Ҳалқаҳо
Зери чашмам ҳалқаҳо, чун ҳалқаи дўзах,
Беш аз ришам бувад з-ин баъд ташвишам.
Рафта ёронам ҳама, гашта дилам чун ях,
Рафта ёронам чу даври рўи об ин дам.
Бист соли тирагии мулки беҳ аз ҷон,
Мисли дуди лўла монда қадди болоям...
Ёфт роҳи мушкилам бо ин гиреҳ поён,
Охир аз анҷум ҷудо шуд наҷми волоям.
Маънавӣ аслам ҳама харҷи таманно шуд,
Хаставу сардам дигар, ёри бухориям.
Нест биме ҳам қариб ин дам зи марги худ,
Ин «қариб» аммо диҳад пайваста хориям...
Беш аз ришам бувад з-ин баъд ташвишам.
Рафта ёронам ҳама, гашта дилам чун ях,
Рафта ёронам чу даври рўи об ин дам.
Бист соли тирагии мулки беҳ аз ҷон,
Мисли дуди лўла монда қадди болоям...
Ёфт роҳи мушкилам бо ин гиреҳ поён,
Охир аз анҷум ҷудо шуд наҷми волоям.
Маънавӣ аслам ҳама харҷи таманно шуд,
Хаставу сардам дигар, ёри бухориям.
Нест биме ҳам қариб ин дам зи марги худ,
Ин «қариб» аммо диҳад пайваста хориям...




