Танкчӣ ва ё Бабри сафед
(пора аз роман)
Чун пештара, ягона чизе, ки дар бораи ў медонистанд, бе ҳушу ёд аз муҳорибаи Курск баргаштанаш буд. Маълумоти ночиз тавассути силсилаи боэътимодтарини хабарӣ — таъмиргарон-ронандаи мошини боркаш-госпитали саҳроӣ дастрас гардид. Майори ҷарроҳ, бинобар набудани маълумоти дигар, дар ҳуҷҷатҳояш оҷилан зикр намуд: «танкчии номаълум».
Зимистон Иван Иванич тамоман сиҳат шуд. Дуруст аст, ки ҳамоно дар бораи худ чизе гуфта наметавонист ва суханони одиро ҳам ҳанўз ба душворӣ талаффуз мекард. Бо вуҷуди ин, ҳар супоришро комилан огоҳона иҷро менамуд ва, ғайр аз ин, ба номи наваш бо майли тамом посух медод. Оқибат ўро аз назар гузаронданд ва қобили хизмат донистанд. Ба зодгоҳашон танҳо маъюбони бешубҳаро мефиристоданд, дигарон — контузияшудаҳо, сўхтаҳо, ҳатто хотиргумкардагонро барои аз нав ба қисмҳои ҳарбӣ тақсим кардан равон менамуданд.
Барои «хушбахтон» аз қисмҳои ҳарбӣ пайваста харидорон меомаданд. Бобарортаринҳо ба полкҳои миномётҳои реактивӣ меафтоданд; дар байни «катюша»-чиҳо талафот аз ҳама кам буд. «Ғаниматгирон» ва хизматрасонҳои аэродромҳо низ нархи боло доштанд. Пиёдагардону артиллериячиёнро бошад, имконияти камтарини дар «қофила» мондан буд. Лекин ояндаи Иван Иванич тамоман навмедона тасаввур мешуд — талафот дар «галаи оҳанин» чунон бисёр буд, ки дар бораи ба қисмҳои собиқашон баргардондани танкчиён амри худи Калон баромад. Агар ҳамон навишта — ҳукмномаи майор намебуд, Иван Иваничро бемушкил ба сафи «эҳтиётиён» дохил менамуданд. Лекин комиссия аз таваккал худдорӣ кард. Он аз рўи таҷрибаи талхаш медонист — касонеро, ки ба таъйини бемақсади кадрҳои камёб мусоидат мекунанд, муҳокимаи сахттарин интизор аст. Кормандони госпитал дар сари ҳуҷҷатҳо дер фикр накарданд — ба ин одами ваҳмовар китобчаи наве доданд, ки дар он равшану фаҳмо навишта шуда буд: Иван Иванич Найдёнов. Дар масъалаи миллаташ ҳам худро ғам надоданд — тоза гап мезанад, пас рус аст. Ҷои таваллудаш нишонии госпитал шуд. Мансубияти ҳизбӣ — ғайриҳизбӣ (Аз қаблан коммунист буданаш дигар чӣ суд?). Ихтисос — танкчӣ. (Худашон дар боло медонанд, ки ба куҷо таъйинаш кунанд.) Танҳо дар масъалаи синну солаш дармонданд. Кўшиданд, ки ақаллан тақрибан онро муайян кунанд (тамоми ин муддат Иван Иванич, дар тан либоси ҳарбии тамоман рангпаридаи кадом сарбозе, дар назди эҷодкорони ҳаёти нави хеш беҳаракат рост меистод), вале, бинобар сўхтани саропояш, натавонистанд ва, даст афшонда, ҳамзоди асраш навиштанд.
Ҳамаи духтурону ҳамшираҳои шафқат, ки банд набуданд, ба гусели Найдёнов баромаданд. Падидаи гўшношунидае буд ў, ки ягон илми тиб шарҳаш дода наметавонист. Касе, ки як ҳафтаро дар танки тамоман маҷақ гузарондаву навад фоизи баданаш сўхта буд ва ягон имкони зинда мондан надошт, акнун, гўё аз он дунё, дар по мўзаҳои худораҳматии навбатӣ, дар тан шинели аз қадаш дарози бисёр ҷойҳояш тирхўрда, дар сар телпаки сарбозии барои сармо бо тасма аз таги фукаш басташуда, аз пешайвон фуромад. Ба тахтапушти танкчӣ борхалтаи харобе часпида буд, ки ҳадяи олиҳимматонаи ҳакимон — порае собун, як хлеб ва як банка гўшти дампухти амрикоиро дошт. Дар кисаи сарисинагии гимнастёркааш ҳуҷҷати нави сарбозӣ буд, ки акнун кӣ будани ўро мефаҳмонд.
Мошини боркаш танкчиро бурд.
Пайдо шудани Иван Иванич ба бригадае, ки дар наздикиҳои Челябинск аз нав ташкил карда мешуд, таассуроти носутурданӣ бахшид. Вақте ки ҳайати шахсӣ саф кашид, командири он — собиқадори сисола, ки саропои худаш пур аз доғи сўхтаву пайи захмҳо буд ва барои доим масалу афсона гуфтанаш Бузаки ҷингилапо меномидандаш, худро дошта натавониста, ғур-ғур кард:
— О, дар афти ин, Бузаки ҷингилапо, ягон ҷои обод нест-ку!
Командири дағалгуфтори бригада фармон дод, ки сарбози навомада аз саф барояд.
— Аз куҷоӣ?
Иван Иванич худ ҳам медонист, ки «аз ягон ҷо нест».
Командири рота, гапашро гум карда, ба подполковник асли ҳолро фаҳмонд.
— Кист, охир, ў, Бузаки ҷингилапо?! Ронанда? Механик? — Истинтоқ мекард командири бригада.
— Дар ҳуҷҷатҳояш навишта шудааст, ки танкчӣ, — ноилоҷона ғур-ғур кард лейтенант.
— Навис — тирандоз!
Ҳамин тавр, ба таҷассуми ин ҷанги ваҳшиёна пешаеро лоиқ донистанд, ки танҳо говзўрӣ лозимаш буд: снаряд оварда, ҷо ба ҷо бикуну гилзаҳояшро аз люк* берун биандоз. Навъҳои снарядро аҳмақтарин одам ҳам фарқ карда метавонад. Аз сарбози қаторӣ Найдёнов, ки акнун Косахона лақаб гирифта буд, беш аз ин талаб ҳам карда намешуд. Касе ҳам дар қисми саросемавор ташкилшуда ба ў аҳамият намедод (фақат зоҳираш диққатро ҷалб мекард). Воқеан, дар ягон ҷо, чун дар ҳайати танкҳо, сарбозон зуд-зуд иваз намешуданд. Се-чор ҳафта тайёрии бемаънӣ ва — набардгоҳ, ҳоло ҳам нағз, ки баъди ҷанги аввалин «Т-34» сўхта, хокистар нашудааст. Касонеро, ки мераҳиданд, аз нав иваз кардаву сарфи амал менамуданд.
Иван Иваничи бехуду беёд итоаткорона ҳамроҳи ҳама юндуқи насибаашро мехўрду дар баракҳо аз сармо меларзид (рўи тахтаи холӣ, шинелҳояшонро пўшида мехобиданд). Ҳарчи ҳам бошад, тақдири ў барои вақтҳои наздик муайян шуд. Ҳайати танкашон ҳархела буд: ҳамон лейтенанти ҷавонро командир таъйин карданд, марди солхўрдаи ўзбекро — ронанда, уркаи** собиқи москвагӣ худ алоқачӣ шуданро ба ўҳда гирифт.
Як моҳ нагузашта, ин чоргонаи саросемавор (ва муваққатан) ҷамъкардашуда ба корхонаи тракторсозии Челябинск афтод, ки яке аз навъҳои охирини танк — «Т-34-76»***-ро ҷамъугир мекард. Касе, ки дар он ҷо Найдёновро медид, оҳувоҳи худро дошта наметавонист, наврасону занон таваҷҷуҳи ваҳмомезашонро пинҳон намедоштанд. Иван Иванич бошад, баръакси ўзбеку урка, ки ғамашон фақат ғизои иловагии ошхонаи завод буд, ба кунҷковон аҳамияте надода, ихтиёрӣ ба кашондани чизу чораҳо сар кард. Лейтенанти ҷавон, ки бо тамоми қувват мекўшид ҳеҷ набошад обрўяшро дар муносибат бо зердастон нигоҳ бидорад, барои ҳамин аз ў миннатдор буд. Ба хашми аёни дузд-алоқачии москвагӣ ва даҳшати пинҳоннамондаи ўзбек нигоҳ накарда, танк дар пеши назар шакл мегирифт: қуттӣ соҳиби бахшҳои ҳаракатдиҳанда, ғўлаву тасмачарх мешуд, навбати муҳаррику таҷҳизоти дохилӣ фаро мерасид, баъди ин ҳама, манораро ба ҷояш шинонданд.
Лаҳзае, ки ҳама бо изтироб интизор буданд, фаро расид: командир соҳиби корду соату қутбнамо шуд. Ба ҳайати экипаж пораи бузурги брезент доданд. Бо баровардани «Т-34»-и навзод аз сех ба ҳавлии васеи завод, ки танкҳои навро барои ба набардгоҳ фиристодан ҷамъ мекарданд, тайёрӣ давом дошт.
Ва, ана, дар ҳамин ҷо Иван Иванич худро нишон дод.
Маълум буд, ки дар сари ў шарорае пайдо шуда, беёдии комилашро пора-пора намуд. Пеш аз санҷиши ҳаракати танк андаруни сех, Иван Иванич ба танк даромад — лейтенант латтакуҳнае хоста буд, вақте ки Нвйдёновро чанд бор ҷеғ заданд, вай чун ҷин аз шиша, то миён аз люки механик боло шуд ва аён буд, ки дар ҳаяҷону изтироб аст. Ҳайати экипаж ва коргарон як қад париданд. Иван Иванич боз ғайб зад. Дар зулмоти «қуттӣ» чашмоне чун чароғҳои даҳшатбор фурўзон гаштанд. Фурсати ҳарфе ба забон овардан нагузашта, танк ба кор даромад. Лейтенант бо москвагию қўқандӣ як тараф париданду нишонгирон ба тарафи дигар. «Т-34» аз ҷо ҷаҳида, бо гузаргоҳи байни ду қатори бародарони ҳамзодаш ба сўи баромадгоҳ шитофт. Найдёнови ақлбохта суръатро кам намекард — ҳамаи онҳое, ки дучораш меомаданд, зуд худро ба як тараф мегирифтанду интизори нохушие мешуданд. Танк бо тамоми суръати имконпазир пеш мерафт. Аз паси худ абри дуди ғализ мондаву бо ғўлаҳояш бераҳмона садо карда, ногузир ба фалокати ҳақиқӣ наздик мешуд он. Бисёриҳо, аз он ҷумла командири даступохўрда, бархўрду тарақотуруқи мудҳишеро интизор буданд. Вале «Т-34», суръатро накоста, бошитоб аз байни Стсиллаву Харибда**** гузашта, як давр зад ва боз сӣ метр соҳирона дар байни мошинҳо рафта, чун чормехшуда, дар рўи ҳавлӣ истод.
Тозон командири ҳаросон омад. Ўзбеку алоқачии «олуфта» низ расиданд. Иван Иванич ба истиқболи онҳо баромад. Табассуми мудҳиш чеҳраашро пур карда буд. Меларзид ў ва ҳеҷ ором шуда наметавонист. Ба ёд овард ў, аниқтараш, дастонаш ба ёд оварданд.
Шубҳае намонд, ки ин танкчии саропо сўхта, бе ҳушу ёд, ки диданаш раҳму даҳшати дилсўзонаи одамонро бедор мекард, дар ҳаёти гузаштааш механик ва, бешубҳа, ронандаи худододе буд!
Ўзбек, бо сарфи назар аз он, ки бо ин ҳол имконияти дар ҷанг зинда мондан хеле коста буд, ҳамоно шодона ба манора баромад. Дирўза дузди бофаросати москвагӣ ва алоқачии имрўза зуд дарёфт, ки маҳз бо кӣ мебояд дўстӣ намуд, — аз ҳамон рўз сар карда, агар дастони Иван Иванич банд мебуданд, тамоку печонда, рўшан мекарду ба дастони сип-сиёҳи ў мениҳод. Ҳангоми ҳаракат хушомадгўёна ҳамроҳи Косахона дастаи суръатафзоро мекашиду тела медод, чунки дар ин «Т-34-76», барои чӣ бошад, ки ҳанўз қуттии ноқулайи чорсуръатаи ронандагон насб буд*****.
Пеш аз бор кардани танк ба қатор, бригада панҷоҳ километр роҳ паймуда, дар машқгоҳ тирпаронӣ кард. Зимистон буду ҳаво қариб сӣ дараҷа сард ва «қуттӣ» чунон ях баст, ки ҷарангос мезад. Танки зери зини Косахона дар гардишҳо меғурриду тўпашро харошонда ба хамгаштҳо мебаромад ва сокинонашро бераҳмона ларзонда, поён мефуромад. Ўзбек зери лабҳои ларзон дуо мехонд, командири ҷавон, ки дар ҳаёт печухами кам надида буд, дандон ба дандон монда, бефоида мекўшид, ки роҳро назора кунад. Алоқачӣ, ки ягон чизро намедид, ҳақоратҳои обдор мекарду аз изтиробу ҳаяҷон қариб забонашро мегазид. Иван Иванич бошад, садоҳои ғурришмонанд бароварда, сангдилона «Т-34»-ро дар роҳҳои хароб метозонд. Акнун ў ҳамеша ба куҷое мешитобиду натанҳо ўзбек, балки уркаву командирро ҳам хавотир мекард. Даҳони воз, бетоқатӣ, ларзаи саропо, хоҳиши девонавори тозондан аломатҳое буданд, ки ҳамроҳони Косахонаи қаблан беозорро ба ваҳм меафканданд. Люки ў кушода буд, дар пушташ шамолдиҳак кор мекард ва бояд дар чунин вазъ ҳар мавҷуди зинда ях мебаст, аммо саропои механики ақлбохта, баръакси дигар аъзои экипажи дучори азобгашта, аз гармӣ месўхт. Тавассути алоқа командири ҷавон фармон гирифт, ки фавран биистанд, аммо, ҳарчанд дод мезад, ҳарфашро ба гўши Иван Иванич расонда наметавонист. Дигар танкҳо дар машқгоҳ беҳаракат меистоданд, танки Найдёнов бошад, аз саф баромада буд ва қариб дар ғарамҳои барф ғарқидаву аз пасаш сутунҳои ғубори сафед боқӣ гузошта, дар дашт нимдавраҳо мекашид.
Оқибат худи комбриг сўи онҳо шитофт. Ногаҳон, то миён дар барф ғўтида, Бузаки ҷингилапо дар пеши танк пайдо шуд. Танҳо баъди ўро дидан Иван Иванич ба худ омад. Командири ҷавон, ки аз люки манора сар бароварда буд, қариб мегирист, вале сардор ба ғурунгоси номафҳуми ў аҳамияте надод.
— Ронандаро ба мошини ман биёред! — дод зад подполковники ҷавон. — Ин ҷо биё, Устухонҷисм******! — Фармон дод ў ба Найдёнов. — Ба чӣ қодир буданатро нишон бидеҳ, Бузаки ҷингилапо!
Хамин тавр, Иван Иванич ҷои ронандаи танки командирро гирифт ва насиби ўзбеку урка ронандаи чун худашон навраси бетаҷрибаю беилоҷи комбриг гардид. Дар пеши чашми тамоми бригада Иван Иванич нишон дод, ки «Т-34» гайр аз парвоз ба ҳама кор қодир аст. Даҳони экипажҳои аз мошинҳо каллакашида воз монд.
Комбриг аз ҳаяҷони зиёд на камтар аз Иван Иванич меғуррид. Одатан ў пойҳояшро ба китфи моҳирронандаи ақлбохта мегузошт — ҳамин ки зарбае зад, ў бояд биистад, зарбаи дигараш ишораи идомаи ҳаракат буд. Иван Иванич инро ба ёд гирифт. Боқӣ ҳама чизро фаромўш карду инро не. Дар пеши чашмони аз ҳайрат бози наваскарон мошини командир дар дашти пур аз буттазори саропо ҷару теппаҳо сирки ҳақиқӣ нишон медод.
— Битозон, шайтони бекалўшу маҳсӣ, битозон! — бо овози гирифта дод мезад Бузаки ҷингилапо. Ў акнун шубҳа надошт, ки ин механик дигар аз ў халосӣ надорад, Косахонаи нотарс дигар то охир бо ў хоҳад буд ва ў ба ягон ваҷҳ чунин механикро ба касе нахоҳад дод, чунки дар ояндаи наздик ягона имконияти наҷот ронанда хоҳад буд, ки ҳамеша чӣ гуна ва ба куҷо гаштан, чӣ ҳилаҳо кардану чӣ хел тезондани суръатро медонад, яъне, сари вақт думро хода карда метавонад; охир, дар ҷанг, махсусан дар ҷанги танкҳо зиндагии якпулаи инсон дар як они воҳид ба чангу ғубор табдил меёбад.
— Чӣ хел он вақт дар ҳалқаи Курск ба ин ҳол афтодӣ? — баъди истодани «Т-34» дод зад ў ба тарафи механик. Симои Иван Иванич, ки чашм аз командири наваш накандаву маънои саволро нафаҳмида буд, беҷо шуд.
— Чӣ хел шуд, ки худатро ба оташ додӣ, Бузаки ҷингилапо? — идома дод комбриг. — Чаро халос шуда натавонистӣ?
Акнун Иван Иванич ба ёд овард. Чизе баногоҳ гузаштаи тираи ўро рўшан кард.
— «Бабр», — баногоҳ ҷавоб дод Косахона. — «Бабри сафед»!
Чашмони ў шуълавар шуданд ва саропояш аз нафрату адоват ба ларза даромад.
Зимистони соли 42, немисҳо посухашонро ба «Т-34»-и беназир******* ба майдон бароварданд; ба танкҳои чоркунчаи ширкати «Хеншел» ягон тир таъсир намекард, лекин хавфи асосӣ тўпҳое буданд, ки дар дурии як километриашон ҳатто «КВ»******** оташ мегирифт. «8-8»-ҳо, ки оптикаи беназир доштанд, ҳар гуна ҳадафро ба хок яксон менамуданд. Барои ҳаракати мавзуни «бабр»-ҳо ва фишори заруриашон ба замин механикҳои майдабози немис ғўлаҳоро дуқатора гузошта, барои осонии идора ба ҷои фишанг суккон шинонда буданд. Дар тахтаоҳанҳои ғафс снарядҳои 76 ҳам дармемонданд. Ин гамбусакҳои саропо зиреҳ бешитоб дар даштҳои Курск мехазиданду ҳар як тирашон, ки ногаҳониву бисёр баланд садо медод (садои онро фарқ кардан душвор набуд), «Т-34»-и навбатиро ба оромгоҳи гузаштагон мефиристод. Дар камингоҳ мудҳиштар буданд онҳо. Ин девҳои якчашма зери алафу шохаҳо ҳуҷуми «Т-34», «Грант»-ҳо ва «Черчилл»-ҳоро бозмедоштанд ва ҳангоме ки танкчиён аз дарду дуд худро берун меафканданд, пулемётҳои босифати немисӣ бо суръати ҳазору дусад тир дар як дақиқа корро тамом мекарданд*********, бадани одамҳо чунон мешуд, ки сабзавот зери корди ошпаз. Дар байни ҳамтоёни худ ҳам ин «Шабаҳ» мошини хос ҳисоб меёфт. Бори аввал худро дар Мга********** нишон дод он; дигар «бўзбалаҳо» дар ботлоқ дармонданд, вале «Бабр» гўё дар осмон ҳаракат мекарда бошад, аз он гузаштаву баталён-баталён сарбозонро тирборон менамуд. Аввалан, он ношинохта буд, охир, дар зимистон ҳама танкҳо ҳамранги барфанд, танҳо онҳое чӣ буданашро донистанд, ки бевосита бо он бархурданду баъди тири нахустин ба хокистар мубаддал гаштанд. Аммо баҳорон, вақте ки вермахт*********** камуфляж************ ба бар кард, он аждарҳо шинохтанашаванда гашт ва аз ҳамон вақт гоҳ дар Шимолу гоҳ дар Ҷануб ваҳшигариҳо мекард; дар ҳама ҷо аз паси он дуду бўи димоғсўзи мошинҳои сўхта боқӣ мемонд. «Шабаҳ» ҳар бор, бо чӣ ҳилае ба ақибгоҳи русҳо роҳ ёфта, аз камин ҳуҷум мекард ва даҳ, баъзан понздаҳ «Т-34»-ро сўрох-сўрох карда, ғайб мезад.
Тобистони соли 43 қотили сафед дар наздикии Курск, дар ноҳияи хоси Прохоровка пайдо шуд. Разведкаи ҳавоӣ аз ин хусус Катукову************* Ротмистровро************** огоҳ намуд. Ҳамон замон ҳавопаймоҳои ҳуҷумкунанда фиристода шуданд, лекин кўшиш, чун ҳамеша, барбод рафт. Ба оҳанпораи садҳо мошин нигоҳ накарда, «голландии паррон»*************** дар ин ҷо ҳам бо ранги сафедаш ҷилва мекарду ҷавшанашро ҷило дода, пеш-пеши қисмҳои ҷангии хеш мерафт. «Т-34»-ҳо бадхашмона сўи «Бабр» тирҳои бетаъсир мекушоданд. Дар давоми рўз ягон снаряди барои дигар «Бабр»-ҳо ва «Юз»-ҳо ошнову марговари САУ-152 манораи онро хароб накард****************. Думболагиронро, ки аз ҳар тараф фишораш медоданд, бо оташи хеш дур кардаву худ ҳам даҳҳо тири мухталиф хўрда, «Бабри сафед» беосеб мемонд ва танҳо дар анҷоми он набарди бузург батамом дар байни дуду оташи шуълавари хеш аз чашмҳо пинҳон гардид.
** Люк — равзани танк (шарҳи тарҷумон).
*** Урка — дузд, роҳзан; истилоҳи маҳбусон (шарҳи тарҷумон).
**** «Т-34» — танки фавқулъода, ки батафсил аз ташаккулаш гуфтан ҳоҷат надорад: кофист, ки хонандагон ба интишороти фаровон оид ба он руҷуъ намоянд. Як чизро гуфтан мехоҳем: дар давоми ҷанг он танк тамоман нав карда шуд (дар айни замон намуди хоси зоҳирии худро нигоҳ дошт). Албатта, «Т-34»-и соли чилуяк бо «Т-34-85», ки ҷангро хотима бахшид, муқоисанопазир аст. Дар солҳои 41-42, бо вуҷуди зиреҳи барои танкҳову тўпҳои зиддитанкии немисҳо комилан тасхирнопазир ва силоҳи ба нобуд кардани «Pz T-II», «Pz T-III», «Pz T-VI»-ҳои беҳад заиф, ҳамчунин ғаниматгирифтаҳои фашистон — танкҳои чехии ба ҷанги русҳо ноқобили «Pz 35 (t)» ва «Pz 38 (t)» қодир доштан, «Т-34» муҳаррики нокомиле дошт, ки мунтазам аз кор мебаромад. Муҳаррикҳои мошинҳои немисҳо, баръакс, сазовори ҳаргуна таърифанд, маҳз бинобар мустаҳкамии онҳо немисҳо то Москва омаданд. Дар охири ҷанг вазъият тамоман баръакс шуд — муҳаррикҳои танкҳои нағз зиреҳпўшшудаи немисҳо («юз» ва «бабр») мушкили доимӣ доштанд. Вале снарядҳои онҳо «Т-34»-ро аз дурии якуним ва ҳатто ду километр зада, аз кор мебароварданд, тўпи 85-миллиметраи танки миёнаи шўравӣ ҳам аз «8-8»-и таърифии немисҳо кам набуд, муҳаррики такмилдодашудаи «В-2» бошад, ба он имкон медод, ки ба ақибгоҳи душман ҷаҳишҳои панҷсадкилометрӣ анҷом бидиҳад. Дар мавриди артиллерия: дар давоми ҷанг конструкторҳо кўшиданд «Т-34»-ро бо силоҳи муқтадир ва барои истифодаи мусоидтар мусаллаҳ намоянд. То соли 1944 танк тўпи 76 мм дошт. Бинобар ин, дар заводҳои танксозӣ танки «Т-34-76» тайёр мешуд. Вале аз соли 42 сар карда, баъди ба худ омадани немисҳо (аввалин бархурдҳо бо «Т-34» танкчиҳои немисро чунон ба ваҳм андохт, ки аз саноати Германия тайёр кардани айнан чунин танкро талаб намуданд. Ва сохта шудани намунаҳои сазовори танку силоҳи зиддитанкӣ, қувваи натанҳо барои хароб кардани «юз»-у «бабр», балки барои аз саф баровардани танкҳои «3»-ю «4» ҳам кофӣ набуд. Аз ин рў, дар сари тўпи 85 мм, ки бо «гурба»-ҳо сазовор мубориза бурда метавонист, қарор гирифтанд. Аз зимистони соли 1944 сар карда, истеҳсоли васеи «Т-34-85» оғоз ёфт, ки дар охири ҷанг танки асосии мо ҳисоб мешуд. «Т-34-76» норасоиҳои зиёд дошт: аз ҷумла, манораи бисёр танг, ки ду узви экипажро базўр мебурд (амрикоиҳо тааҷҷуб мекарданд, ки русҳо бо либоси дағали зимистона чӣ хел дар он ҷо мешаванд). Бинобар имконнопазирии дар манора ҷой додани боз як нафар, командир маҷбур буд вазифаи нишонгирро ҳам иҷро кунад, ки ҳам ба сифати фармондиҳӣ таъсири манфӣ дошту ҳам ба сифати тирпаронӣ (экипажи немисҳо панҷ аъзо дошт — дар манораи танк командир, нишонгир ва тирандоз амал менамуданд). Ғайр аз ин, аз танк нағз дида нашудани манзара имкон намедод, ки ба вазъ дуруст баҳо дода, саривақт қарори зарурӣ қабул карда шавад. Аз ҷумла, механик-ронанда маҷбур буд, ки люкро доимо кушода нигоҳ бидорад. Тирандоз-алоқачӣ аз ҷои худаш чизеро намедид ва ҳангоми задухўрд аксаран кўр-кўрона тир меандохт. Воситаҳои аввалини алоқа беҳад бад буданд ва танҳо дар танкҳои ба истилоҳ «радийдор» насб мешуданд. Ҷои бакҳои сўзишвории ду тарафи бахши ҷангӣ ҳам номувофиқ буд: дар ҳолати аланга гирифтан имконе барои зинда мондани экипаж намемонд. Ин норасоиҳо дар рафти ҷанг бартараф шуданд (агарчи бакҳои сўзишворӣ дар ҷои пештараашон монданд). Ба ин тариқ, экипажи «Т-34-85» бо манораи нав мошини комилиёре буд ва, чунон ки мебоист, панҷ нафарро дар бар мегирифт, ҳарчанд ки танкчиён баъзан тирандоз-алоқачиро ихтисор карда, дар ҳайати чор нафар (се манорашин ва механик-ронанда) меҷангиданд.
***** Стсилла ва Харибда — ҷонзодҳои мудҳиши баҳрӣ (устураҳои Юнони Қадим); «аз байни Стсиллаву Харибда гузаштан» — маҷозан, вазъи душвореро паси сар кардан, аз байни обу оташ гузаштан (шарҳи тарҷумон).
****** Яке аз норасоиҳои бузурги «Т-34»-и аввала қуттии заифу пурнозунузи чорсуръата буд. Дандонаҳояш ҳангоми тағйири суръат зуд-зуд реза-реза мешуданд, картери қуттӣ аз кор мебаромад. Барои суръатро дигар кардан тирандоз-алоқачиро лозим меомад, ки ҳамроҳи механик-ронанда дастаи суръатафзоро гирифта бикашад, чунки зўри як худи ў намерасид. Аз ин сабаб, барои танки нав ронандаҳои хуб, вале бисёр камёб лозим буданд. Механики бетаҷриба метавонист ба ҷои суръати якум ба суръати чорум гузашта (он ҳам бо роҳи ба ақиб кашидани дастгоҳ сурат мегирад), боиси шикастани суръатафзо бишавад. Вазъият танҳо замоне тамоман тағйир ёфт, ки дар заводи машҳури 183 қуттии панҷсуръатаи дорои чархи дандонадори мунтазамфаъол ихтироъ гардид.
******* Устухонҷисм — скелет (сохтаи тарҷумон).
******** «Бабр» танки вазнинтарину мусаллаҳтарин ва то соли 1944 амалан дастнорасе буд, ки моро бисёр ғам дод. Фақат вазни онро гуфтан кофист, ки 60 тоннаро ташкил медод. Барои он ки ин «бўзбала» аз вазни худ сарозер нашавад, ғўлаҳояш шоҳмотшакл ҷой гирифта буданд. «Pz T-VI» аввалин танке буд, ки ба ҷои фишанг суккон дошт, ки ба осон идора шуданаш мусоидат мекард. Зиреҳи пешаш 100 миллиметрро ташкил медоду барои танкчиёни мо амалан дастнорас буд. Барои онро нест кардан то 500 метр (ҳангоми задухўрд ҳатто аз ин ҳам камтар) наздикаш шудан лозим буд, лекин «Pz T-VI» касеро ба атрофи худ роҳ намедод. Силоҳи 88 миллиметраи он дар он замон аз ҳама пурзўру бақувват буд. Оид ба оптикаи босифат ва таълими хуби экипаж (дар ин маврид мо хеле ақиб монда будем) танҳо як чизи андўҳоварро зикр кардан лозим аст, ки бо он ваҳшӣ мубориза бурдан барои ҷанговарони мо бисёр душвор буд. Танкчиёни мо, ҳангоми бархўрд бо ин мошинҳои манфур ба маънои аслӣ худро бе дасту по эҳсос мекарданд. Масалан, соли 43 бо тўпи 76-миллиметраашон онҳо «Бабр»-ро аз масофаи наздик (ҳамон 500—300 метри гуфтаамон) нест карда метавонистанд ва ҳамин ҳам бо снаряди нави камёб, ки ба ҳар маҷмўи силоҳ седонагӣ дода мешуд. Мушкил он буд, ки бо вуҷуди ҳолати комилан созгор на танк пурра, балки ҷойҳои алоҳидааш осеб медид. Моҳирона снарядро ба мавқеи ҷойгиршавии аслиҳаи он, асоси манора, тўп ё қисмати ақибаш, ки бакҳои бензин ҷойгир буданд, задан лозим буд. Ҳеҷ набошад, ба чархҳои пешбар, ғўла ва ё тасмачархаш. Снаряд ба қисмҳои дигараш бархўрда, пас мегашт. Кор ба ҷое расида буд, ки «Бабр»-ҳо бе ягон тарс оромона ба истиқболи «Т-34» меомаданд. Барои мисол ба хотираҳои танкчӣ Н. Я. Железнов таваҷҷуҳ намоед: «...онҳо (»бабр»-ҳо — шарҳи муаллиф) дар ҷои кушод истодаанд. Лекин қанд бихўру наздик бишав. Аз 1200—1500 метр дурӣ саропо месўзонадат!.. Мо аз «Бабр»ҳо чун заргўшон мегурехтему пайт мепоидем, ки ба баданаш зарба бизанем. Душвор буд. Агар бубинӣ, ки 800—1000 метр дуртар «Бабр» истодаасту ҷанозаатро мехонад, то уфуқӣ кардани мили тўпаш метавонӣ дар танкат бишинӣ, аммо ҳамин ки милашро амудӣ кард, беҳтар аст, ки худро ба берун ҳаво бидиҳӣ! Набошад, сўхта хокистар мешавӣ!» Дар «Т-34» пайдо шудани силоҳи 85-миллиметра вазъиятро ислоҳ кард — акнун як ба як баромадан мумкин буд. Бо вуҷуди ин, то охири ҷанг «Pz T-VI»-ҳои овозадор барои мо рақибони ногувортарин ҳисоб меёфтанд.
********* «КВ» — танки вазнини истеҳсоли солҳои 1939—1943-и шўравӣ, ки номи сарлашкари номдор Климент Ворошиловро дошт (шарҳи тарҷумон).
********** «МГ-42» силоҳи мудҳише, ки сарбозони мо онро «доси Гитлер» меномиданд. Тири ин пулемёт устухонро аз бадан ҷудо мекард.
*********** Мга — шаҳраке дар ноҳияи Кирови вилояти Ленинград (шарҳи тарҷумон).
************ Вермахт — қувваҳои мусаллаҳи Олмони фашистӣ дар солҳои 1935—1945 (шарҳи тарҷумон).
************* Камуфуляж — бо ранг холдор ё рах-рах кардани танку тўп, бо мақсади ба назар намоён нашуданашон (шарҳи тарҷумон).
************** М. Е. Катуков — яке аз командирони барҷастаи қисмҳои танкии шўравӣ. Бригадаи ў, ки дар ҳайаташ «Т-34»-ҳо буданд, соли 41 корвони танкҳои Гудерианро (Хайнс Вилгелм Гудериан — генерал-полковники вермахт, сардори ситоди қувваҳои хушкигард, назариячии ҳарбӣ — шарҳи тарҷумон) дар наздикии Тула торумор намуд (маҳз ҳамон вақт дар байни немисҳо ҳарос аз «Т-34», ки тасхирнопазир менамуд, доман паҳн кард). Дар муҳорибаи Курск генерал фармондеҳи Армияи якуми танкӣ буд. Аз ҷумла, ҳуҷумҳои қатъии мошинҳои ҷангии ў Манштейнро (Фритс Эрих Георг Эдуард фон Манштейн — иштирокчии ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳон, генерал-фелдмаршал, пештози ғайрирасмии генералҳои немис — шарҳи тарҷумон) маҷбур кард, ки баъди муҳорибаи муҳими Прохоровск ақибнишинӣ бикунад.
************** Павел Алексеевич Ротмистров (1901—1982) — Сармаршали қўшунҳои танкӣ, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (шарҳи тарҷумон).
*************** «Голландии паррон» — киштии бодбондори афсонавӣ, ки лангар партофта наметавонаду маҳкуми шинои абадист. Дар устура вохўрӣ бо он бехосият дониста мешавад (шарҳи тарҷумон).
***************** Ягона рақиби сазовори «Бабр»-ҳо, «Юз»-ҳо ва «Фердинанд»-ҳо дар соли 1943 худгарди дар ҷаҳон тавонотарини мо — САУ-152 (силоҳи 152-миллиметра) гардид, ки ҳангоми тирпарронии бобарор аз ҳар гуна танки немисҳо танҳо тасмачархашро боқӣ мегузошт. Ба он номи мувофиқ — «Зверобой» («Сайёд) монда буданд.