Фарҷоми Монплезир

Рассом Иля Капорейкин айёми беҳтарро дида буд.

Вай аз ин хусус ҳасрат мекард, вақте бо як дав нафас накашида, сўи таҳхонаи назди лонааш — харобаи дуошёнаи то андозае ба баржа монанд мешитофт, ки мисли сокини ҳавлӣ дар миёни биноҳои хуштарҳи шаҳрии бо хишти арғувонӣ сохта ноумед менишаст. Мақсади Капорейкин дарёфти пивои «Нева», камаш ҳашт шиша ва ягон чизи хурданӣ буд. Аз дӯсти «айёми беҳтар» Дима Билмесов дирӯз барқия гирифт. Ў як вақтҳо рассом буд, ҳоло бо корҳои тарроҳӣ тавассути Интернет машғул аст. Билмес, алъон сокини пойтахт, барои тиҷорат ба ватани хурди худ парида меомад ва мехост чанд лаҳза дар оғўши ин деворҳои варамида ва ҷой-ҷой кафида бимонад, ки солҳои зиёди эҷодкориаш бо суръат гузаштаанд ва дар охир бо таркиши сабзакҳои долларҳои наппа-нав хулоса мешуданд, вале на ба ҳамаи рассомон чунин оқибати ормонӣ насиб мегашт. Акнун дар роҳ ба мағоза Капорейкин чорсад рубли дар ҷайбаш бударо дуру дароз аз назар гузаронду ба як фикр омада натавонист, ки яктаашро захира кунад ё накунад. Оқибат ба қарор омад, ки ҳама пулашро қурбон намояд.

Аз рӯи адолат, бояд иқрор шуд, ки пеш аз он айёми беҳтарин рўзҳои хеле бад ҳам буданд. Ду даҳсола пеш, ин бинои чӯбӣ дар соҳили ҳамвори сабзи дарёи Висейка шуҳрати хос дошт ва дар байни мардумМонплезир* ном гирифт. Ҳатто ҳамон вақт ҳам, тибқи ҳуҷҷатҳои ҳукуматдорони шаҳр, Монплезир чун иншооти мавҷуднабуда зикр шуда буд; рақами бино аз тунукаи сафед мисли соати дорои мурғаки вақтро эъломкунанда мавҷуд буд, вале гўё дар ҳуҷҷат набуд. Вале замоне буд, ки бисёр унсурҳои хоси шаҳрак — қубаҳои зебо барои гуфтугўи телефонӣ, нуқтаҳои байни мардум машҳури пивофурўшӣ, сехҳои истеҳсоли сумкаҳои пластмассӣ ва шиппакҳо яке пайи дигар ба қатори объектҳои мавҷуднабуда ворид мегаштанд. Ҳамин тавр,Монплезир дилпурона қомат рост мекард; тирезаҳои хамзадаи чун оина дар девори кулбаҳои деҳотӣ кашол ба истиқболи одамони раҳгузар бо шишаи фарсудаи бунафшрангашон медурахшиданд.

Дар Монплезир, ба қавли баддаҳанҳо, муфтхўрҳо мезистанд. Ин мардуми аҷиб дар рўи карбосҳо ва картонҳои бад обшуй кардаашон рангҳо молида, сурудҳои эҷодкардаи худро, зоҳиран бо мундариҷаи танқиди давлати шўравӣ месуруданд. «Муфтхўрҳо» назарияи санъати муосир ва худи санъатро эҷод мекарданд. Ба фикри онҳо, дар асри рушди техника осори ҳунар мебоист бо технологияи нав истеҳсол шавад — мисол, бо дастгоҳҳои калони ҳаводиҳӣ дар деворҳои калон ранг пошида, хати ҳаракати тайёраҳоро бо тоб хўрдану дар ҳаво ҳалқаҳои танги марговар сохтанашон тасвир мекарданд, инчунин, рангҳоро аз қуттиҳо, ки андарунашон нимсўхтаи сигорҳои кашидаашон шино мекард, бо швабраҳои дастатдароз бардошта шип-шипкунон ба рўи коғазҳои калони паҳнкардаашон интиқол медоданд. Дастури муҳимми амалӣ маҷаллаҳои рангаи «Америка» ва «Англия» буданд; радиои транзистории чиркин, ки «Садои Амрико» лақаб дошт, мояи илҳом буд. Як гурӯҳи эҷодкорон хостанд театри нав созанд. Росташ, танҳо як маротиба намоиши рамзӣ таҳия карданд: дар гўшаи бино мусаввараҳои бо швабраи латтаҳояш пўсида ранг молидаро, ки мазмуни ҳаҷвӣ дошт, овезон карданд. Аммо ривояти сохтаашон аҳолии шаҳракро ба шўр овард ва капитани бахши амниятро, ки хеле озода буд, хашмгин намуд.

Нисбат ба намоиш падидаи фитнаангезтар нимпайкараи аз гаҷ сохтаи Ленин буд, ки чи тавр ба Монплезир роҳ ёфтанашро касе намедонист. Вай ба тўтии сафед монанд буд, дар пештахтаи кафидаи тиреза меистод ва андешаҳои бо сухан ифоданашавандаи диссидентӣ — зидди замонавиро арз мекард. Воқеан, муносибати «муфтхўрҳо» ба мардуми атроф аз лиҳози ҳуқуқӣ дуруст сурат мегирифт. Ба шарофати даводавиҳои худ Билмесови он вақт ҷавон ва гайратманд аз комитети районии комсомол як варақа коғаз гирифта буд, ки ба ў ваколатҳои ба мардуми оддӣ нофаҳмо дода буд. Дар Монплезир ҳатто студияи бадеии бачагон ба фаъолият оғоз кард. Ҳайратовар буд дидани он, ки рассомони ҷавон ба намунаи барояшон гузоштаи Белмесов ҳар лаҳза бо чашмони ҷиддӣ назар карда, бо қалам шип-шипкунон суратҳои ким-чи хел номафҳум мекашиданд. Аммо вақте волидон фаҳмиданд, ки дар синфхона кӯдакон ба ҷои чизҳои аҷиб расми станкани қиррадорро мекашанд, ҷанҷол бардоштанд. Аз тарси он, ки бо ин усул навбат ба зудӣ ба Ленини гаҷии танҳо дар Монплезир мавҷуд мерасад, фарзандонашонро аз студия гирифта, баъзеашонро ба маҳфили рассомии Қасри пионерон супориданд. Аммо, бачаҳои калонтар пас аз ду-се сол зуд-зуд бо халтаҳои вазнини аз шишаҳо ҷиринг-ҷиринг садо бароваранда ба Монплезир меомаданд.

Сокинони сквот — манзили беҳуҷҷат бо даромадҳои тасодуфӣ мезистанд. Онҳо барои ягон чиз хӯрдан менӯшиданд: тибқи қонуни номаълум, арақ бошад, дар бари он худ аз худ хўриш ҳам пайдо мегашт. Овозае паҳн шуд, ки гуё Билмесро ҳамроҳи Капорейкин ва ду нафари дигар барои оро додани ресторани «Зумуррад» даъват карда, ба ҳамаашон ёздаҳ ҳазор рубл ҳаққи қалам додаанд. Аммо ҳеҷ кас ин пулро надидааст. «Зумуррад», ки дар паси мизҳои он шомгоҳон качалҳо ва афсарони шӯравӣ менишастанд, пас аз таъмир шуоъи тўбҳои калони дар оинаҳо насбшуда толор тарабхонаро то андозае ба кайҳону сайёраҳо монанд мекард. Зиндагӣ ҳамин тавр идома дошт, то он воқеае, ки рӯй дод. Ва хориҷиён ба Монплезир зуд-зуд меҳмон мешуданд.

Сарулибосашон хуб, сару танашон озода, чунон шуставу пардозкарда буд, ки аз воқеияти Монплезир камрангтар ба назар мерасиданд; ҳатто зани фаронсавии мўяш дарози кабудранг бо домани сабзу куртаи норинҷиаш ба дунёи рангини мусаввараҳо баробар намегашт. Аҷнабиён дар Монплезир он чиро диданд, ки интизор буданд, ҳатто нусхаи варақҳояш часпидаи маҷаллаҳои «Америка» ва «Англия» бо доғҳои дар рўяшон гузоштаи тобаҳои тафсон ба назарашон аҷоиб менамуд. Ва асъори хориҷӣ мисли борон ба сари танбалҳои муфтхўр боридан гирифт. Капорейкин ҳоло, ки ҳама чиз аз байн рафт, Майк ном миллионерро возеҳ ба ёд овард, ки башараи даррандавораш шакли досу болғаро дошт, ғайричашмдошт як тўда коғази сабзакро ҳисоб накарда дод ва Капорейкин аз милитсия ҳам натарсида, онро гирифт. Ин ҳама ҳоло мисли хоб буд. Коммунаи рассомон фавран пароканда шуд — бисёриҳо аз қафои асарҳои худ ба Ғарб рафтанд. Ба Капорейкин ҳам чунин саёҳат насиб шуд: Италия бо вартаи ҳавои каб-кабуд, нахустин дар умраш «Макдоналдс», Амрико бошад, марбут бо пица ва як зани хайрхоҳи амрикоӣ — африқоӣ, ки бо тану тўш ба лаблабуи азиме шабоҳат дошт, роҳравҳои хуштарҳи асфалтпўш дар ёдаш монд. Капорейкин аз хоб бедор шуда, худро қаҳрамони афсонае эҳсос кард, ки ҷодугар ўро аз як ҷаҳон ба дунёи дигар бурдааст. Ногоҳ худро дар хонаи худаш дид: охири тирамоҳ, дар сар каллапўши латтагии бейсболбозон, дар тан либоси ҷинсии фарсуда, чанд доллар ва як пулдон — матрёшка дошт, ки бо чӣ ваҷҳе ба Горбачёв монанд буд. Хонаи кӯҳна, ки қариб беодам монда буд, мисли обсабзҳо дамида, қамчини борон дар деворҳо нақш баста, намак дар намакдон санг гашта буд. Капорейкин шишаҳоро, ки бо чӣ сабабе то ҳол насупорида буд ва аз онҳо андаке бӯи ширини Ватан меомад, ҷамъ карда, тасмим гирифт, ки ҳаётро идома диҳад.

Чанд муддат зиндагӣ бо ҳамон шаст давом ёфт. Намоиши асарҳо ташкил карда, илова ба мусаввараҳо чизҳои дигар низ мегузоштанд, мисол, маҷмўи қошуқу чангакҳои алюминии ошхона, шохаҳои рангкарда, ҳатто варақи коғази зардшудае, ки бо даст шеър навиштаанду ҳоло ба коғази ширеши часпакдор ва пашшаҳои ба он часпидаю аллакай мурда монанд шудаанд. Дар он варақҳо ҳасрати бемаҳал ниҳон буд. Ва акнун асарҳои санъати муосирро бештар на хориҷиён, балки миллионерҳои ватанӣ мехариданд, ки бо бинии пучуқи ба дил азиз, бо куртаҳои арғувонӣ ва курткаҳои чармин, ки ҷайбҳояшон ба ҳамёнҳои калон монанд аз дигарон фарқ мекарданд. Ҳатто тиҷорати маҳаллии асарҳои санъати таъсис ёфт, аммо кораш бесамар буд.

Сабаби чунин пастравӣ амиқтар ва муҳимтар аз коҳиши пардохти сармоягузорӣ ба санъат буд. Муҳити атрофи Капорейкин ва муштариёни ӯ дигар шуд. Акнун онҳо сайъ мекарданд бошуур ва барои худ масъулиятшинос бошанд: ашё дигар худ аз худ ба нестӣ афтода наметавонистанд, ҳама чиз соҳиб пайдо кард. Худи Монплезир ба шарофати бозиҳои ҳукуматдорони шаҳр бо тақсимкунандагони замин боқӣ монда буд. Воқеан, бинои як замон дар шаҳр машҳур ҳоло ном надошт; соатҳои тунукагиаш аз гардиш бозмонданд. Сокинони собиқи он ба ҳар тараф пароканда шуда, мисли зарраҳои барф дар замону фазо об мешуданд: гоҳ-гоҳ касе тамоман ғайб мезад — ё аз олам мегузашт, ё дигар аз худ дарак намедод. Ногоҳ маълум шуд, ки дар бинои расман мавҷуднабуда танҳо Капорейкин номнавис шудааст. Ӯ худро дар ҳоли марде дид, ки дар атрофаш оинаҳо шикастаанд ва ӯ, танҳо ў, соҳиби ҳақиқӣ ва ягонаи собиқ Монплезир мондааст.

Ин ҳиссиёт як андоза талх, вале боиси ифтихор ҳам буд. Дарвоқеъ, Капорейкин то ҳол худро ягона рассоми ҳақиқии бошандагони собиқу имрўзаи ин хона меҳисобид. Он ҳол, ки дигарон низ мутлақо дар бораи худ чунин фикр доштанд, моҳияти масъаларо тағйир намедод. Нахуст дар мусаввараи хурд одам-моҳӣ ва мурғони дӯстдоштаи худро мекашид, ки аз дур мисли салиб ба назар мерасиданд. Пас аз итмоми ҳар сурат хаёлан ба худ чорсад (ҳадди ақал) доллар медод. Вале баъдан аз ин андешарониҳо даст кашид. Он вақт кори Капорейкин пеш рафт. Ӯ хулоса кард, ки муҳити дар он махлуқҳои бо пари сабз парвозкунанда кашидааш бояд қаър дошта бошад. Вай ташкили ин фазоро ёд гирифт, ба шаффофияти рангҳо ноил шуд. Акнун мусаввараи манзараи сўзанбаргҳои шакарпечи арча ё санавбарҳои асалинро вобаста ба мавсим ба савдо мемонд, бисёр вақт барои худ заҳмат мекашиду намедонист чӣ мехўрад. Муддате вермишели аз пешин боқимондаро мехўрд, ки мисли нохуни бурида сахт шудаанд. Дар натиҷа, Капорейкин лоғар шуда, қоматаш хам гашт; ришаш дар зери микроскоп мисли доғи шустанашаванда менамуд.

Билмес дер карда омад, вақте пайдо шуд, ки шишаҳои пивои дар яхдони вайрон хунукнашуда дар рўи мизи андак тозашуда ҷой гирифта, ба арақи рўйи коргарони дастгоҳи тафсони оҳанобкунанда табдил меёфт. Баръакси Капорейкин, Билмес кам тағйир ёфтааст, танҳо дар чаккаи сараш як панҷа мўи сафед ҳусни иловагӣ мебахшид, пойҳои аз шорт берун баромадааш, дар шаҳр касе шими калта намепӯшид, ба пойи Билмес нею ба линги буз монанд буд. Бо як даст аз бари бонуи нимбараҳна Яна В. дошта омад. Капорейкин намефаҳмид, ки чӣ гуна метавон нимбараҳна зери даст ояд. Яна В., замоне яке аз беҳтарин занони шаҳр ва соҳиби муваффақи галерея — намоишгоҳи осори рассомӣ буд. Акнун лунҷҳои хоказадаи ў каме кашол гашта, қадаммониаш вазнинтар шуда, пошнаашро сахт ба фарш мекўфт. Бо вуҷуди ин, зоҳиран ў беҳтарин чизе буд, ки ин шаҳр дар давоми чанд рӯзи охир метавонист ба Билмес бахшад.

— Ана инҳо, донишгоҳҳои ман! — бо дабдаба хитоб кард Билмес ва дар тан шими сафед, қафояшро болои дивани дорои доғи равғанолуд партофт.

Онҳо пиво нӯшиданд, дар бораи санъат суҳбат карданд ва ҳамвор ба масъалаҳои рўзгор гузаштанд. Савғотии Билмеси сарватманд — чормағчаҳои намакзада ва пўстлохи иштиҳоовар умеди Капорейкинро дар бораи зиёфати муфт шикам пур кардан барбод дод. Яна В. дар Монплезир гоҳ нишаста ва гоҳо хеста қадам мезаду мекўшид шими гулобиашро чиркин накунад. Шими таранг ба бадан часпидааш ўро ба парии обӣ — духтар-моҳии фарбеҳак монанд карда буд. Билмес бошад, ба ҳама ҷо, ба тарқишҳои ҷевонҳои харобгашта чашм дўхта, аз тирезаҳои гуногун ба рўди Висейкаи ҳамвор менигарист ва гоҳ-гоҳ чун моҳие, ки дар рўи тахтаи поракунанда хобида меҷунбид. Ӯ аз шунидани садоҳо аз радиои кӯҳнаву хирагашта, ки ҳоло танҳо «Садои Америка» ва «Би-би-си»-ро қабул мекард, лаззат мебурд. Онҳо мавҷҳои беҳтаринро харида буданд ва радио бо душворӣ аз мавҷи тарафдорони ҳокимони маҳаллӣ порчаҳоро мисли қаланфури сиёҳ қабул карда, пахш менамуд. Ҷолиби диққат он буд, ки ҳама чизи дар Монплезир буда ба Билмес писанд омад. Вай аз дидани расмҳои ба фурўш тайёркардаи Капорейкин маънидорона хандид. Аммо дар паси расмҳои гулобии ў ки гўё бо шарбат кашида шудаанд, мусаввараҳои санъати асили Капорейкин хоксорона меистоданд. Нохост Билмес худро нороҳат ҳис намуд ва ҳатто дар дилаш нафрат пайдо шуд.

— Ба чанд пул меравад? — пурсид ў бо шавқи ғайритабиӣ ба расми охирини Капорейкин ишора карда. Дар болои сарпўши шоҳкосаи калони чинӣ одам-паррандаи сабзе кашида буданд, ки то андозае тоҷи империяи Россияро ба ёд меовард.

— Хуб... — дудила шуд Капорейкин. Таълифи ин расм таърихи на чандон хубе дошт. Ба рассом, шукӯҳи шоҳкоса писанд омаду онро аз хонаи як дўсти хубаш муваққатан иҷора гирифт. Ба бахти бади худ, шабе дар байни арвоҳҳо ва торикии устохонаи бесарусомонаш об нӯшидан хосту зарфро аз дасташ афтонд. Аз кураи зебои шоҳона пораҳои дандонадоре боқӣ монда, шаҳомати шоҳии худро тамоман гум карда, бештар ба баргҳои карам монанд шуд. Кӯшиш кард, ки зарари ба оилаи дўсташ расондаашро бо мусаввараи он пардохт кунад. Вале ин нақшааш барор наёфт. Соҳибони коса, ки якбора дўстиашон бо ў қатъ гашт, тасвири ашёро бо ивази он ба таври қатъӣ рад карда, боз айб ҳам монданд, ки дар сурати рўи карбос шоҳкоса каҷ омадааст, яъне дар асар нуқсон ҳам пайдо карданд. Ин мухолифат ба Капорейкин бори дигар тасдиқ намуд, ки муҳит дигар гашта, бо фарқ аз замонҳои пеш, одамон дар сурати ҳама чиз бо исрор асли молро дидан мехоҳанд. Зоҳиран, бо қонуни нав сахт гирифтанд: соҳибони коса ҳис карданд, ки рассом на мол ва на пулро баргардонда наметавонад, бо вуҷуди ин, аз рўи принсип сахт гирифтанд. Ҳоло Капорейкин дар баҳои сурат, на барои соҳибони зарф, балки барои тасаллои худ ва пиво — якуним ҳазор рубл мехост.

— Дусадта сабзак! — ногоҳ ин нархро гуфту ба суи Яна В. чашм давонд.

— Капор, ту медонӣ, ки нобиға ҳастӣ? — гуфт ғайричашмдошт Билмес бо табассуми хунук. Вай дар болои диван паҳлӯ зада, аз пружинаҳои дардманди он садоҳо бароварда, дароз кашид ва пойҳояшро бо Adidas-и сафед дар болои курсии фатаротгашта гузошт. — Дусад доллар — хандаовар! Барои ин дусадта аз «чўбин»-аш** ҳам намедиҳанд. Маҳз барои ҳамин, Капор, имрўз гўшатро бурӣ ҳам*** ба қадри ту намерасанд. Ин доғҳои эъҷозкорона дар латта гузоштаат, — ў ба расми дар канор шармгинона истода бо стакани дасташ ишора кард, — рўзе баробари даҳҳо тонна сабзак баҳо пайдо мекунад. Шояд садҳо тонна. Аммо вай насиби шумо нахоҳад шуд, Капор. Ин нодуруст мебуд. Зеро нобиғаҳо наҳсу касофат меоранд.

Капорейкин бо душворй оби даҳонашро фурў бурда, дастонашро ба шимаш пок кард. Баъд аз нав тоза кард. Ногаҳон чашмаш ба сўзиш даромада, лаҳзае ба назараш чунин намуд, ки дар сурат чизе тағйир ёфт. Гӯё он ҷо, ба рангҳои барояш хеле азиз боз каме ранг партофтанд ва сурат ба ларза даромад.

— Чаро? Чӣ хел? — чун хурўси шабкўр ин ҳарфҳоро аз даҳон фишурда берун кард ва якбора ҳама чизро пурсидан гирифт.

— Ба нобиғаҳо чӣ гуфтан мумкин? — коҳилона, вале бо кинаи торафт шадидшаванда сухан ронд Билмесов. — Ту мефаҳмӣ, Шагал чӣ хел аст? Ё Пикассо? Ё, импрессионистҳоро гирем. Он ширинакҳо чистанд? Ман намефаҳмам! Ман бар хилофи ту, граппа**** нахўрдааму аз гондола ба обҳои муқаддас қай накардаам. Ман он ҷо рафта ҳамаро дидам. Ман софдилона кӯшидам, ки онҳоро бифаҳмам.

Дар пеши назари онҳо дар осорхонаҳо мисли аблаҳ часпидам. Онҳо дар худи худ бастаанд. Танҳо як лаҳза ногаҳон ба назарат аён мешавад, баъд гум мешавад, боз як бори дигару тамом, дигар ҳеҷ чизро намебинӣ. Не! Тасаввури ман дар бораи расм берун аз худи расм вуҷуд дорад. Аз куҷо пайдо шуд, маълум нест. Аммо ин дар вуҷуди ман аст, аз они ман аст, на аз як нобиға! Genius***** як шартнома аст. Муоҳидаи хатарнок аст. Ним дарсади инсоният — аблаҳҳои бузурги сарватманданд, ки барои латтаи ба рўяш ранг партофта пул мепартоянд, санъатро камтар аз ман мефаҳманд. Дурусттараш санъатро не, нархи асарро дар хариду фурўш мефаҳманд. Нубуғ як баҳона аст, барои партофтани ҳубобчаи калон. Он мисли дастони Венераи Милосӣ аст. Онҳо бо зан хаёлан тамоми чизҳоро месозанд, кандакорӣ мекунанд. — Ҳоло онҳо ҳастанд ё не? Бигӯ!

— Билмесики мо файласуф аст, — гуфт Яна В. бо нигаронӣ ва хост муйҳои дағали Билмесро сила кунад, вале ў сарашро хам карда, аз дасти ў дур намуд.

— Ту, Капор, беақлӣ, ман доно. Бинобар ин, ба гапам гуш кун, — бо зурӣ суханашро давом дод ва Капорейкин ба ҳавои гапи ў сар ҷунбонд. Билмес илова кард: — Ту ҳамчун як нобиға дар ин зиндагӣ ба ҳеҷ чиз ҳақ надорӣ, чунки ба он фақат ранг мекашӣ. Он чи, ки ту ранг мезанӣ, то он даме, ки ранг кардан мегирӣ, аҳамияти олидараҷа дорад. Баъд худашро гум карда, нохост арзиш пайдо мекунад. Ту, Капор, дар тобут мехобӣ, асарат дар музей ҷой мегирад. Аммо вай мўҷиби ҷовидонии ту намегардад. Шарафи он аз гулҳое, ки дар хоки турбати ту рўида мешукуфанд, гаронтар нахоҳад шуд. Тасвирро дубора мефурӯшанд, медузданд, ба музояда мегузоранд, бо як даста тасвирҳои қалбакӣ пул кор мекунанд. Ҳеҷ кас, аз ҷумла нусхабардорон, намефаҳманд, ки ту чӣ кашидӣ ва он дар эҷоди ту аз куҷо пайдо шудааст. Ҳеҷ кас расмро ба ҳаёти воқеии худаш барнамегардонад. Ва он гоҳ дар осорхона як бемор пайдо шуда, мусаввараатро бо корд мебуррад. Касе дар ҷараёни ин қисса ҳатман кушта мешавад. Ба ман ҷавоб деҳ, Капор, — ин лаҳза дар чашмони сарди Билмесов нуқтаҳои манфӣ ба рақс омаданд, — агар пешакӣ медонистӣ, ки аз асари ту чандин кас халок мешавад, ҳоло чӣ кор мекардӣ?

— Ман худам мусаввараро бурида чок-чок мекардам, — самимона посух дод Кристиан Капорейкин ва аз чӣ сабаб ба тарафи Яна В. нигоҳ карду ба ҳоли аҷибе гирифтор шуд: дар дилаш эҳсосе пайдо шуд, ки тасодуфан бо ӯ ҳамхоба шудааст. Яна В. ҳанӯз бадак не: дар гардани қаймоқирангаш холи шоколадранг сиёҳӣ мекард, дар нўги лаби болояш аз кафки пивои пастсифат хатте чун муйлабчаи аз шир сафедгашта буд. Айни замон аз паси дӯстон хастагии худро афшонда дур мекард ва бо эҳсоси чунон баланд ба мусаввараи Капорейкин назар менамуд, ки оқибат ба gesheft — фанду фиреб мебурд.

Дар асл, Яна В. ба суханҳои иғвогаронаи Билмес таслим нашуд. Мусавввараи дар чаҳорчўба истода ба ранги руйкаши зардевори хонаи як шиносаш аҷаб мос омада буд. Дар байни қобилиятҳои бешумори аҷибаш Яна В. ҳунарҳои дигар ҳам дошт — эҷод кардани байтҳои озод, нақшкорӣ бо қалами ғайримуқаррарӣ дар либоси крепдешини сафеди «бибӣ», ки аз он дӯст ва рақиби ӯ, замоне яке аз беҳтарин занони шаҳр, дар ателйеи дўзандагиаш як чизи аҷиб офарида буд. Яна В., метавонист рақами хона ва телефонҳои мобилии бисёр одамони калону муҳимро пайдо кунад, ки ҳатто рӯзноманигорони кордон бо роҳи махфӣ низ ба онҳо наздик шуда наметавонистанд. Истифодаи рақамҳои бадастомада хатарнок ҳам буд: ба Яна В. метавонистанд бидуни огоҳӣ зарари ҷисмонӣ расонанд. Боре чунин ҳам шуд ва пас аз он воқеа ба рўй хока молида, лунҷҳояшро мисли самбўсаҳои варамида ё пирожни карда ба кўча мебаромад. Аммо, дар аксари маврид муштарии сахтгир овози ўро аз телефон шунида, бо таассуф фикр мекард, ки агар рассомон девона бошанд, санъатшиносони онҳо низ каме аз ин сарват доранд. Бархе ба фикре омаданд, ки агар Яна В. аз байни дастаи посбонҳо ва котибаҳо гузашта, ба қабули чунин ашхос даст ёфта бошад, пас аз рӯи адолат, бояд аз ӯ чизе бихаранд.

Дақиқан, Яна В.-ро ба таври худ дӯст медоштанд — ҳаққи VIP-ашхосро бо меҳри хос мепардохт, ки ба нақшаи норавшани омехта бо издивоҷ ишора мекард, аммо албатта аз он суиистифода менамуд, ки онҳо санъатро комилан дарк намекарданд. Аз таҷрибааш Яна В., маълум намуд, ки агар шарики муомилот коршиноси ҳирфаӣ бошаду бо чашмони сарди игуан******, ё коллексиякунандаи бомаърифати чанд китобро хонда бошад, ба пули зиёд умед бастан лозим нест. Пули бисёр вақте ба даст меояд, ки ҳангоми муаррифӣ як бонуи соҳибҷамол ба гардани саҳом кашол шуда, бо ноз хоҳиш намояд: «Ваася, ана ун зардакаша мехоҳам». Он гоҳ Васяи сахӣ чинҳои хиради худро дар пешонии паҳнаш ғунча карда, аз бағалаш пулдони яккилограмма мебарорад. Яна В. ба фалсафаи Билмесови аз ҳад доно шарик набуд, вале тарафдори иттиҳоди ҷаҳолат ва санъат буд. Дар вақташ бо миллионери аҷнабӣ Майк ба ҳеҷ чиз соҳиб нашуд, ба қобилияти маҳдуди мардиаш зам мегашт иллати дасти нофорамаш, ки гӯё барои бехатарии бештар ба он дастпӯшакҳои ҷарроҳӣ кашида буд ва хасисӣ; бо ду ҷаноби серпули истеҳсоли ватанӣ ҳам кораш барор нагирифт, чунки дар вуҷудашон нишонае аз маҳбас ҳувайдо буд: ҳарду ба булкаи нон монанд буданд, ки дар сих пухтаанд. Бо вуҷуди ин, Яна В. ба бонуҳои чаққон, ки метавонистанд бо пули мардҳо чизи дилхоҳашонро харидорӣ кунанд, ҳусни таваҷҷуҳ дошт. Аз зиндагӣ шиква надошт ва мекўшид ҳама чиро, ки ҳаёт ба ӯ дода метавонист, бигирад.

Фурӯши асарҳои санъат торафт мушкилтар мегашт: шаҳр чунон танг буд, ки муштариёни эҳтимолӣ аз зангҳои такрорӣ малол мешуданд, зеро онҳо аллакай аз Яна В. чанд расм харида буданд ва ақида доштанд, ки вазифаи хайриявии худро дар назди ҳунар пурра иҷро кардаанд. Аммо, як ҳафта пеш вай бо як муштарии қаблан дастнорас шинос шуд. Сарвари гурўҳи калони молиявию саноатӣ, ки буҷаи чанд шаҳрчаи хурд ба он вобаста буд, худи ҷаноби Селиванов, на ин ки бо осонӣ, балки бо як бепарвоии нофаҳмо ба мулоқот розӣ шуд. Ў Яна В.-и ба ҳаяҷон омадаро дар утоқи истироҳатии оростаю перостаи паси дафтари кориаш қабул кард. Ҳарду ҳуҷра нисбат ба идораҳои қаблан дидааш чун намунаи беҳтар ва дастнорас хидмат мекарданд; вале онҳо як холигии аҷиби шаффоф доштанд. Гўё кондитсионер нохост қобилияти баровардани чанги одиро гум кардааст. Ҷаноби Селиванов марди қадпаст, костюми комилан ба танаш мувофиқ, тавқи калон дар гардан дошт; пилки чашмаш илтиҳоб шуда, дар сари гулобирангаш чанд тор мӯйи хуб шоназада ба парҳои тари чӯҷаи навзод шабоҳат доштанд. Олигарх бемор ба назар мерасид ва дар ҳуҷраи перостааш чунон бо эҳтиёт меистод, ки гўё дар долони назди духтур барои қабули пинҳонӣ омада бошад; ба назар чунин менамуд, ки ў намедонист бо вақти бениҳоят гаронбаҳояш чӣ кунад, онро барои фақат чанд нафари баргузида мебахшид ва ҳоло тайёр буд, ки на танҳо ба Яна В., ҳатто ба шайтони шохдор низ тоқат кунад, аммо дар ҳоле буд, ки тамаркузи диққаташро ба онҳо ҷалб карда наметавонист, фикраш куҷое парвоз дошт.

Аз тамошои одам-чўҷа, ки қаҳваи хунукро ба лабаш бурда, гуё навакак ба косааш санг партофта бошанд, ба рақс даромад, Яна В. фаҳмид, ки бо пули хеле калон муоҳида хоҳанд кард. Селиванови бузург гуё буду аслан гўё набуд, вале айни замон ба осонӣ таслим гашта, ба ҳама шартҳо розӣ шуд. Дар болои сари ў Яна В. як навъ нурро дид ва онро ба таври худаш маънидод намуд: оинаи хушҷавҳари паси олигарх як мусаввараи мувофиқ талаб менамуд ва як лаҳза Яна В. ҷўшу хурўши илҳомро эҳсос карда, ногаҳ дарк намуд, ки санъат ҳамеша кадом холигоҳро пур мекунад. Аммо ба зудӣ нур ўро тарк карду ҷояшро ҳамон ороиши муқаррарӣ гирифт. Яна В. зани ростқавл, ба таври худ хулоса кард, ки Селиванов омода аст бо миқдори калони пулаш хайрухуш кунад, вале қаноатманд хоҳад шуд. Акнун танҳо интихоби асаре боқӣ монд, ки ин деворҳои пурифодаро боз ҳам ифоданоктар созад.

Ва ҳоло, ки Билмеси девона ба ҷойи тарабхона бурдан, ўро кашола карда ба саройи дуошёнаи ифлос овард, вай ҳамон чизи даркориро дид. Аз ин рӯ, тоб овардан лозим буд ба дудаи рўи курсӣ, ба пивои гарм ва умуман ба ин сафсаттаҳо, ки меҳмони зиёӣ аз хастагии майнаи сараш мелаққиду мелаққид.

— Маслиҳати ман ба ту ҳамин, Капор, — тамасхуромез идома дод Билмес ва Капорейкини эҳсосиро тамоман таҳти гипноз гирифт. — Ҳеҷ гоҳ асари асил нанавис. Халтура кашидан гир, бо услуби худ каш, вале қалбакӣ. Нусхаашро зиёд бикун. Ин ҳадди ақал одилона хоҳад буд. Он гоҳ мебинӣ, ки аз сарвати рўзгор ба ту ҳам чизе меафтад.

— Хуб, бачаҳо, сафсатта бас, — гуфт дағалона Яна В. ва резаҳои чипсиро аз куртаи дар танаш таранг нишаста афшонд. — Аз осмон ба замин фуроед. Расми хунуки туро ман мефурӯшам, Капор. Дусад доллар ваъда намедиҳам, вале сад доллар мегирӣ. Пагоҳ дар хона мисли дӯхтамондагӣ бишин, саҳарӣ медароям.

Шомгоҳ Билмес ва Яна В., андак пешпо хӯрда, пойи ҳамдигарро зер карда, дар ҷустуҷӯи моҷароҳои нав ба кўча баромаданд. Онҳо Капорейкинро бо худ набурданд, вале ба ў маҳз ҳамин танҳоӣ лозим буд: гӯё ӯ дар тӯли солҳои охири пурташвиш лаҳзае танҳо набуд, бесаброна орзу мекард, ки бо худ ва расмҳои худ танҳо бимонад ва дар фикри он буд, ки бо кадом роҳ намоиши онҳоро ташкил кунад. Аввал онҳоро дар мебели фарсуда қатор карда монд. Сипас... Капорейкин аслан беақл набуд ва фаҳмид, ки Билмес беҳуда ба ӯ аз Шагал ва Пикассо ҳарф назад. Аммо ба ҳар оин... Суханҳои дилфиреби Билмес ба хамиртуруши кӯҳна афтод. Ногаҳон ҳамаи он маблағи маҷозӣ, ки Капорейкин барои корҳои бепул иҷрокардааш хаёлан ба худ ҳисоб мекард, ба ҳам пайваста, вартаеро ташкил дод. Шаби тобистон шаффоф гардид; аз қабат-қабат абрҳои ғафси осмон холо абрҳои пармонанди нуқрагун боқӣ монда, дар фазои равшан шино мекарданд ва дар байни Монплезир ва ситораҳои хурд чизе набуд ғайри радифи сунъии америкоӣ, ки аз байни онҳо мулоим ҳаракат карда пеш мерафт. Акси фонуси ба Висейкаи хоболуд афтода чун гурбаи дар болои кўрпа хобида менамуд; дуртар одаммоҳӣ обро пош дода, чархвор тоб мехўрд, одамчўҷаҳои тира дар байни баргҳои бунафшранг ларзида, гоҳ-гоҳ фуки чиркини худро берун карда, бо даҳончаи хурдашон хамёза мекашиданд.

Мурғодамҳо аз тирезаи бепарда мурғмарди азими ришдорро дида метавонистанд, ки дар утоқ бо корд сайру гашт мекунад, мисли муаллим бо ишорачўб гоҳ-гоҳ ба чизҳои қатор гузоштааш чун асбоби аёнӣ мезанад. Дар асл Капорейкин ба як қарор омада натавонист. Баъзан ба назараш чунин менамуд, ки ў бо мадади корд оянда ва сарнавишти одамонро идора мекунад. Эҳсосоти мухталифи ноошно дар ҷони ӯ саргардон гашта бо ҳам омезиш ёфтанд. Ҳамаи ин бо васвасаи ҳаваси давомдор ба зани фарбеҳак Яна В., ки он шаб ҷуръат накард, ба ў ба тарзи одӣ, чун марди безан муроҷиат кунад, торафт нерўи бештар пайдо мекард. Вақте ғалаёни эҳсоси ў ба як нуқтаи аҷиб расид, ба хулоса омад, ки ба Яна В. ошиқ шудааст ва аз фардо ҳаёти ӯ бакуллӣ дигар мешавад.

Пагоҳии рўзи дигар бо сару рўи варамида ва аз хуни хомўшакҳои пачақардааш сурхшуда мехобид, ки ўро садои ба зинаҳо бархўрдани пошнаи пойҳо бедор кард. Яна В., зани корчаллон ва ҳушёр, дар тан костюми нимҳарбие, ки бўи утӣ дошт, ба устохона зада даромад ва мусаввараи дирўзаро ба даст гирифт. Капорейкин ҳатто фурсат наёфт, ки тамоман бедор шавад. Ду соат лозим буд, ки аз ҷойхоби арақкардааш хазида барояд, аз сатил оби бемаззаро фурў бурд. Баъд хост ба тоза кардани хона шурўъ кунад ва ҳатто латтаи картони хушкшударо дар оби сатил тар кард. Ҳаяҷон Капорейкинро тарк накард, аммо ботинии ўро афгор ва холӣ кард. Ниҳоят, шунид ва дарҳол аз тиреза дид, ки мошини хориҷии сафеди сабзгун, ба сўи айвони каҷшудаи ў гашта, аз болои чангу шагал эҳтиёткорона наздик омад.

— Худи Селиванов харид, фахр бикун! — аз остона эълон кард Яна В.-и пирўз, ки ҳеҷ монанд набуд ба симои марворидмонаде, ки тамоми шаб дар хаёли Капорейкин дар байни ин деворҳои пургуноҳ сайр мекард. Дар рўи Яна В., доғи калоне хокаи хушбўйро сӯзонда, худро намоён мекард, нафаси бо атр тароват бахшидааш ҳоло ҳам бадбўй буд. Сумкаашро кофта, нохост як даста сабзакҳои саддоллараро баровард ва аз он яктаашро ҷудо карда, пеши Капорейкини ҳайратзада партофт. Рассом хост, ки соҳибаи галереяро мисли кострюл аз ду дастакаш сахтакак бифишорад, аммо Яна В. чолокона чарх зада, худро аз зери дасти ў дур кард ва бо пошнаҳояш бозикунон аз айвонча баромад.

Капорейкин аввал сахт дилгир шуд, баъд ба ҳолати муқаррарӣ баргашт. Ба ҳар ҳол як қисми фарши холимондаро шуст ва устохона ба ҳаммоми сиёҳи сард монанд шуд. Дид, ки лӯлаи алюминӣ аз шуоъи офтоб дурахшида, мисли тиллои фарсуда ва харошхўрда ба назар мерасад, бо шавқ дар бораи рангҳо фикр кард. Пас хаёлаш ба дигар тараф рафт: азбаски ногаҳон соҳиби пул шуд, мебоист Билмесро бо ҳамқадаҳони собиқаш ёфта, чанд рӯз бояд байни мардум бошад. Капорейкини аз хонатозакунӣ тар шуда ба ягон хулоса наомада, ба рӯи кат афтод ва аз хуши коре надоштан «Овози Америка»-ро беэътиборона болои шиками урёнаш гузошта, гўшакашро тоб додан гирифт. Эфир ҳуштак кашид, ғуррос зад, баъзан мусиқии аҷиб медод ва Капорейкин кўшид он мавҷҳоро дорад, аммо ҳарчанд даступо зад, онро дошта натавонист. Ногаҳон аз партовҳои эфир шунид, ки як зан, бо лаҳни одӣ хабарҳои охиринро хондан гирифт:

— ...дар кунҷи кўчаи Шевченко ва Первомайская аз автомат тир парронда шуд. Як муҳофизи Селиванов дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд, худи Селиванов дар роҳ то бемористон нарасида, дар мошини эҳёгарӣ ҷон додааст. Тавре намояндаи маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилоят ба хабарнигорон иттилоъ дод, дуртар аз ҷойи ҳодиса мошини рангаш гелосии «Жигули» —и партофта ёфт шуд, ки аз он тир паррондаанд. Мошин аз моҳи майи соли ҷорӣ ҳамчун амволи дуздида маҳсуб мегардад. Тахмин меравад, ки фаъолияти Селиванов ва гурӯҳи молиявию саноатии «Хирси заррин» ба манфиатҳои»...

Бо ҳамин мавҷ дигар ва овози баранда гум шуд. Чанд вақт Капорейкин гуё дар хона набуд. Баъд Капорейкин баргашт ва дид, ки чор соат гузаштааст, офтоб паст фуромада, дар холигии байни баргҳои тирашуда, гуё ситораҳои гулобӣ ба вуҷуд меовард. Акнун дар болои кат даст ба зону зада, одами тамоман дигар менишаст.

Ранги чашмонаш мисли тухми бедона буд, гўё чизеро намедид, шиками лоғаргаштаашро ду ожанги калон ифода менамуд, мӯйи сараш чун мўи хохол рост хеста буд.

Пас аз ин дар давоми чанд рӯз Капорейкин бо фосилаҳо ба фаъолияти аҷиби хоҷагидорӣ машғул гашт. Акнун касе ўро бинад, муаллими ишорачўб дар даст не, балки деҳқони заҳматдўсте мепиндошт, ки бо кори хоҷагӣ машғул аст. Капорейкини чаққоншуда бо чеҳраи офтобхўрда тахтаи девори нимпўсидаро бо табарча хароб кард, бо канистраҳои пур давутоз намуд, ҳама чизро ба тартиб оварда, кафтарҳои фарбеҳи болохонаро нороҳат мекард. Ҳар кас, ки аз ҳоли бино каме огоҳӣ дошт, мегуфт, ки Монплезир ба ин кор намеарзад. Умри Монплезир дар ҳама ҷо ба охир мерасид: расмҳои кашидаи сокинонаш дар коллексияҳои хусусӣ ва осорхонаҳои хурд парешон ва пажмурда мешуданд, шеърҳо бо соядастҳо гум шуданд, композитсияҳои бо мўди нав кашида, ки аз ашёи партовгоҳ сохта буданд, пӯсида занг мезаданд, шохи рангкардаи дарахтонро кирмҳо хўрда тунук мекарданд. Санъате, ки на барои абадият, балки барои олами фонӣ аз партовҳои ин дунёӣ моддӣ офарида шуд, худро ҳимоя карда натавонист ва баргашт ба ҷое, ки аз он пайдо шуда буд.

Капорейкин дарк намуд, ки бояд бо ягон тарзи ғайриодӣ бо одамони дар қитъаҳои гуногуни ҷаҳон ва қишрҳои ҷомеа парешонгашта ҳамтақдир шавад. Ӯ яқин кард, ки маҳз ӯ, охирин кас, рисолат дорад мавҷудияти Монплезирро тасдиқ намояд. Чунки агар имкони ба ҷое рафтан бошад, пас ин падида ба маънои мабнои абадӣ дар кадом шакле вуҷуд дорад. Тарзи амалӣ кардани ин фикр равшан набуд, вале онро Капорейкин ҷуста пайдо кард.

Дар ин миён баъди ба қабристони пуршукўҳи Хомутовский рафтани Селиванов масъалаи ҷудо кардани замин хеле зуд ба таври қаноатбахш ҳаллу фасл шуд. Натичаи ҳамин буд, ки пагоҳии як рўзи одии корӣ булдозери бадҳайбати шабеҳи мошини азими дарздўзӣ аз роҳи асфалтпўш баромада ба чап гашт ва буттаҳои сари роҳро пачақ карда, ба объект наздик шудан гирифт. Аммо ба сўи булдозер ба ҷои насими аз нам пўсидаи Висейка тафси пурдуд омад. Монплезир месўхт. Тирезаҳои шикастаи ошёнаи дуюмро чунон ки пардаҳои абрешимиро шамол навозиш мекунад, шӯълаи рангаш афлесунӣ мелесид, бом аз оташи шаффоф равшан буд ва дере нагузашта тамоми Монплезир дар рентгени оташ муддате монанди скелети динозаври замони қадим намоён гашт. Дар хусуси рассом Илья Капорейкин бошад, вай ба осонӣ халос хўрд. Фақат як мусаввараи ў дар дафтари кории марҳум Селиванов маҳфуз монд, ки он ҷойро шербачаҳои РУБОП******* таҳқиқ карда коғазҳоро ларзонда пош медоданд, барои ў дастнорас шуд.


* Монплезир — мон плейсир — «Лаззати ман», ё хушлаззат, унвони манзили рассомон, ба маънои ҷойи хуш.
**Пули русӣ.
*** Ишора ба рассом Ван Гог, ки дар ғояти эҳсоси шадид гўшашро бурида буд.
**** Як намуди коняки сахттаъсири итолиёӣ.
***** Нобиға.
****** Як навъи калтакалос.
******* Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ноҳия.