Соати регӣ
Иблису малак, чашмаву рўд аст на бо ҳам,
Чун маргу ҳаёт аст ҷудо дилхушиву ғам.
Эҳсосу сухан, кинаву меҳру алами ҷон
Пайваста бикоҳад чу тамузу чу зимистон.
Умрам чу ба ҳар маҳфили беҷо гузарон аст,
Дар соати регӣ дили ман реги равон аст.
Бедард бувад соати регӣ, бифишонад
Чун рег маро, дар дилу ҷон ҳеҷ намонад.
На ҷуфт бигунҷад ба дили содаву на тоқ,
Чун соати регӣ бишавад сарнагун офоқ.
Гаҳ дар дили ман лек, чу як толиби ҳастӣ,
Аз нест равон рег бувад ҷониби ҳастӣ.
Иблис малак гардаду ман — кўдаки озод,
Аз нав ба ҷаҳон рўд зи сарчашма кунад ёд.
Чун маргу ҳаёт аст ҷудо дилхушиву ғам.
Эҳсосу сухан, кинаву меҳру алами ҷон
Пайваста бикоҳад чу тамузу чу зимистон.
Умрам чу ба ҳар маҳфили беҷо гузарон аст,
Дар соати регӣ дили ман реги равон аст.
Бедард бувад соати регӣ, бифишонад
Чун рег маро, дар дилу ҷон ҳеҷ намонад.
На ҷуфт бигунҷад ба дили содаву на тоқ,
Чун соати регӣ бишавад сарнагун офоқ.
Гаҳ дар дили ман лек, чу як толиби ҳастӣ,
Аз нест равон рег бувад ҷониби ҳастӣ.
Иблис малак гардаду ман — кўдаки озод,
Аз нав ба ҷаҳон рўд зи сарчашма кунад ёд.



