Валентин Распутин
Валентин Григоревич Распутин (1937 — 2015) — нависанда, очеркнавис, публитсист, ходими ҷамъиятӣ. Барандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1977, 1987), Ҷоизаи давлатии Федератсияи Россия (2012), Ҷоизаи Президенти ФР (2003), Ҷоизаи Ҳукумати ФР (2010) ва ғайра.
Дар рустои Уст-Удаи вилояти Иркутск дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз таҳсил дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Иркутск дар рўзномаҳои вилояти Иркутску Красноярск кор кардааст. Нахустин маҷмўаи ҳикояҳояш, ки соли 1967 ба табъ расид, аз пайдо шудани нависандаи боистеъдоде дарак дод.
Распутинро аз беҳтарин намояндаи «насри рустописандӣ» («деревенская проза») медонанд, аммо истеъдоди ў аз ин таърифу тавсифҳо волотар аст. Қиссаҳои «Маблағ барои Мария», «Охирин саҷда», «Зинда бошу фаромўш макун», «Кулба», «Видоъ бо Матёра», «Сўхтор», «Духтари Иван, модари Иван», ҳикояву эссеҳои ў на танҳо рўйдоди фараҳманди адабӣ, балки ҷамъиятӣ низ буданд. Распутин дар асарҳои худ масъалаҳои ахлоқ, виҷдон, эҳсоси дўст доштану ҳамдард будан, хотираи таърихӣ ва ғайраро ба миён гузоштааст.
Эҷодиёти Распутин, ки аз фалсафа, психологияи нозук, публитсистикаи рўҳбаландкунанда ба ҳам меоянд, инъикосгари дигаргуниҳои мушкилу амиқи ҷомеанд, ки дар тафаккури миллӣ рўй медиҳанд. Распутинро барҳақ «виҷдони халқ, инсоне, ки буду шуди хешро барои зинда доштани анъанаю фарҳанги рус бахшидааст» меноманд.