Алексей Пурин
Соли 1955 дар Ленинград ба дунё омадааст. Донишкадаи технологии Ленинградро хатм карда, аз соли 1989 мудири шӯъбаи назм ва аз соли 2002 мудири шӯъбаи нақди маҷаллаи «Звезда» (Санкт-Петербург) мебошад. Шоирони Ҳолландия ва Олмонро тарҷума мекунад, ҳашт китоби тарҷумаҳояш ба чоп расидааст. Муаллифи зиёда аз бист китоб ва маҷмуаҳои шеър, аз ҷумла «Авруосиё ва дигар шеърҳо» (1995), «Архаика» (1998), «Водии шоҳон» (2010), «Кабўтари номабар» (2015), «Гулҳои мино» (2021) ва чор китоби эссеҳо мебошад. Шеърҳояш ба забонҳои англисӣ, ҳолландӣ, итолиёвӣ, литвонӣ, олмонӣ, полякӣ, руминӣ, украинӣ, фаронсавӣ ва чехӣ тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои маҷаллаҳои «Нева» ва «Новый мир», ҷоизаҳои «Честь и свобода», «Северная Пальмира» (ду маротиба). Дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекунад.
Дар назми муосири рус Пурин ҷойгоҳи алоҳидаро ишғол менамояд. Ў зебоипараст ва услубпараст мебошад, дар сатҳи олитарин аз имкониятҳои назм, ки гузаштагони бузург таҳия намудаанд, истифода мекунад. Анъанаи олиаш дар ҳама маврид зоҳир мегардад, вале он танҳо барои назари сайқалёфта намудор мешавад. Нозуктарин нимоҳангҳо, кинояву талмеҳҳо шодии шинохти ашъорашро мебахшанд.