Аз сари нав гар таваллуд мешавӣ дар Шарқ...
* * *
Аз сари нав гар таваллуд мешавӣ дар Шарқ,
Дар кафи Аллоҳи ботиндону зоҳирбин.
Шомҳо он ҷо чи сӯзонанду гарму сахт,
Чашм натвон бурд аз ин манзари озин.
Бо ниёиш пои урён бе ягон меҳроб,
Бе ибодатгоҳ, аммо хонаи модар.
Баҳри пирӯзӣ туро парвардаанд ин ҷо,
Баҳри фирдавсе, ки бо ту буда дар бовар.
Меҳр меварзам ба ҳар паскӯчаи Бағдод,
Пашммахмал барраҳо дар ҳар канори он.
Зери дасти Синдбодаш мешавам маллоҳ,
Нақш бозам дар навори филмҳо осон.
Ҷазбаи Макка маро дар хоб меҷӯяд,
Мекашад ёди маро ҳар дам ба садҳо ранг.
Бо Улуғбек ахтаронро мекунам ташхис,
Зиндагонӣ мекунам дар аҳди Темурланг.
Бо ту, бо ту рӯ ба рӯ як рӯз хоҳам буд,
Дар канори гулфишони кӯчаи Шероз,
Дар ҳарири пардаи рӯи фараҳрезат
Боз хоҳам кард баҳри худ ҳазорон роз.
Заҳр дорад шираи ларги* араб дар худ,
Дар набарди зиндагонӣ Ҳақ бувад бо ман
Парчами сабзаш чу мурғон парфишон бошад,
Дар канорат мурданам шаън аст, эй меҳан!
Аз сари нав гар таваллуд мешавӣ дар Шарқ,
Дар кафи Аллоҳи ботиндону зоҳирбин.
Шомҳо он ҷо чи сӯзонанду гарму сахт,
Чашм натвон бурд аз ин манзари озин.
Бо ниёиш пои урён бе ягон меҳроб,
Бе ибодатгоҳ, аммо хонаи модар.
Баҳри пирӯзӣ туро парвардаанд ин ҷо,
Баҳри фирдавсе, ки бо ту буда дар бовар.
Меҳр меварзам ба ҳар паскӯчаи Бағдод,
Пашммахмал барраҳо дар ҳар канори он.
Зери дасти Синдбодаш мешавам маллоҳ,
Нақш бозам дар навори филмҳо осон.
Ҷазбаи Макка маро дар хоб меҷӯяд,
Мекашад ёди маро ҳар дам ба садҳо ранг.
Бо Улуғбек ахтаронро мекунам ташхис,
Зиндагонӣ мекунам дар аҳди Темурланг.
Бо ту, бо ту рӯ ба рӯ як рӯз хоҳам буд,
Дар канори гулфишони кӯчаи Шероз,
Дар ҳарири пардаи рӯи фараҳрезат
Боз хоҳам кард баҳри худ ҳазорон роз.
Заҳр дорад шираи ларги* араб дар худ,
Дар набарди зиндагонӣ Ҳақ бувад бо ман
Парчами сабзаш чу мурғон парфишон бошад,
Дар канорат мурданам шаън аст, эй меҳан!




