафаккур омезиш ёфтанд ва тамомии ин баҳр пеши назари ӯ баръало намоён буд.
Вай ба он назора кард ва дар лаҳзаи аввал чизеро надид, ки ба дардаш хӯрад. Не, албатта, дар ин баҳри тафаккур нерӯи бар ҳама ғолиб ба намоиш гузошта шуда буд ва дар бештари ҳолат — тақрибан яксон, мисле ки як тасвири ягона арзи ҳастӣ намуд: ҷавонмарде бо сари на он қадар калон ва шонафарох, ки пиҷаки тамашранг ба бар дошт, пойҳояшро паҳн карда, дар назди автомобили дарози пастак меистод. Ин автомобил бисёр мубҳаму муғлақ, мисле ки дар ҳаво меистод, зеро ҳамаи онҳое, ки Мария руҳашонро дида буд, ба ҷои он моделҳои мухталифро намоиш медоданд. Ҳамчунин чеҳраи марди ҷавон низ таалуқ меёфт — он наздикӣ мекард, фақат дидани тамизи мӯйи марғулаи хорпуштмонанди каме муназзами кастонарангаш муяссар мегардид. Аммо пиҷакаш ба таври фақулъода равшан метофт ва ҳатто бо каме ёзидан навиштаи тугмаҳои тиллоии онро хондан муяссар мешуд. Вале Мария ин корро накард. Охир, дар тугмаҳо чӣ навишта шуданаш не, балки ба муҳаббати кӯтоҳи ӯ чи тавр пайванд додани ин нерӯи тавонотар аз ҳама муҳим буд.
Мария таваққуф намуд ва ба яке аз пояҳои хорасанг, ки панҷараи чуянии тавораро ҷудо менамуд, такя кард. Бояд аз сари нав ба саволи дар тафаккуру руҳаш эътимодбахш посух пайдо карда шавад, аммо ин дафъа — Мария инро мутлақо медонист — васати афкор ба дард намехӯрд. Бояд, ки...
«Бояд дар он ҷо ҳадди ақал як зани заковатманд бошад», — андешид ӯ.
Ва ин бонуи хирадманд дарҳол пайдо шуд. Мария намедонист, ки номи ӯ чист, худаш кист ва чӣ гуна афту андом дорад — ба фурсати як сония ҷевони китобҳо, мизи рӯяш пур аз ғарами коғаз, мошини чопӣ ва дар болои он акси овезони одами мӯйлабҳояш бадҳайбату нигоҳаш воҳиманок пеши назраш падид омад — ҳамааш ларзон, каҷу килеб ва сиёҳу сафед буд, гӯё Мария ҳамаи инро аз телевизори куҳнаи экранаш на калонтар аз қуттии сигор медид, ки на дар миёнаи хона, балки дар кунҷи он қарор дошт.
Аммо тасвирҳои диданӣ дарҳол маҳв мегардиданд, то Мария тавонад сари он чи дид, ба андеша равад ва баъдан ба ҷойи онҳо дигар фикрҳо омаданд.
Мария аз он гирдбоди мафҳумоти пешаш густарда тақрибан чизе нафаҳмид; илова ба ин, тундбод тираву рутубатноку монанд ба амвоҷи гарду чанге буд, ки бо афтодани пардаи ганҷур бармехезад. Мария тасмим гирифт, ки бо тафаккури шадидан касиф ва ғайрисолим кор гирифтааст ва чун ҳамааш хотима ёфт, эҳсоси рифоҳу осоиш намуд. Осори дар холигии рӯҳи гулранги ӯ боқимонда аз калимоти то охир номафҳум иборат буд. Вожаҳо аз ин қарор буданд — «бонуи зебо» (ин ҷо рӯшан буд, ки сухан сари кӣ меравад), «зани ношинос» (ҳамчунин), баъд калимаи дигар рӯ намуд — «Домод» (аз чӣ бошад, ки бо ҳарфи калон), баъдан вожаи «Меҳмон» (инаш хам бо ҳарфи калон), дигар ибораҳои номафҳум ба миён омаданд чун «никоҳи кимиёӣ», аз паси он ибораҳои тираву тори «истироҳат беҳуда, ба дарвоза бояд кӯфт». Бо ҳамин андешаҳо хотима ёфтанд — баъди онҳо боз акси одами нигоҳаш кунду мӯйлабҳояш овезон рӯ зад. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё ришаш аз таги биниаш сабзидааст.
Ӯ ҳаяҷонзада ба атроф дида дӯхт. Чун собиқа дар атрофу акноф дуд аз ҳама бештар ҳукмравоӣ дошт. Мария андешид, ки шояд дар наздикиҳо дарвозае бошад, ки ба он кӯбидан лозим аст ва чанд қадами беҷуръатона ба дохили туман гузошт. Дарҳол сиёҳӣ аз ҳар тараф иҳотааш намуд, даҳшат фарояш гирифт ва зуд ба қафо, ба соҳил баргашт, ки ба ҳар сурат каме равшанӣ дошт.
«Бале, бояд бикӯбам, — фикр кард ӯ, — вале оё касе мекушояд?».
Аз пушт ғурриши муҳаррики автомобил баланд гардид. Мария ба тавораи соҳил ҷафс шуд ва бо нигаронӣ мунтазир шуд, ки аз дуд чӣ берун мояд. Чанд сония аз миён сипарӣ шуд ва аз канори ӯ мошини дарози сиёҳи «Чайка» убур намуд, ки бо тасмаҳои рангоранг ороиш ёфта буд, — тавре пай бурд, он фойтуни тӯёна буд. Мошин пур буд аз одамони муҳр ба лаб ниҳода; аз тирезаҳои он чанд автомати милҳояшон беруншуда ба чашм мехӯрд ва дар болои мошин ду ҳалқаи яке калону дигаре хурд ҷило медоданд.
Мария «Чайка»-ро бо нигоҳаш гуселонид ва кафи даст ба пешониаш зад. Албатта, ӯ ба фаҳмаш рафт. Бале. Маҳз ҳамин аст. Ду ҳалқаи пайвандхӯрда, Домод, Меҳмон, Маблағгузор. Никоҳи кимиёӣ — дуруст, ки кимиё чист, нофаҳмост, аммо дар ҳолати пеш омадани рӯйдоде, ӯ адвокати хуб дорад. Мария калла ҷунбонда, табассум намуд. Чӣ тавр вай ин қадар вақт натавонист ин чизи содаву муҳимро бубинад? Умуман ӯ сари чӣ андеша мекард?
Вай ба гирду атроф назар андохт, тақрибан ба тарафи рӯшанӣ тамаркуз пайдо кард ва дасташро ба сӯйи ғарб дароз намуд (ба сурате гӯё фаҳмо буд, ки Домод аз ҳамон сӯ пайдо мешавад).
— Биё! — бо оҳанги ниёиш ва нимовоз гуфт ӯ ва дарҳол арзи вуҷуд намудани чизи наверо дар олам эҳсос намуд.
Акнун танҳо интизор шудани дидор боқӣ монд. Ӯ бо хушҳолӣ ва эҳсоси он, ки фосилаи миёнаи ӯ ва Домод кам мегардад, ба пеш давид — марде мисли ӯ аллакай воқиф аз ҳамин соҳил ба мулоқоташ қадам мезад, аммо бо тафовут аз вай шитоб намекард, зеро шитоб хоси ӯ набуд.
Мария ба таври муъҷизаомез тавассути сарпӯши кушодаи қубури обрави аз миёни дуд пайдошуда берун ҷаста, суръати қадамзаниашро коҳиш дод ва бо талвоса кисаҳояшро кофт. Ба сараш зад, ки бо худ на оина дорад ва на василаи ороиш. Ӯро лаҳзае эҳсоси руҳафтодагӣ фаро гирифт — ҳатто ба ёд оварданӣ шуд, ки оё дар роҳ ягон кулмаки об буд ё на, то метавонист акси худро бинад. Аммо афсурдагӣ чунон ки зуд пайдо гардида буд, ҳамон тавр ба зудӣ об шуду рехт — Мария ба ёд овард, ки метавонад дар назди Домод ба сурате биистад, ки худаш мехоҳад.
Як муддат андеша доманаш гирифт. Бигузор ӯ духтараки ҷавонро бо ду кокули малларангу рӯйи доғи кунҷитакдор бубинад ва... Боз як ҷузъиёти нафис, ягон нишонаи сода лозим буд — гӯшвора? Кулоҳи бейсболбозон? Вақт тамоман кам монд ва дар лаҳзаи охир Мария худро бо гӯшии телефони мобилии гулранги рӯшан зинат дод, ки идомаи ҷило ва дурахши рухсораҳояш буд. Баъди ин ӯ сар бардошту ба пеш нигарист.
Дар пеш, дар миёни пораҳои парокандаи дуд чизе филизӣ милт-милт кард ва дарҳол ғайб зад. Баъдан каме наздиктар пайдо шуд ва боз дар тирагӣ пинҳон гардид. Ногаҳон вазиши бод дудро як сӯй бурд ва Мария суроби баланду дурахшонеро дид, ки бо оҳистагӣ ба мулоқоташ меомад. Ҳамзамон пай бурд — ва ё ба назараш намуд, — ки бо ҳар қадамгузории ин суроб замин каме меларзад. Одами филизӣ каме аз қади ӯ баландтар буд ва чеҳраи сарду зебояш ҳеч як ҳиссеро мунъакис намекард. Марияро даҳшат фаро гирифт ва ӯ пас гашт — ба ёд овард, ки дар пушташ, дар ким-куҷое сарпӯши кушода боқӣ монд, аммо нигоҳашро аз муҷссамаи филизии ба сӯяш мисли киштии яхшикани болои ях ҳаракатдошта канда натавонист.
Дар лаҳзае, ки барои фарёд задан омода буд, бо одами филизӣ таносухи ҳайратангез рух дод. Дар ибтидо дар ронҳои ялаққоссии ӯ турсии монанд ба турсии маъмулии рахдор, баъдан майкаи сафед пайдо шуд, сипас бадани вай ранги пӯсти офтобхӯрдаи одамро ба худ гирифт ва баъдан дарҳол зери пӯшиши шими қанорӣ, курта, гарданбанди рахдор ва пиҷаки тамашранги тугмаҳояш тиллоӣ қарор гирифт. Мария маҳз дар ҳамин ҷо ором ёфт. Аммо пиҷаки тамашранг чашми ӯро дер сафо набахшид — он дар зери плаши дарози тираранг пинҳон шуд. Дар пойи Меҳмон туфлиҳои сиёҳ ва пеши чашмонаш айнакҳои сиёҳи офтобӣ пайдо шуданд. Мӯйҳояш сурати хорпӯшти малларо ба худ гирифтанд ва Мария бо қалби аз нишот беҳис Домод Арнолд Швартсенеггерро шинохт — бале, тавре ки ӯ дарҳол пай бурд, каси дигаре ҷуз ӯ буда наметавонист.
Мард дар пеши вай истод ва хомӯшона аз пушти шишаҳои сиёҳ ба ӯ нигарист; дар лабҳои ӯ табассуми базӯр ҳувайдо бозӣ мекард. Мария дар айнакҳои ӯ сурати худро дид ва гӯшии мобилашро дуруст кард.
— О, Бибӣ Мария, — оромона иброз дошт Швартсенегер.
Ӯ бидуни ифода, баланд, аммо бо садои форам гап мезад.
— На, азизам, — гуфт Мария муаммоомез табассум кардаву дастони ба қадаш ростро ба пеши бараш расонда — ҳамту Мария.
— Ҳамту Мария, — такрор кард Шватсенеггер.
— Бале, — гуфт Мария. — Ту Арнолд?
— Sure, — гуфт Швартсенеггер.
Мария даҳон во кард, то чизе бигӯяд, аммо баногоҳ маълум гардид, ки мутлақо гапи гуфтанӣ надорад. Швартсенеггер ҳамчунон хомӯш ба ӯ менигарист ва табассум менамуд. Мария сар хам карду сурх шуд ва ҳамин замон Швартсенеггер бо як ҳаракати меҳрбору таҳаммулнопазир ӯро баргардонду бо худ бурд. Мария чашм ба вай дӯхт ва ҳамон табассуми маъмули муаммоангезашро бар лаб зад. Швартсенеггер дасташро ба шонаи ӯ гузошт. Мария дар зери бори гарони он каме гӯё фурӯ рафт ва ҳамин лаҳза аз хонаи хотира тасвири ғайриинтизор рӯ намуд — Ленин дар рӯзи шанбегӣ сари китф ғулачӯберо мебурд. Дар тасвир, бар шонаи Ленин танҳо як гӯшаи он намоён буд ва Мария фикр кард, ки шояд дар асл чӯб набуд, балки дасти мавҷуди тавоное буд, ки Ленин танҳо метавонист бо табассуми бечораҳолона ва бо қираи чашм ба ӯ нигарад, чунон ки дар айни ҳол ӯ ба Швартсенеггер менигарист. Дар лаҳзаи дигар Мария фаҳмид, ки оид ба чизе андеша дорад, ки мавқеаш нест ва ҳамаро аз зеҳнаш зудуда намуд.
Ва Швартсенеггер рӯяшро ба тарафи ӯ гардонд.
— Чашмони ту — ба таври мутантан гуфт ӯ, — мисли дурахши тасвири Айвазовский ҳастанд.
Мария аз ғофилӣ дар ҷойи худ такон хӯрд. Шунидани инро интизор набуд ва аз афташ Швартсенеггер инро дарҳол фаҳмид. Сипас чизи мавҳуме рух дод — ё шояд дар асл чизе рӯй надод ва танҳо ба назари Мария намуд — аз пӯшти айнакҳои сиёҳи Швартсенеггер ким чи хел ҳарфҳои сурхи маълум, мисли ҳолати сатри равон падид омаданд ва ҳамзамон дар сари ӯ чизе оромона таҳрик ёфт, гӯё он ҷо хард-диски компютерӣ фаъол гардид. Мария тарсида, такон хӯрд ва дарҳол ба ёд овард, ки Швартсенеггер мисли ӯ мавҷуди шартист ва яке аз ҳазор тафаккури русҳост, ки дар ин сония дар бораи ӯ меандешанд ва афкори одамон роҷеъ ба вай метавонанд мухталиф бошанд.
Швартсенеггер дасти озодашро боло бардошт ва ангуштонашро дар ҳаво ҳаракат дода, вожаҳои муносибро ҷӯё шуд.
— На, — билохира гуфт ӯ, — чашм не, дурдонаанд!
Мария ба ӯ ҷафс шуд ва дилпурона аз поён ба боло, ба ӯ, нигарист.
Швартсенеггер манаҳашро ба тарафи гарданаш бурд, гӯё нахост Мария ба пушти айнакҳояш бинигарад.
— Ин ҷо дуди бисёр аст, — гуфт ӯ, — чаро мо аз ин соҳил меравем?
— Намедонам, — посух дод Мария.
Швартсенеггер баргашт ва ӯро аз канори тавора рост аз миёни дуд бурд. Баъд аз чанд қадам Мрия тарсид, зеро дуд чунон ғализ буд, ки чизе ба назар наменамуд, танҳо ҳамон қисмати дасти Швартсенеггерро дида мешуд, ки китфи ӯро дар канор гирифта буд.
— Ин қадар дуд аз куҷост? — пурсид Мария. — Охир, чизе намесӯзад.
— Си-эн-эн, — посух дод Швартсенеггер.
— Чӣ, онҳо чизеро месӯзонанд?
— На, — гуфт Швартсенеггер. — Намоиш медиҳанд.
Аҳа, фаҳмид Мария, эҳтимол дорад ҳамаи онҳое, ки дар мавриди ӯ ва Швартсенеггер фикр мекунанд, ҳозир Си-эн-эн тамошо доранд ва Си-эн-эн бошад, ким-кадом дудро намоиш медиҳад. Аммо аз чӣ бошад, басо тӯлонӣ.
— Ҳеч гап не, — гуфт Швартсенеггери ноаён. — Ба зудӣ хотима меёбад.
Аммо дуд ҳеч поён намеёфт ва онҳо аз соҳил дуртару дуртар мерафтанд. Ногаҳон дар сари Мария фикре пайдо шуд, ки шояд ба ҷойи Швартсенеггер дар канори ӯ аллакай муддати чанд дақиқа каси дигаре гом мезанад — ҳеч набошад, ҳамон фарде, ки дар рӯзи шанбегӣ Ленинро дар оғӯш гирифт ва ин андеша то ҳадде ӯро тарсонд, ки гӯшии мобилашро дуруст намуда, ба шунидани мусиқӣ оғозид. Мусиқии ғалатӣ буд, ким-чи хел буридаву тика-тика — гоҳо аз ишқи гитору карнай месуруданд, гоҳи дигар фиғони электронии давомдори ба нӯлаи гург басо монанд баланд мешуд. Ба ҳар ҳол ин аз шунидани садои таркиш аз дур ва овозҳои номафҳуми одамии омехта беҳтар буд.
Ногаҳон аз миёни дуд суробе ҷаҳида, ба қафаси синаи Мария зад. Мария фарёд баровард ва дар пеши худ одами либосаш холдор ва автоматбадастро дид. Одам ба Мария нигарист ва акнун даҳон во карданӣ буд, ки ҳамин лаҳза Швартсенеггер дасташро аз шонаи Мария гирифта, аз сари он одам гирифту каме ба як сӯй тоб дод ва ҷисми заъфдидаашро аз доираи биниш ба дур ҳаво дод. Дасти ӯ аз нав ба шонаи Мария баргашт ва Мария ба ҷисми оҳании тунуки вай ҷафстар шуд.
— Эҳ, мардҳо, мардҳо, — нимшунаво ғур-ғур кард Мария.
Дуд кам-кам рӯшан гардид. Мария акнун боз рӯйи Швартсенеггер ва баъдан ҷисми муҳташами ӯро аз зери плаши хокистарии рӯшан, ки тимсоли пайкараи қабл аз пардагириро мемонд, медид.
— Арнолд? — пурсид ӯ, — мо ба куҷо равонаем?
— Магар ту намедонӣ? — пурсид Швартсенеггер.
Мария шармид ва сар хам кард.
«Никоҳи кимиёиаш чӣ бошад? — андешид Мария. — Магар барои ман дардовар нахоҳад буд? Баъд чӣ? Охир, аллакай чанд дафъа буд». Сар бардошту ба сӯйи вай нигарист ва дар рухсораҳои ӯ чуқурчаҳои машҳурро дид — Швартсенеггер табассум мекард. Мария чашм пӯшид ва ба хушбахтии хеш бовар накарда, ба сӯе мерафт, ки дасти бар шонааш буда ӯро роҳнамоӣ мекард.
Ҳамин ки Швартсенеггер дар ҷойи худ истод, Мария чашмонашро кушод ва дид, ки дар атроф дуд қариб боқӣ намондааст. Онҳо дар кӯчаи ношинос, дар миёни хонаҳои кӯҳнаи бо хорасанг рӯбастшуда меистоданд. Кӯча холӣ буд, танҳо дар дурӣ, аз пушти хати дуде, ки дар соҳил боқӣ монда буд, суробчаҳои хамзадаи силоҳбадаст бемаъниёна давуғеҷ доштанд. Швартсенеггер ким-чи хел ҳайратзада дар ҷойи худ меистод — ба назари Мария чунин намуд, ки шубҳаҳои табиати номафҳум ӯро азият медиҳанд. Ӯ тарсид ва фикр кард, ки ин шубҳаҳо метавонанд ба худаш низ дахл кунанд.
«Фавран ҳарфе романтикӣ бояд гуфт, — андешид Мария.— Аммо маҳз чӣ бояд гуфт? Муҳим ҳам нест».
— Медонӣ, Арнолд, — ба гап даромад Мария ба ҷисми ӯ ҷафстар шуда, — барои ман ногаҳонӣ... Намедонам, шояд ба назари ту аблаҳона намояд... Аммо ман метавонам бо ту самимӣ бошам?
— Албатта, — гуфт Швартсенеггер, шишаҳои сиёҳро ба тарафи ӯ гардонда.
— Чун дар канорат ҳастам, мехоҳам ба ҳаво парвоз кунам! Осмон ба назари ман бисёр наздик менамояд.
Швартсенеггер сар бардошта, ба боло нигарист.
Дар миёни рахҳои дуд, воқеан ҳам, осмони кабуду рӯшан ба назар намоён буд, — аммо онро бисёр наздик хонда намешуд ва дур гуфтан ҳам номумкин буд.
«Эҳ, — фикр кард Мария, — чиҳое ки мегӯям».
Аммо барои худдорӣ намудан аллакай дер шуд буд.
— Ту, Арнолд, — ту ҳам хоҳиши парвоз кардан дорӣ?
Швартсенеггер сонияе ба андеша рафт.
— Мехостам, — гуфт ӯ.
— Маро бо худ мегирӣ? Охир, ман... — Мария шрмида табассум намуд, — охир, ман заминиям.
— Швартсенеггер боз сонияе фикр кард.
— Бале, — гуфт ӯ. — Ман туро бо худ мегирам.
Ӯ ба гирду атроф назар афканд, гӯё саъй дошт, ки дар давру бар барои худ аломатҳои роҳнамо биёбад — ва эҳтимол онҳоро ёфт, ки бо итминон аз таги каши Мария гирифта, вайро ба пеш кашид. Мария аз чунин гузариши фаврии мавҳумоти шоирона ба амал муттаҳайир шуд, аммо дарҳол андешид, ки марди ҳақиқӣ маҳз бояд чунин рафтор бикунад. Швартсенеггер ӯро аз миёни бинои дарози сталинӣ мебурд. Мария баъд аз чанд қадам ба рафти бошитоби ӯ мувофиқ шуд ва аз остини плаши вай дошт. Ӯ эҳсос намуд, ки бояд қадамзаниашро тезонад. Дасти Швартсенеггер, ки ба назараш нуқтаи муттакоро мемонд, ба фишанги пӯлодин табдил ёфт, ки ӯро бераҳмона ба тарафи пул мекашид. Ин андеша аз чӣ бошад, ки вайро аз суруру нишоти бекарона, ки дар зери шикамаш падид омада буд, пур карда, бо амвоҷи гарм ба ҷисмаш ҷорӣ гардид.
То охири бино расида, Швартсенеггер ба гузаргоҳе мисли равоқи нусрату пирӯзӣ тоб хӯрд. Чун ба саҳни ҳавлӣ расиданд, Мария чунин пиндошт, ки ба шаҳре дигар интиқол ёфтанд. Хомӯшии саҳаргоҳӣ ҳукмравоӣ дошт; осоре аз дуд ба назар намерасид ва ҳатто ба ин, ки дар наздикиҳо одамони ошуфтахотири силоҳбадаст давуғеҷ доранд, бовар кардан мушкил буд.
Швартсенеггер мушаххасан медонист, ки Марияро ба куҷо мебарад.
Онҳо аз майдончаи бозии кӯдакон убур намуда, ба тангкӯчаҳои дарун ба даруни миёни мошинсароҳои зангзада ворид шуданд. Мария бо даҳшати ширинолуд фикр кард, ки дар ҳамин ҷойҳо, зуд ва ба таври каме ғайри маъмул никоҳи кимиёӣ сурат мегирад — ва ногоҳ роҳ ба холигоҳе бурд, ки аз ҳама тараф бо девори тунукагии рангу баландиаш мухталиф дар ҳисор гирифта шуда буд.
Дар омади гап бояд гуфт, ки холигоҳ он қадар ҳам холӣ набуд. Таври маъмул дар зери по шишаҳо мехобиданд, боз ҷуфти рӯйкаши чархи мошин, дари пачақшудаи мошини «Лада», миқдори зиёди ҷузъиёти корношоями техникӣ, ки ҳамеша дар назди мошинсаройҳо ғарам шда мехобанд, ба назар мерасид.
Ба ҷуз ин боз тайёрае ҳам буд.
Он қариб, ки ҳама ҷойи холиро банд карда буд, аммо Мария онро дар навбати охир дид — шояд аз ин хотир буд, ки мағзи сари ӯ чанд сония қабл ахбори аз чашмаш мисли таваҳҳум баръало расидаро ҳазм менамуд.
Марияро даҳшат фаро гирифт.
«Тайёра дар ин ҷо аз куҷо пайдо шуд? — андешид ӯ. — Аз сӯйи дигар Швартсенеггер ин ҷо чӣ кор мекунад? Ба ҳар сурат ин тааҷҷубовар аст».
— Чист ин? — пурсид Мария.
— Қиркунандаи парвозу нишасташ амудӣ «Харриер», — гуфт Швартсенеггер, — модели «А-4».
— Мария дар рухсораҳои ӯ чуқурчаҳои шуҳратёрро дид — Швартсенеггер табассум мекард.
Мария каме абрӯвони марғулаи худро дар ҳам кашид ва тарс дар рӯҳи ӯ бар асари ин хазандаи аз шишаву оҳан сохташуда ба рашк табдил ёфт, ки ошкоро дар қалби Швартсенеггер на камтар аз худи ӯ маъво дошт.
Швартсенеггер ба назди тайёра рафт. Зери бори афкори хеш Мария на дарҳол пой аз ҷо канд, ӯ ба пеш кашида мешуд, гӯё Швартсенеггер трактор буд ва ӯ бошад, агрегати кишоварзӣ, ки аз пушташ саросемавор мешитобид.
— Охир, ин ҷо танҳо як ҷой ҳаст, — нишинаи яккасаро аз паси сарпӯши шишагии кобин дида, гуфт Мария.
— Ҷойи тарс надорад, — гуфт Шватсенеггер ва ӯро дошта, бо як ҳаракати чолок ба болои қаноти тайёра шинонд.
Мария пойҳояшро дароз кард ва ба рӯйи ҳамвории дюралӣ истод. Шамол вазид, либосҳои ӯ лапиш хӯрданд ва аз зеҳнаш гузашт, ки нақшҳои романтикӣ барояш ҳамеша бобарор буданд.
— Ту чӣ? — пурсид Мария.
Аммо Шватрсенеггер аллакай дар кобин буд — ба таври ҳайратовар зуд ва моҳирона ҷой гирифт ва Мария фикр кард, ки ин навори танзимдида ва ё омезишёфта аст.
Швартсенеггер сарашро аз кобин берун кард ва табассум намуда, ҳалқаи аз нарангушт ва ангушти ишора пайвандхӯрдаро ба ӯ нишон дод; Мария андешид, ки метавон инро ҳалқаи никоҳ ҳисобид.
— Ба фюзеляж бинишин, — гуфт Швартсенеггер, — он ҷо, ки қанотҳо хотима меёбанд. Натарс. Тасаввур бикун, ки чархофалак аст. Тасаввур бикун, ки ба асб нишастаӣ.
— Ту чӣ тасмим дорӣ...
Швартсенеггер сар ҷунбонд.
Айнакҳои сиёҳи ӯ рост ба руҳу ҷони Мария менигаристанд ва ӯ дарк кард, ки маҳз ҳамин ҳозир тақдираш ҳал мешавад. Ин, бидуни шубҳа, имтиҳон буд. Зане, ки шарофати дар канори Швартсенеггер буданро ёфт, ҳақ надорад тарсуву мавҷуди фурӯмоя ва танҳо барои нақшбозӣ дар силсилафилмҳои гирумони бар фаҳшу маишат таҳияёфта коромад бошад. Ӯ мебоист барои рӯёрӯву қоим истодан бо хатари марговар омода бошаду эҳсосоти хешро ба ҷуз шукуфо намудани гули табассум бар лаб ифшо насозад. Мария саъй кард, ки табассум бикунад, аммо дарёфт, ки он сохта баромад.
— Фикри олӣ, — гуфт Мария. — Вале ман хунук намехӯрам?
— Дер давом намекунад, — гуфт Швартсенеггер. — Нишин.
Мария кифт дарҳам кашид, бо эҳтиёт ба фюзеляж, ки ба сурати сутунмуҳраи моҳӣ дар ҳамвории қаноти тайёра меистод, рафту эҳтиёткорона нишаст.
— No, — гуфт Швартсенеггер. — Мисли саворазан он гоҳ менишинӣ, ки мо ба мулки Калифорниёгии ман меравем. Ҳоло бошад, дуруст бинишин. Мевазад. Мария сонияе дудила шуд.
— Рӯятро гардон, — гуфт ӯ.
Швартсенеггер бо кунҷи чапи даҳонаш нимтабассум кард ва рӯй гардонд. Мария пояшро аз болои аррапушти дюралӣ гузаронида, фюзеляжро зин зад. Оҳани зери ӯ хунуку шабнамзада буд; ӯ нимхез шуд, то нимтанаашро кӯрпача бикунад ва ногоҳ ба назараш омад, ки аъзои поёнии бадани ӯ ҳамсони ронҳои қирашакли одами оҳании бапуштхобида, паҳн шуданд — на ба таҳаввулоти шамоловардаи Дзержинский мемонду на ба ким кадом кори дӯзах. Ӯ дар ҷойи худ такон хӯрд, аммо ин таваҳҳуми кӯтоҳ зуд хотима ёфт. Ба ҷойи он эҳсосоте рӯ зад, ки гӯё болои сковродкаи аз яхдон беруноварда нишастааст. Рағбаташ ба рухдод тадриҷан коҳиш меёфт.
— Арнолд, — фарёд кард ӯ, — ту мутмаин ҳастӣ, ки ин ба мо лозим аст?
Ин калимотро ӯ барои ҳолати дигар дар дил нигоҳ медошт, аммо айни ҳол ба нӯги забон омаданд. Швартсенеггер чанд дақиқа ба андеша рафт.
— Ту-ку ба боло рафтан мехостӣ, — гуфт ӯ. — Аммо агар бароят ваҳмзо бошад...
— На, — бар хеш ғолиб омада, гуфт Мария, — ягон зарра барои ман даҳшатовар нест. Ман бароят чи қадар ташвиш меорам.
— Ягон ташвиш нест, — гуфт Швартсенеггер. — Ҳозир ғалаён баланд мешавад, аз ин хотир, гӯшиатро ба кор бар. Гуфтагӣ барин, ту чӣ гӯш мекунӣ?
— «Ҷиҳоди Кримсон»-ро, — гуфт Мария, болиштчаҳои гулранги гӯшии мобилашро дар гӯшҳояш дуруст намуда.
Рӯйи Швартсенеггер ранг гум кард. Агар шамол мӯйи аз перекиси обзо ҷилоёфтаи Швартсенеггерро намеларзонд, Мария фикр мекард, ки касе аз ҳайати наворбардорон Швартсенеггери ҳақиқиро ба манекен иваз намудааст.
— Чӣ шуд? — тарсон пурсид Мария.
Швартсенеггер як муддат беҳаракат монд. Дар шишаҳои айнакҳои ӯ дурахши сурхи аҷиб ларзиш хӯрданд — Мария фикр кард, ки ин аз пушти мошинсаройҳо баргҳои дар ҳавохестаи фарк ҳстанд, ки мунъакис мегарданд.
— Арни! — нидо намуд ӯ.
Чанд маротиба кунҷи даҳони Швартсенеггер таҳрик ёфт ва баъди он шояд қобилияти ҳаракат ба ӯ пас гашт. Вай сарашро тоб дод — ин бо мушкилӣ барояш муяссар гардид, гӯё ба дохили подшипнике, ки давр мезад, қум рехта буд.
— Кримсон Ҷиҳод? — бозпурсӣ кард Швартсенеггер.
— «Ҷиҳод Кримсон», — посух дод Мария. — Нусрат Фатеҳ Алӣ Хон бо Роберт Фрипп. Чӣ буд?
— Ҳамту, — гуфт Швартсенеггер, — кирои гап надорад.
Сари ӯ дар кобин аз назар ғайб зад. Дар поён, дар ким-куҷои шиками тайёра шавшуви барқӣ баланд гардид, ки дар чанд сонияи башумор аз рӯйи шиддат ба ғулғулаи даҳшатзо табдил ёфт, — ба назари Мария чунин намуд, ки чӣ тавр ба гӯшҳояш фишор овардани болиштчаҳои поролониро ҳис мекунад. Баъд оромона ҷунбиш ёфт ва мошинсароҳо ба поёну қафо шино намуданд.
Аз як тараф ба тарафи дигар, мисли сафинаи «Харриер» алвонҷ хӯрда ба таври амудӣ ба боло хест — Мария ҳатто намедонист, ки тайёраҳо метавонанд чунин парвоз бикунанд.
Ӯ фикр кард, ки агар чашм бипӯшад, он қадар даҳшатбор нахоҳад буд, аммо кунҷкобӣ назар ба тарсу ваҳм дасти боло дошт ва баъди камтар аз як дақиқа вай аз нав чашмонашро боз намуд.
Бо кушодани чашм аввалин чизе, ки дид, оинаи рост ба сӯяш ҳаракатдошта буд — он қадар наздик буд, ки Мария дар экрани телевизори дар ҳуҷра фаъол тонкро дид, ки милашро ба сӯйи ӯ мегардонд. Тонк ба экран тир холӣ кард ва дар ҳамон сония тайёра шадидан фурӯ рафт ва аз девор ба канор шино намуд. Мария, ки наздик буд аз қанот билағжад, аз тарс чиррос зад, аммо тайёра зуд ба ҳолати аввалааш баргашт.
— Мавҷгирро бидор! — аз кобин сар баровардаву даст афшонда, фарёд зад Швартсенеггер.
Мария сар хам кард. Дар пешаш аз фюзеляж чизи оҳании нӯкаш ғафсу мудаввар берун баромада буд — барояш нофаҳмо буд, ки чаро он қаблан аз чашмаш дур мондааст. Он ба қаноти борику амудӣ мемонд, ҳарчанд андозааш он аз он чи дар воқеият ба назар мерасад, хеле калонтар буд. Бо як назар ба ин барҷастагии бузург тарс дар ботини ӯ ба болидагӣ табдил ёфт, ки дар миёни ин ҳама хастагии Мигеляҳо, ношустагии Леняҳо ва мастии Иванҳо камёб менамуд.
Ин ҷо ҳамааш дигаргуна буд. Ғафсии мудаввари нӯги мавҷгир бо сурохиҳои хурд пӯшонида шуда, то ҷое қуббаи ҷумаки саршӯйии душро ба хотир меовард ва ҳамзамон ба андешидан дар бораи ашколи ҳаёт ва муҳаббати ғайризаминӣ водор месохт. Мария бо ангушташ ба он ишора карда, нигоҳи саволомез ба Швартсенеггер дӯхт. Ӯ сар ҷунбонда, табассуми фарох намуд ва дар дандонҳои ӯ офтоб дурахшид.
Мария фикр кард, ки он чи бо ӯ айни ҳол рух дода истодааст — татбиқи орзуҳои кӯдакиаш аст. Дар кадом филме аз рӯйи вазифа сари афсонаҳо кор мекард, тасвирҳоро медид ва тасаввур мекард, ки ба пушти аждар ва ё парандаи бузргҷуссае савор шуда, дар осмон дар ҳоли парвоз аст — акнун дар ҳақиқат ҳам бо ӯ ҳамин ҳолат рӯй медод. Шояд на то ҳадде чунин буд, — аммо, андешид ӯ, дар ҳоле ки кафи дасташро ба қуббаи пӯлодини мавҷгир мегузошт, ҳамеша орзуҳо, на ба он тавре, ки мо интизорем, балки бо сурати дигар амалӣ мешаванд
Тайёра каме яктарафа шуд ва Мария пай бурд, ки ин аз он сабаб рух дод, ки ӯ ба мавҷгир даст расонд. Дар навбати худ ҳаракати тайёра барои ӯ ба таври ҳайратовар илҳомгирифта намуд — гӯё мавҷгир ҷузъи пурҳистарини тайёра буд. Мария ба симёзи пулодин даст расонда, қисмати болои онро дар мушти хеш фишор дод. «Харриер» асабонӣ қанот ҷунбонда, боз чанд метри дигар баланд гардид. Мария фикр кард, ки тайёра мисли марди бар кат басташуда рафтор мекунад, ки наметавонад ӯро дар оғӯш гирад ва дар ҳолати вай танҳо бо тамоми баданд ҷунбидан муяссар мегардаду халос — шабоҳат бо вай боз бо он бештар мегашт, ки худи Мария ҳам дар пушти қанотҳое менишаст, ки ба пойҳои ба ду тараф паҳншуда монандӣ доштанд — ба таври ғайриэҳтимол сермушак, аммо аз ҳаракат орӣ.
Ин ҳавасангез буд, аммо ба ҳар сурат аз ҳад зиёд мураккаб — Мария нисбат ба ин парандаи бузурги пӯлодини воқеъ дар холигии фазо дар миёни мошинсаройҳо ёфтани кати одиро тарҷеҳ медод. Аммо бо Швартсенеггер, андешид ӯ, дигар хел шуданаш имкон надорад. Ӯ ба кобин назар дӯхт — на ҳама чиро даруни он дида мешуд, зеро дар шишаи он нури офтоб мунъакис мешуд. Чунин метофт, ки Швартсенеггер дар курсии худ менишаст ва ҳамоҳанг бо ҳаракати дастҳояш каме сарашро ин тарафу он тараф меҷунбонд.
«Ана барои ин робот дар синамо, — дасти дигарашро низ ба мавҷгири аз филиз сохташуда ниҳода, андешид Мария — муяссар буд, ки ҳар тавре хоҳад, шакли хешро тағйир бидиҳад. Аҷиб аст, барои ин чӣ гуна бояд бошад?... Шояд ҳар ранге, ки мақбул аст».
Тайёра дар навбати худ боз баландтар мешуд. Бомҳои бино дар пастии хеле дур паси сар монданд ва дар пеши чашми Мария манзараи бузурги Маскав пайдо шуд. Дар ҳама ҷо гунбазҳои калисоҳо медурахшиданд... Дуд дар болои Маскав ба назари Мария аз он дуде, ки дар соҳил дида буд, хеле камтар намуд. Дар баъзе ҷойҳо, воқеан ҳам, ба болои хонаҳо мебаромад, аммо на ҳамеша фаҳмо буд, ки чист — сӯхтор, партоби дудкашҳои заводҳо ва ё абрҳои паст. Ба дарҳамбарҳамии ҳар як қисмати таркибии он нигоҳ накарда, намои умумии шаҳр ба таври фавқулъода зебо метофт, аммо сарчашмаи ин зебоӣ номафҳум буд. Русия ҳамеша чунин аст, даст ба пулоди хунук бурда, фикр кард Мария — меҳр мепарварию гиря мекунӣ, ба он чи муҳаббат меварзӣ, менигарию ҳуш аз сарат меравад.
Ногаҳон тайёра дар зери вай такон хӯрд ва ӯ пай бурд, ки қисмати болоии сутун ба таври аҷиб дар кафи дасташ меҷунбад. Ӯ дасташро қафо кашид ва қуббаи филизии сӯрохдори аз мавҷгир афтода ба фюзеляж бархӯрду ба поён сарозер шуд. Аз шиддати бархурд найчаи кӯтоҳи охираш буришдор, ки аз он ду сими кандашудаи кабуду сурх намоён буд, боқӣ монд.
Мария нигоҳашро ба кобин равона кард. Аз пушти шиша паси сари Швартсенеггери беҳаракат ба чашм мехӯрд. Дар ибтидо Мария фикр кард, ки ӯ чизеро пай набурд. Баъд ба сараш ин андеша зад, ки вай дар ҳолати бехудӣ қарор дорад. Ташвишомез ба давру бар нигарист ва дарёфт, ки бинии тайёра тадриҷан ва ба таври бидуни эътимод яктарафа мешавад ва тахминаш дар як лаҳза ба итминон табдил ёфт. Бидуни он, ки ба фаҳмаш равад, чӣ кор мекунад, ӯ аз фюзеляж ба майдончаи ҳамвории миёни қанотҳо гавак кашид (дар ин ҳол қисмати шикастаи мавҷгир нимтанаи вайро даронд) ва ба сӯйи кобин хазид.
Равзан кушода буд. Мария ба болои қанот дароз кашид ва нимхез шуда, фарёд зад:
— Арни! Арни!
Аммо посух набуд. Ӯ тарсон бархесту дикак нишаст ва пушти сару як милла мӯйи Швартсенеггерро дид, ки аз бод меларзид.
— Арни! — боз нидо кард ӯ.
Швартсенеггер сарашро ба тарафи вай гардонд.
— Худоро шукр! — ба забони Мария омад.
Чашми чапи Швартсенеггер каме кашида буд ва ҳамзамон анвои эҳсосоти мураккабу беҳудудро бозгӯ мекард, ки дар миёни онҳо зиндагиро дӯст доштан, неру, муҳаббати солим нисбат ба кӯдакон, дастгирии маънавии автомобилсозии амрикоӣ дар даври мушкили рақобаташ бо Ҷопон, тамасхури сабук роҷеъ ба феминизм ва эътирофи оромонаи он, ки арзишҳои демократӣ ва яҳудӣ-насронӣ, ки билохира дар ин олам ҳатман ба ҳама зулм пирӯз меоянд, дида мешуд.
Аммо чашми росташ сурати куллан дигар дошт. Онро ҳатто чашм гуфтан мушкил буд. Аз косахонаи хунбастаи чашм монанд ба доғи калони гули чашм линзаи мудаввари шишагии пайваст ба нигаҳдори филизӣ, ки ба он аз зери пӯст симҳои борик пайванд хӯрда буданд, ба назар менамуд. Аз васати ин линза нури рангаш сурхи чашмхиракунанда берун меомад — Мария инро дар ҳоле пайхас кард, ки нур ба чашмаш зад.
Швартсенеггер табассум намуд. Ҳамзамон бо ин қисмати чапи рӯйи ӯ чизеро ифода мекард, ки падид омаднаш барои рӯйи Швартсенеггер ба вақти табассум созгор буд — чизе норавшану назарбоз ва гӯё кӯдакона, ба ин сурат дарҳол фаҳмо шуд: ин одам ҳеч гоҳ кори бад намекунад, аммо агар чанд муҷримеро бикушад, танҳо баъди он ин амалро анҷом медиҳад, ки камера чанд дафъа ва аз зовияҳои гуногун аъмоли хабиси аз эътидол беруни онҳоро сабт намояд. Аммо табассум танҳо ба қисмати чапи рӯйи вай дахл мекард ва росташ бошад, мутлақо бетағйир мемонд — сард, бодиққат ва даҳшатбор.
— Арнолд, — дар ҳоле, ки сари по мехест, бо нигаронӣ гуфт Мария — Арнолд, барои чӣ ту чунин мекунӣ? Бас кун!
Аммо Швартсенеггер посух надод. Дар лаҳзаи дигар тайёра якбора ба як тараф хам шуд ва Мария ба қадди қанот ба поён лағжид. Чанд дафъа рӯяш ба ким кадом барҷастагиҳо бархӯрд ва ҳама мутакко аз зери ӯ ба нестӣ рафт. Фикр кард, ки ба поён меафтад ва мижа ба ҳам баст, то ки дарахтону бомҳои ба сӯяш дар парвоз бударо набинад. Аммо чанд сония гузашту чизе рух надод. Мария пай бурд, ки муҳаррик дар наздаш ғуввос мезанад ва чашм во кард. Маълум гардид, ки ӯ дар зери қаноти тайёра овезон аст — каллапӯши нимтанаи ӯ ба неши барҷастагие дармондааст ва бо мушкилӣ дарёфт, ки ракета будааст. Ракета бо қисмати нӯги хеш то ҷое мавҷгирро ба хотир меовард, ки чанд дақиқа қабл ӯ бо он сари кор дошт, — инро дида, фикр кард, ки Швартсенеггер бозиҳои ошиқонаи хешро идома мебахшад. Ин аллакай аз ҳад гузашта буд — шояд рӯяш чанд доғи латма бардошта, аз лабҳои кафидааш хун берун метаровид.
— Арнолд, — фарёд баровард, даст дароз кард, то рӯй ба тарафи кобин гардонад, — бас кун! Ман ин хел намехоҳам! Мешунавӣ? Ба ин сурат намехоҳам!
Билохира, барояш муяссар гардид, ки кобин ва Швартсенеггери дар ҳоли табассумро бубинад.
— Мешунавӣ, ман ин хел намехоҳам? Тавре, ки ту мехоҳӣ, бароям дарднок аст!
— No? — Бозпурсӣ кард Швартсенеггер.
— Не! Не!
— O. K., — гуфт Швартсенеггер. — You are fired.
Лаҳзае баъд рӯйи Мария ба қафо гашт ва қувваи аз тасаввур берун ӯро аз тайёра канор афканд ва дар чанд сония вай ба паранади нозуки нуқрагини пайванд бо домани дарози дуд табдил ёфт. Мария рӯяшро ба пеш гардонд ва нӯки телеманораи Останкиноро дид, ки ба сӯяш шино менамуд. Ғафсии қисмати васати он ҳаҷман меафзуд ва лаҳзае қабл аз зарба Мария ба таври равшан ким-кадом одамони куртасафеду галстукдори дар паси миз нишастаро дид, ки аз пушти шишаи ғафс ҳайратзада ба ӯ менигаристанд.