Киштӣ


Пур бишуд аз дуди киштӣ бандари кӯчак
бар кадомин Лим ё ки Лиссабон
баъди чанде роҳ мегирад
бо садое хайрафшо...

Бо ғиҷимпероҳане дар тан, кулоҳи гирда бар сар
Мерасанд аз домани пайроҳаҳо,
Мерасанд онон забони худ нишон дода ба волии кулаҳдор
Бо имое дар тиҳигаҳ нопадид гардида аз дидор...

Мешиносам аксар ононро зи гапҳои шунида,
Аз мақомоти баланданд;
Мефишонад даст аз он партгоҳ, аз нӯги ҷар
он ҳукмгардида ба қатл
сеҳркарда хешро шоир.

Зудтар, биштоб, танҳо як дақиқа монда,
з-он пас роҳ, роҳ...
Андар ин киштӣ барои мо
Ҳуҷрае шояд шавад пайдо.

Аз бари мо бигзарад чанде ҷазира:
Чун Канар, мисли Азору чун Багам ё ин ки Бермуд...
Мо вале андар шино хоҳем буд
Не барои молҳои аҷнабиён,
Балки бар базми худоён...

Лек не он ҳадяҳои бебаҳо, не ҷадалҳо аз дилу ҷон,
Бар шиноварҳо наҷоте новаранд,
Чунки моро сокинони осмонҳо мисли раҳзанҳои ваҳшӣ
Мехӯранду мехӯранду мехӯранд...