Рағбати пурасрор

(порае аз роман)

1968, ноябр

Карузо

К>укуш ва Ваксон моҳи ноябри ҳамон соли «фалокатбор» дар Ростови лаби >Дон буданд. Қарибиҳои шом дар хиёбони марказии шаҳр гаштугузор до>штанд. Ин ҷо баъзе осори андуҳзо аз тарҳҳои сарвати буржуаз>ӣ боқӣ монда; модерни дерин бо баъзе костагиҳо. Аз хаёлоти созандагии комсомолӣ низ ду-се ёдгорӣ боқӣ монда; масалан, меҳмонхонаи сабзгуне, ки дар наздаш онҳо таваққуф карданд, аз па>ҳлу ба дастгоҳи ғаллакаш шабоҳат дошт.

Ҳангоми гаштугузор меҳмонони пойтахт тафовуте чандон байни ин шаҳр ва шаҳри марказӣ ба мушоҳида нагирифтанд. Тақрибан ҳамин гуна навбатҳо барои ғизо ин соат дар мағозаҳои бузург ба амал меоянд. Аз қаҳвахонаю тарабхонаҳо одамон бештар берун мешуданд. Мавзее бо кадом як махсусияташ адибонро водошт, ки дар назди овезае ист кунанд: «Коктейл». Ин «Коктейл»-ҳои анъанавӣ ҷавонони шуравиро ҳамеша ошуфта мекунанд. Ин ҷо низ чунин буд. Бародарон овезаҳои филизию коғазиро батакрор хонда, ба дари калони кушода расиданд ва зуд бо тўдаи одамон даромехтанд. Дар паси тўдаи одамон ҷевонгунаҳои мармарии кушодае ба назар менамуданд, ки дар онҳо нўшокиҳои махмурсоз таҳия мешуданд. Аз ин ҷониб овози дағали занона ба гўш мерасид: «Ҷомҳоро баргардонед, шербачаҳо! Виҷдон дошта бошед! Охир, нўшокиҳоро дар чӣ резем?!» Шербачаҳо бо китфони васеъ тақрибан ду-се қадам дуртар аз дуконгунаҳо истода, дархостаҳои худро бо овози баланд мепурсиданд: — Якто «Карузо!» — Дуто «Карузо!» — Сето «Карузо!»

Дар девор зери суратҳои Брежнев ва Подгорний навиштаи «Рўйхати нўшокиҳо» овезон буд. Дар он байни номгўи нўшокиҳо чун «Ҷанубӣ» ва «Қрим» навиштаи «Карузо» бо тавзеҳи «нўшокии дорои неруи миёна» равшантар ба назар мерасид. Ва бо чӣ сабабҳое бештар ба ҳамин нўшокӣ ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд.

— Ана, дидӣ, Кукуш, ин ҷо ҳаёт чӣ хел ҷўш мезанад; ҳама мадюни «Карузо»! — андешаманд гуфт Ваксон.

Кукуш садо баровард:

— Ба онҳо, яқин, чунин менамояд, ки ин чӣ гуна як чархи гардон бо чароғакҳост. Чархи «Карузо» — аҷиб садо медиҳад.

— Рўзҳое хоҳанд расид, ки ин ҷо Кукуш низ дар рўйхати таомҳо пайдо мешавад. Тасаввур мекунӣ, ки чӣ гуна дархост мекунанд: — Як «Кукуш», — Ду «Кукуш», — Се «Кукуш».

Бо мўйлаби борик ва пешонии лермантовгунааш Кукуши хеле меҳрубон бо шавқ, вале чун ҳамеша андаке андуҳзада ханда зад: — Аммо коктейли «Васка»-ро, бовар дорам, нахоҳӣ дид!

Онҳо ин ҷо бо даъвати донишгоҳи маҳаллӣ омада буданд. Шоми базми муштарак: Ваксон мехонад, Кукуш месарояд. Гурўҳи донишҷўён онҳоро дар вокзал пешвоз гирифтанд. Ва дар ҳамин ҷо дарзамон барояшон даъватномаи дигар доданд. Мувофиқи он имрўз шомгоҳон бояд дар ҷашни шаҳрӣ ба ифтихори 50-солагии комсомоли ленинӣ суханронӣ мекарданд. Ваксон саркашӣ кардан хост, аммо Кукуш оҳиста гуфт:

— Розӣ шав, сода, охир комсомол ҳизби алтернативии мост.

Ин ҷо бояд таъкид кард, ки дар он замонҳо нависандагон барои ҳар суханронии расмиашон аз Идораи тарғиби адабиёти бадеӣ чордаҳ сўму панҷоҳ тин мегирифтанд; замона тамаъҷўиро намепарастид.

Онҳоро ба Кохи варзиш оварданд. Толори дорои даҳ ҳазор ҷои нишаст пуропур буд. Дар саҳна консерти театрикунонида оид ба таърихи комсомол идома дошт. Дар аспҳои ҳақиқии бодпои Дон Неруи аввали савора тантана мекард. Аробачаи ҳақиқӣ вориди саҳна гардид ва ба ифтихори он садои ҳамагонӣ баланд шуд: — «О, аробачаи ростовӣ, ифтихору ҳусни мо, аробачаи силоҳкаш бо чаҳор чархи зебо».

Бинокорони НБО-и Днепр, путкҳои тавонояшон дар даст, қадам мезаданд. Ҷанговарони Ҷанги дуюми ҷаҳон дар тори Рейхстаг парчами пирўзӣ меафрохтанд. Кайҳоннавардони скафандрпўши бозгашта аз кайҳон аз зинаҳои ифтихорӣ поён мефаромаданд. Парчамҳои сурх алвонҷ мезаданд... Баъд саҳна холӣ шуду ҳамаро оромӣ фаро гирифт. Кукуш ба Ваксон пичиррос зад: — Дар бораи қаҳрамонии охирин чаро ки хомўшанд.

Пас аз андаке ист сухангўи саҳна эълон кард: —Барои бо ҷашни фархунда табрик кардани мо адибони маскавӣ-шоир Октава ва носир Ваксон омадаанд. Ду рафиқ зери кафкўбии бардавом ба саҳна баромаданд. Ҳар ду либоси ғайрирасмӣ ба тан доштанд, ҳатто гарданбандашон ҳам набуд. Яке (Кукуш) кастумчаи чармӣ ва дигарӣ (Вакс) нимтанаи бахмалии дарзмолнашуда пўшида буданд. Дар қатори аввал нишастагон — куҳансолони шаҳр ҳарчанд кафкўбӣ карданд, лек бо нигоҳи таҳайюромез ба ҳам менигаристанд. Кукуш ба ироаи сухани табрикӣ даъват шуд. Зимни суханронии фишурдааш ин рафиқи маскавӣ бештар мадҳи зиёиён кард, ба ибораи дигар, дар бораи синфи асосии ҷамъият (коргару деҳқон) умуман чизе нагуфт, бо ситоиши табақаи ҷамъиятӣ маҳдуд шуд. Дар ҷавоб аҳли толор беқарор шуданд, ноҷўрие ба миён омад. Онҳое, ки дар қатори аввал менишастанд, абру чин карданд. Касе аз қатори миёна чизе гуфт ва аз ҳар тараф садои пичир-пичир шунида шуд. Ваксон низ ба назди баландгўяк омада, мавзуи гуфтаҳои Кукушро идома бахшид, ҳатто боз ҳам амиқтар сухан гуфт. Иброз дошт, ки ҳоло моро лозим аст на танҳо неру афзун кунем, балки зеҳнҳоро вусъат бахшем. Дар акси ҳол, тақдири динозаврҳо насибамон мешавад. Рушди пешиниёни мо ҳамчун пешсафони сайёра ба бунбаст бархўрд ва маълум гашт, ки дар онҳо танҳо неруи бозу меафзояд, вале зеҳн қафо мемонад. Дар посух ба ин гуфтаҳои берабту нобамаврид дар толор машғала бархост, дар мобайни қатори аввал ноҷўрӣ ба миён омад...

Субҳ як гурўҳ ҷонибдорони санъати навин вориди меҳмонхона шуданд. Кукуш ва Ваксонро огоҳ карданд, ки эҳтиёткор бошанд. Роҳбарияти шаҳр бар он назаранд, ки адибони маскавӣ рафтори ношоиста карданд ва ҷашни фархундаи ҷавононро коҳиш доданд. Гузашта аз ин, маълум шудааст, ки котиби аввал ба масъулини донишгоҳ супориш додааст, то ба адибони номақбул ҷавоби мувофиқ бидиҳанд. Дар донишгоҳ миш-миши тарсомезе ҳукмфармо буд, гўиё атрофи шаҳрро Артиши ихтиёриён муҳосира карда бошад. Амфитеатр пуродам, гуфтан мумкин, лабрез буд. Меҳмонони маскавӣ танҳо дар мавзуъҳои адабӣ сухан мегуфтанд. Чанд суоли марбут ба фанҳои филологӣ ба миён омад. Касе аз Кукуш хоҳиш кард, ки чизе аз тозаэҷодҳояш бихонад. Ҳофиз чун ҳамеша андаке нозу нуз кард; ман муддатест, ки намесароям, ҳоло бо худ гитор надорам... Гиторе, ки донишҷўён омода карда буданд, зуд рўи зонуи Кукуш гузошта шуд. Ў сурудҳои «Мотсарт», «Ниёиши Франсуа Вийона», «Дасти ҳам гирем, дўстон»-ро замзама кард. Дар толор ба ҳукми анъана дар байни ҷавонони донишҷў чанд тан бонувон низ ба назар мерасиданд. Баногоҳ байни қаторҳо ҳарфҳои ихтилофбарангез садо доданд ва ниҳоят, аз ҳайати омўзгорон казаки ҷасуре бо суоли қатъӣ овоз баланд кард:

— Адибони маскавӣ, лутфан бигўед, ки шумо ба ҳодисаи вориди Чехословакия кардани неруҳои ҳарбии мо чӣ нигоҳе доред?

...Ва боз чун дирўза хислати махсуси ростовӣ боло мегираду толор пурғавғо мешавад. Ректор зуд ҳарду дасташро болою поён мекунад, мазмун; ором бошед, рафиқон! Ба чунин суоли тамоман ҷиддӣ набояд чунин бархўрд кард. Толор ором мешавад ва бо истифода аз он Кукуш Октава ҷавоб ба суол мегўяд:

— Шахсан ман бар он назарам, ки вуруди неруҳои ҳарбӣ ба Чехословакия амали нодуруст буд.

Бо шунидани ин посух толор гўё метаркад, акнун мисли он ки на ғавғо, балки заминларза ба вуқўъ мепайвандад. Аз ҳар ҷониби амфитеатр садои пуршўри «Шармандагӣ!» шунида мешавад. Душвор аст дарки он ки ин садоҳо ба нишонии кӣ гуфта шудаанд: ба Артиши Шуравӣ ё ба Кукуш Октаваи моно ба либерали шармзадаву мағлубгашта?

Кукуш бо кафи дастон чашмҳояшро пўшида нишастааст. Ваксон бо дастони боло истодаву ба аҳли толор дод мезанад:

— Иғвогариро бас кунед! Ба Кукуш нарасед!

Толор пас аз чанд дақиқа ором мешавад...

Вохўрӣ ба анҷом расид. Ваксон пеш аз тарки саҳна кардан аз микрофон садо медиҳад: — Ман мехостам бидонам, ки ин ҳама бо фармони кӣ роҳандозӣ шуд.

Ин одамон ба дӯсташон ғамхорӣ мекарданд,
Нафақат бо сабаби бозиҳои умумии бесарусомон,
Нафақат бо сабаби решаҳои умумии бурятӣ,
Ки аз он макон палангӣ яҳудӣ чун тӯфон гузашт.

Падарони онҳо гулхани коммунизмро афрӯхтанд,
Шаҳрҳои Уралро сарварӣ карданд,
Аз дасти пайравони ҳариси садизм ҳалок шуданд
Дар кишваре, ки он ҷо урдуи ахмақон айш менамуд.

Модарон аз васвасаи тротскизм гурехтан наметавонанд
Ва ба подоши ин онҳоро Колима пешвоз мегирад.
«Комсомол»-и ҷавон ҷанозаи ғамангез шуд
Зери назораи Сом-амаки оҳанин.

Эй фарзандҳои қурбониён, хӯшаҳои суханро ғун оред
Алҳол, ки ҳар яке масти музир нестед
Ва гирифтори шавқи пурасрори шеърсароӣ
Мисли кундаи пӯсида ҳанӯз кар нашудаед.

Ҳеҷ кас ба гусели онҳо наомад. Дар байни анбуҳи одамони саҳни вокзал адибонро чунин гумоне фарогир буд, ки онҳоро чашмони зиёде таъқиб мекунанд. Савори қатора шуда, нависандагон зуд ба вагон-тарабхона рафтанд. Коняк фармуданд ва зуд нимқадаҳӣ нўшиданд. Пасон ҳамдигарро ба оғўш кашиданд.

— Ваксон, азизи ман!

— Кукуш, дўсти ҷонии ман!

Пас аз соате онҳо дигар сахт хаста буданд. Дар як гўшаи тарабхонаи ларзон нишаста, шишаи дуюмро холӣ карданд ва байни ҳам оромона дар мавзуе, ки дўсташон Гладиолус Подгурский «ҳаёти шахсию оилавӣ» меномид, суҳбат доштанд.

— Канӣ, ба ман дар бораи маъшуқаат гап зан, — гуфт Ваксон. — Ўдар муносибати маҳрамона чӣ гуна аст?

— Ў хеле меҳрубон аст, — посух дод Кукуш. — Бо ҳама хислати кўдаконааш бузург аст.

— Бисёр хуб гуфтӣ, —иброз дошт Ваксон. — Ў, воқеан ҳам, чунин аст.

— Акнун ту дар бораи ў ба ман нақл бикун, — лутфомез хоҳиш кард Кукуш.

— Дар бораи кӣ?

— Дар бораи маъшуқаат.

— Ба кадом муносибат дар бораи ў гап занам?

— Ман дар бораи маъшуқаи худ сухан гуфтам-ку.

— Ман маъшуқаи туро медонам, ту аз они маро не.

— Аз ин рў, дар бораи ў чор калима ҳарф зан.

— Чор калима?

— Оре, чор калима.

— Нобакори дўстдоштанӣ, дилрабои тоқатфарсо.

— Хуб гуфтӣ, бародар, ман ўро мешиносам.

Дар вагони пуропур онҳоро ду шахси ба ҳам мушобеҳ хеле бодиққат мушоҳида мекарданд: онҳо мўйдароз, риши бари рў паҳн, мўйлаби овезон доштанд. Пешхизматро даъват карда ин ду шахс ба нависандаҳо шишаи сеюми конякро фиристоданд бо навиштае дар коғаз: «Аз мизи мо ба мизи шумо. Фёдр ва Сергей Борисовҳо-ҳаводорони истеъдодҳо». Хушбахтона, шиша ва навиштаи мазкур то ба нависандаҳо нарасид. Онро ҷавони хушандоме, ки нимтанаи мансуб ба дастаҳои донишҷўёни бинокор дар бар дошт, ба даст овард. Шишаро ба киса андохта, ба пешхизмат бадоҳатан гуфт: — Ба ин ҷуфти ришпаҳн шумо бояд туф кунед. Охир, бабрҳои маснуӣ шоистаи ғизолан нестанд!» Ҷавон дарзамон нопадид гашт.

Дар Маскав дар саҳни вокзал нависандаҳоро маъшуқаҳояшон интизор буданду дар оғўши шаби мунаввар бо чароғҳо сигоркашию гуфтугў мекарданд. Чун аз вагон ҳарду зиёии писандидаашон берун шуданд, аз шодӣ баланд хандиданд. «Волга»-и сиёҳу зардтоб ба «Садовое кольцо» раҳсипор шуд. Дар сари фармон Ралисса менишаст.

Даҳ қадам қафотар аз онҳо «Волга»-и сиёҳе, ки дар он ду шахси ба ҳам мушобеҳи акнун бе мўйлаб ва бериши паҳни пешонӣ менишастанд, ҳаракат мекард.

— Эҳ, аблаҳҳо, боз ҳам дунболагирӣ мекунанд, — гуфт маъшуқааш ба Ваксон.

Дар қафои мошин Кукуш бо маъшуқааш менишаст. Онҳо ба якдигар овора буданду дигар чизеро намедиданду касеро намешуниданд. Зуд-зуд суруде замзама мекарданд.