Михаил Анищенко

Соли 1950 дар шаҳри Куйбишев (холо Самара) таваллуд шудааст. Донишкадаи адабиёти ба номи Горкийро хатм кардааст. Фрезерчӣ, челонгар, сантехник, посбон, ёрдамчии раиси шаҳр, рўзноманигор будааст. Нахустин китоби шеърҳояш соли 1979 ба табъ расида, муаллифи чандин маҷмӯаи шеърҳо, аз ҷумла «Тумор» (2008) ва «Сурудҳои борони кӯр» (2011), романҳо ва як пажӯҳиши биографӣ дар бораи ҳаёти В. Шекспир зери унвони «Вартаи пур аз ситораҳо кушода шуд». Баранди ҷоизаҳои «Камондори нуқрагин», ба номи С. В. Михалков ва ҷоизаи адабии шабакавии «Шоири халқӣ» мебошад. Солҳои охир дар деҳаи Шелехмет ба сар мебурд. Узви Иттифоқи нависандагони Россия буд. Соли 2012 вафот кард.
Ҳамасола дар Самара ҷашнвораи умумирусиягии адибони ҷавон ба номи шоир баргузор мешавад. Евгений Евтушенко Анишенкоро муаррифӣ карда, навиштааст, ки вай «бо иқророти хирадмандонаи бачагонаи худ зебост, шоир дар байни ин гуна одамони нотарсу бепўст, ки аз нуктаи назари риёкорӣ ноўҳдабаро, аммо нисбат ба ватан, зан ва табиат мулоиманд, аз ҷумла Сергей Есенин, Николай Рубтсов, Веничка Ерофеев, бегона нест».