Духтараке бо оташафрўзакҳои чинӣ
Кам касон медонанд, ки пайкарасози машҳури масковӣ Сураб Зеретели ба ҷамъоварии нэтскэ* машғул аст. Ин кори худро, ки ҳеҷ лоиқи мазаммат нест, барои чӣ бошад, ки овоза намекунад.
Он шоми сарди зимистон, ки аз беақлии табиати Москва барфи зиёд саривақт — сивуякуми декабр борида буд, Валерий Крилов дар толори атиқафурўшии назди майдони Пушкин истода, нэтскэҳои навакак харидаашро аз назар мегузаронд.
Нэтскэ дар Россия ҳам нэтскэ аст. Муҷассамачаи панҷсантимераи дорои ҳалқачаҳои чўбӣ ё аз устухони фил, ки япониҳои кисаро ихтироънакарда калидҳо, ҷобуқ, кордчаҳо барои харакири** ва дигар майда-чайдаҳои муфидашонро ба он мебанданд. Баъд аз он ҳамаро ба миёнашон меовезанду қаноатманд, дороиашонро ба роҳгузарон намоиш дода, мераванд. Хуллас, чизе дар ин замон тамоман нодаркор ва аз ин рў, гарони нафратовар.
Лекин агар ту соҳиби коргоҳи хурдакаки гудохтани филизҳои ранга бошиву бозори фурўши маҳсулотат дар Москва зарур бошад, одаме аз пайкарасози шинос беҳтар намеёбӣ. Пайкарасози бузург, як худаш танҳо, беш аз ҳами корхонаҳои харобнашудаи Москва биринҷӣ истифода мекард! Беҳтарин роҳи ҷалби таваҷҷуҳи муштарии оянда бошад, одати бади ўро қонеъ намудан, дар айни ҳол, нэтскэ туҳфа кардан аст.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи нозуки санъат ва риштаи нозуктари ҷамъоварии осори санъат пул соҳибқудрат нест. Дар пеши чашми баъзе аз ҷамъкунандагони гулдонҳо як ҷомадон долларро ҳам ҷилва диҳӣ, аз баҳри нусхаи дўстдоштааш, тўбаки сафарии Фридрихи бузург намебарояд.
Дар мавриди нэтскэ низ ҳамин тавр. Пул доштан кам аст, бояд бахтат хандаду аз дигароне, ки доро ва барои қонеъ намудани шавқу ҳавасашон ба ҳама чиз тайёранд, пешдастӣ кунӣ.
Бахти Валерий дар ҳақиқат хандид. Чӣ хелу барои чӣ, муҳокима намекунем, охир, хандидани бахт тасодуфӣ нест.
Ҳарчи ҳам бошад, ҳоло ў дар назди «Пежо»-и куҳнаякаш истода, бо қаноатмандию кароҳати омехта, ки хоси шахси рихинаки рўяшро бобарор кафонда мебошад, овезаи япониро тамошо мекард.
Дар нэтскэ духтарчаи фарбеҳаки ҷандапўши дар пешаш лаълӣ инъикос шуда буд. Ашёи хурдакаки рўи лаълӣ базўр менамуданд. Дар феҳраст он нэтскэ «Духтараке бо суси***» номида шуда буд.
— Суси-пуси, — зери лаб ғур-ғур кард Валерий. — Ақаллан дуруст менавиштанд...
Вақти хонаравӣ шуд. Бояд либос иваз мекарду каме коняк менўшид ва шофирро ҷеғ мезаду ба муассисаи хубу ба кам касон маълуме мерафт, ки имкони ба пайкарасози номвар нишон додани эҷоди рақибони японӣ буд. Зану духтарчаашро ҳафтае пеш ба Париж, ба таътили айёми мавлуд фиристод. Ва акнун барои пурғавғою мастона шудани ин шоми соли нав ва ё баръакс — ба муассиру ҳассос анҷом ёфтанаш вақту имкон дошт. Тоҷирон натанҳо оилаҳояшонро барои истироҳат ба хориҷа мефиристанд, баъдан онҳо худ ҳам мераванд...
Крилов, тамошои сусифурўши хурдсоли япониро идома дода, сигор баровард. Ҳангоми мошинронӣ кашиданро дўст намедошт ў.
— Амакҷон, оташафрўзак бихаред, — ба гўшаш расид овози беҷуръатонае.
Валерий тарафи овоз гашт. Дар пиёдароҳ духтарчаи хурдакаки тахминан даҳсолае меистод. Курткаи нейлонии барои худаш бисёр калон ва барои ҳар каси дигар беҳад чиркин дошт вай. Шарфи васеи бузургсолонаро аз болои куртка печонда буд ва дар сар кулоҳчаи пашмии дастбоф дошт.
Дар дастони карахту кабудгаштаи духтарча қуттии пойафзол буд. Дар он, ки рўяшро барф пўшида буд, оташафрўзакҳои гуногунранги чинӣ мехобиданд.
— Худам дорам, — ғурунгид Валерий.
Бори охирин ў ба метро се сол пеш савор шуда буд ва дар кўчаҳо низ қашшоқу гадоҳоро кам дучор меомад. Шояд барои ҳамин буд, ки бо дидани онҳо ҳатто на нороҳатӣ, балки як навъ саргиҷӣ ва хоҳиши ҳарчи зудтар дар оби гарм оббозӣ кардан пайдо менамуд.
Духтарча боисрор дар паҳлўяш меистод.
Валерий бо умеде даст ба киса бурд, ки талбандача бо дидани оташафрўзакаш ба роҳи худ меравад. Вале оташафрўзак пайдо шудан намехост.
Духтарча ҳамоно бинӣ кашида, дастакашро қариб ба бинии ў мерасонд.
— Чандсўмӣ аст оташафрўзакҳоят? — ғурид Валерий. Ў ҳаргиз хайр намекард, ба кўдакони бегона меҳр надошт, лекин имрўз хост бо ин духтарча муносибатҳои молиявию тиҷоратӣ барқарор намояд.
Хоҳиши сигоркашиаш ҳарчи зиёдтар мешуд. Ҳар вақте ки сигор ба лаб мегузориву оташафрўзакатро пайдо карда наметавонӣ, ҳамин ҳолат рўй медиҳад.
— Даҳ... — пичиррос зад духтарча.
— Даҳ... — нобоварона зери лаб гуфт Крилов ва боз, ин дафъа барои пули майда, даст ба киса бурд. — Чӣ нимурён дар ин ҳавои хунук мегардӣ? Шамол хўрда мемурӣ!
Насиҳаташ сунъӣ баромад ва худ ҳам инро ҳис кард. Охир, маълум буд, ки кўдаки бечора на бо хоҳиши дилаш ба савдои оташафрўзакҳо машғул аст.
— Лўхтаки хушрў, — баногоҳ гуфт духтарча, ба нэтскэи дасти Крилов нигариста.
— Ҳа, хушрў, хушрў... — Крилов баногоҳ пай бурд, ки нэтскэ ва гадодухтарак ба таври ҳайратовар монанданд. Баҳазур метавонистӣ, ки «духтарчаи сусидор»-ро «духтарчаи оташафрўзакҳои чинидор» биномӣ, агарчи дар он замонҳо оташафрўзак вуҷуд надошт. Вале ин муҳим набуд! Чеҳраҳои онҳо бисёр монандӣ доштанд!
Барои аз ин ҳолати васвосӣ халос шудан Крилов аз китфони духтарча гирифта, ўро ба сўи рўшноӣ гардонд. Сари по дар наздаш нишаст. Бори дигар нэтскэро ба ў муқоиса намуд.
Инро бинед-а, гўё нусхаи духтарча бошад!
— Ана кору мана кор, — тамоман ҳайрон шуд Валерий. — Асрҳо мегузаранду одамон дигар намешаванд... аз ин бармеояд, ки японҳо пештар монанди дигар одамон буданд?
— Ман дар умрам лўхтак надоштам, — баногоҳ бо алам гуфт духтарча.
Валерий гулў афшонд ва аз кисааш садсўмае бароварда, байни оташафрўзакҳо монд.
— Ба «Олами кўдакон» бирав, бачем. Лўхтак бихар...
Воқеан, чанд сўм аст лўхтак? Валерий бо ҳайрат дарёфт, ки намедонад. Духтарчааш аз ин гадоча каме калонтар асту хонааш пури бозичаҳо... вале оё ў боре барояш бозичае харидааст? Ё занаш мехарад, ё дояашон...
— Бигир, рафта «Барби» бихар, — ба қароре омад Крилов ва ба сарпўши қуттӣ панҷсад сўм партофт. Дар шаби соли нав кори хайр карданӣ бошӣ, майдабозӣ чӣ лозим?
— Ман ана ҳаминро мехоҳам, — қатъӣ гуфт духтарча, чашм аз нэтскэ наканда.
Валерий писханд зада, сар ҷунбонд.
— Не, бачем. Ин лўхтак қимат аст, бисёр қимат... Рафта лўхтакчае бихару назди модарат бирав...
— Якравиамро бубахшед, — баногоҳ бошитоб гуфт духтарча, қуттиашро аз сари даст сар дода. Оташафрўзакҳо, ки ях баставу ба коғаз часпида буданд, ҳатто наафтоданд. — Лекин ҳолати фавқулъода маҷбурам мекунад, ки майли таби солинавии шуморо ба некиву хайр истифода барам...
Сигоре, ки ҳеҷ даргиронда нашуда буд, аз лаби Крилов афтод. Ў ҳамоно хесту сўи мошинаш равон шуд.
— Шояд ман рўзи бебарориро интихоб кардаам? — гуфт аз пас духтарча. — Лекин тақвиматон, ки бетартиб аст, шумо мавлудро ду бор ид мекунед, барои ҳамин ман байни ин ду санаро интихоб намудам...
— Девона, — гуфт Крилов, дари мошинро пўшида. Муҳаррикро даргиронду бошитоб нэтскэро ба киса зад. Песонда ба духтарча нигарист, ки ҳанўз сўяш менигараду лабонаш меҷунбанд.
— Девона аст ин духтарча ё санҷобаки бесаранҷом? Лекин гап дар ин ки вай аст чунин ё ман?
Якбора духтарча ғайб зад. Ҳамин ҳоло буду акнун нест.
— Манам чунин,— худ ба худ гуфт Крилов ва якбора саропояш ваҷаррос зад. Чӣ ҳол аст ин? Дар авлодашон ягон девона набуд... Ў оҳиста мошинро ба ҳаракат даровард.
— Шумо сип-сиҳатед, — садое омад аз пас. — Ҳарчанд...
Крилов бо ҳарос тормузро зер карда, ба ақиб нигарист.
Духтарча, ҳамоно қуттиашро сахт дошта, дар курсии ақиб менишаст ва бо чашмакони маъсуми кўдакона ба ў менигарист.
— Бемории бавосир доред, пешобдону заҳрадонатон ҳам шояд иллат пайдо кунанд. Дигар ягон дард надоред, — такрор кард духтарча. — Бори дигар барои интихоби нодурусти вақт узр мепурсам. Лекин ба ман чунин менамояд, ки дар шаби соли нав, ки тақрибан арафа ҳисоб мешавад, шумо батамом ба амалҳои нек моилед...
— Кистӣ ту худат? — дод зад Крилов. — Чӣ хел ба мошин даромадӣ?
— Ман — як духтарча. Худамро дар нисбати фазо ҷойгардон кардаам. Маро гўш мекунед шумо?
— Барои чӣ ин хел гап мезанӣ? Духтарчаҳо ин хел гап намезананд!
Духтарча оҳ кашид.
— Нутқи ман нофаҳмост магар? Ба худ биёед, хоҳиш мекунам! Сирре нест ин ҷо, ман одамеам аз замони оянда.
— Аҳа, — сар ҷунбонд Валерий. — Ман аз Миррихам!
— Ба миррихӣ монанд нестед, — суханашро бурид духтарча. — Хулоса, ки ман одами ояндаам ва дар замон сайр мекунам. Вақту соати аниқашро донистани шумо шарт нест.
Криловро шавқи гуворое фаро гирифт.
— Одами оянда мегўӣ? Яъне, фантастика? Бовар кардаму мондам! Атроф-пур аз сайёҳоне, ки дар замин сайр доранд. Дар ҳар қадам ба онҳо дучор мешавӣ.
— Ин гапатон ноҳақ, — ранҷид духтарча. — Дар ин ҷо дигар ягон сайёҳ нест. Ва кинояатон беҷост!
— Агар ту аз ояндаиву дар ин бора осонакак нақл мекунӣ, барои чӣ касе дар бораи одамони дигар замон сайркунанда чизе намедонад? Барои чӣ касе бо онҳо дучор нашудааст?
— Дар замони мо касе сайр ҳам намекунад, — боз сухани ўро бурид духтарча. — Чӣ аҷобат дорад ин? Муҳити зист бад, ғизо бесифат, одамон хашмӣ, фарҳанг содалавҳона, ҷангҳо безавқона... Ҳама ба Юнони Қадим, ба Асрҳои Миёна, ба Чини Бостону Япон мераванд... Зебоии асил, ана, дар ин ҷост!
Крилов ҳарфе наёфт, ки ҷавоб бидиҳад.
— Ана, ҳамин хел, — давом дод суханашро духтарча. — Ман сайёҳи одие дар замонам. Даҳ сол дорам. Ин бояд боиси нороҳатии шумо нашавад, чунки аз ҷиҳати ақлонӣ чун бузургсолонам ман.
— Бовар намекунам, — қатъӣ гуфт Крилов.
Духтарча боз дар фазо ғайб заду дар курсии пеш пайдо шуд.
— Инаш чашмбандӣ, — тахмин кард Крилов.
Баногоҳ мошин ларзида ба ҳаво хест. Кўчаҳои пурбарф дар поён монданд, бод ба ғурриш даромад, Москва дар зер харитаи бузурги нурафшонро мемонд.
— Ин ҳам чашмбандист? — бо шавқ гуфт духтарча. — Пас як ба берун бароед.
Крилов ба аломати рад сар ҷунбонд.
— Ҳамин хел беҳтар, — хурсанд шуд духтарча, ки чеҳрааш каме арғувонӣ шуда буд. — Акнун ба ман бовар кардед? Ё боз ягон кор кунам?
— Бовар мекунам... — пичиррос зад Крилов. — Бигў, духтарча, дар он ҷо, дар оянда чӣ гапу хабар?
— Хомўш! — кўтоҳ гуфт духтарча. — Хоҳишмандам аз шумо, Валерий Павлович, ба духтарчаи дар зулмоти қарнҳо роҳгумзада туҳфаи мавлудие намекунед?
— Нэтскэ? — дақиқ кард Крилов.
— Аҳа, — духтарча табассум намуд.
Крилов чанд лаҳза хомўш монду баъд якбора дод зад:
— Чӣ мегўӣ ту? Туҳфа? Нэтскэ? Медонӣ ту, ки ман онро бо чи душворӣ ба даст овардаам? Бояд имрўз ба як пайкарасоз ҳадяаш кунам! Он гоҳ шояд ў биринҷии коргоҳамро бихарад! Ва тиҷоратам беҳтар шавад. Вагарна... гадо мешавам.
— Ин нэтскэ бисёр зарур аст ба ман! — нозук овоз баланд кард духтарча. — ба ман диҳед онро!
— Ба ҷои ин дигарашро барои ман биёр, — ба қароре омад Крилов. — Охир, ба Япон рафтанат ҳеҷ душворӣ надорад-ку! Нэтскэи дусадсолае харида ба Маскав меорию ба ман медиҳӣ... э, чӣ кор мекунӣ ту?
Духтарак беовоз мегиристу бо дастони чиркин ашконашро пок мекард. Мошин сахт ба ларза даромад.
— Э, ин хел накун! — ҳаросон дод зад Крилов. — Маҳ, чашмонатро тоза кун... — рўймолчаи тозаеро сўи духтарча дароз кард ў. — Чӣ лозим ба ту нэтскэи ман? Охир, ту ба ин хел муъҷизаҳо қодирӣ!
— Он... аз шумо нест... — гирён-гирён гуфт духтарча. — Онро падари ман аз устухон сохта буд...
Чунон ки ҳикмати халқӣ мефармояд, зан то гиря карданаш ноҳақ аст. Ин ба духтарчаҳо низ дахл дорад, аз ин рў, Крилов аз гиряи ў дар ҳолати ногувор монд.
— Аз ман набудааст... ман пул дода онро харидаам... — ғур-ғур кард ў. Метавонистӣ, ки ягонто бидуздӣ, он гоҳ ҷони ман ҳам халос буду аз ту ҳам...
— Наметавонистам! — бо алам дод зад духтарча. — Ҳама гап дар ҳамин!
Валерий аз шарҳу эзоҳи дарҳам-барҳам фаҳмид, ки сайёҳони замонҳоро сўзандоруе мезадаанд, ки хислаташонро тамоман дигар мекунад. Баъди он сайёҳон дар куштан, ғорат кардан ва ранҷондани аҷдоди ақибмондаи худ оҷиз мемонанд. Албатта, агар барои худҳимоякунӣ зарур нашавад...
— Агар шумо маро бизанед ва ё бигазед... — бо умед ғур-ғур кард духтарча.
— Хоб дорӣ! — ба ғазаб омад Крилов. — Маро кӣ мепиндорӣ ту? Ман на заданиам турову на газиданӣ!
— Афсўс, — оҳ кашид духтарча. — Агар мезадед ё мегазидед, ман нэтскэро бемалол аз шумои беҷон мегирифтам...
Аҷиб, ки ин ошкоргўӣ Валерийро ором кард.
— Чаро ба ту маҳз ҳамин нэтскэ лозим шудааст? — ў сигор бароварда, аз таг фурўзонаки чиниеро бардошта, онро даргиронд. — Чӣ ба ман часпидӣ ту?
Духтарча ба нақл шурўъ кард.
Маълум гардид, ки барои таътили айёми мавлуд ў бо падараш ба гузашта — ба Англияи асри ҳаждаҳ равон шудааст. Лекин падар дар он ҷо зиқ шуду ба Японияи асри ҳаждаҳ роҳ пеш гирифт. Ҳама муҳлатҳо паси сар шуданд, лекин вай аз он ҷо дигар барнагашт. Духтарча фаҳмид, ки бо падараш ягон ҳодиса рўй додааст. Аз афташ, мошини вақт шикастааст, ки баъзан воқеъ мешавад.
— Наҷотдиҳандагон нестанд дар... шумо? — ҳайрон шуд Крилов.
— Не. Дар замон ҳар кас таваккалан саёҳат мекунад, — иқрор шуд духтарча. Ҷустани гумгаштагон шикастани тартиботи маъмулӣ хоҳад буд.
Вақте ки падараш гум шуд, духтарча метавонист худ ба хона баргардад. Лекин бисёр мехост ў, ки падарашро наҷот диҳад. Ба андеша рафт, ки он ҷо падараш бо чӣ роҳ зиндагӣ мекунад? Ғорату куштор барои вай мумкин нест, ба маҳаллиҳо илм омўхтан ҳам. Ногоҳ ба ёдаш расид, ки падараш ба кандакории устухон шавқ дошт. Пас, нэтскэ хоҳад сохт. Ва барои он ки ёфтанаш осонтар шавад, дар ҳар нэтскэ ба ҷузъиёте роҳ хоҳад дод, ки ба замон мувофиқат намекунад. Духтарчаи бофаросат аз пайи ҷустуҷўи чунин нэтскэҳо шуд ва якеро ёфт. Ҳамонеро, ки Крилов харида буд.
— Фаҳмидам! — хитоб кард Крилов. — Маълум мешавад, ки ин на «Духтарча бо суси», балки «Духтарча бо оташафрўзакҳои чинӣ» аст?
— Не, инҳо оташафрўзак нестанд, — эътироз баён намуд духтарча. — Ин... дар забони шумо чунин калима нест. Инҳо ашёчаеанд, ки барои бунёди... шумо ин калимаро низ надоред... бунёди ашёи дигари калонтар хизмат мекунанд.
Крилов нэтскэяшро баровард ва бо шубҳа ба он нигариста, пурсид:
— Хайр, чӣ? Фарз кардем, ки инро падари ту сохтааст. Яъне, ёрӣ хостааст. Бираву падаратро наҷот деҳ. Боз чӣ лозим ба ту?
— Нэтскэ! Бояд онро ба нуқтаи махсуси мошини вақт андохт, — духтарча гирист. — Он гоҳ мошини вақт ба ҳамон замону маконе равон мешавад, ки нэтскэ сохта шудааст! Ва ман падарамро наҷот дода метавонам.
— Ҳоли нэтскэ чи мешавад? — таҳпурсӣ кард Крилов, ки ҷавобашро тахмин менамуд.
— Таркида ба зарраҳо табдил меёбад.
— Дигар нэтскэҳои барои ин кор мувофиқ нестанд? — пурсид Крилов.
— Бифаҳмед, охир, нест ва буда ҳам наметавонад. Агар пайдо шавад, пас, ман падарамро наҷот дода наметавонам. Ин чунон маъно дорад, ки ў тамоми умрашро дар Япони Қадим мегузаронад!
— Кор бад, — оҳ кашид Крилов.
Духтарча ҳам оҳ кашида, ҷиддӣ гуфт:
— Ё нэтскэро ба ман ҳадя мекунеду ман падарамро наҷот медиҳам, ё хасисӣ мекунеду падарам ҳалок мешавад.
— Ман хонахароб мешавам, охир, — иқрор шуд Крилов. — Ростӣ, ба падарат раҳмам меояд... ту дар ҳақиқат духтарчаи ҷасурӣ.
Духтарча боз ба ҳиқ-ҳиқ сар кард.
— Ақаллан пулҳоямро баргардон!— зорӣ намуд Крилов. — Ё ягон нэтскэи дигарам деҳ!
— Ман пул надорам, — гириста гуфт духтарча. — Ягон чиз дода наметавонам ба шумо. Ҳатто рақамҳои бурди лотереяро гуфта наметавонам.
— Мумкин нест? — мароқ зоҳир кард Крилов.
— Ягон бор бо лотереяҳои қадима машғул набудам, — иқрор шуд духтарча.
Крилов сукут кард. Чӣ хел нақша дошт ў! Нэтскэи нодирро туҳфа мекунад... суҳбати дўстона баргузор мешавад... қарордоди муфид ба имзо мерасад... бурди молиявӣ муяссар мегардад...
— Бирав, падаратро наҷот деҳ, — гуфт ў ва овезаи қадимаи япониро ба духтарча дароз кард. — Фақат аввал мошинро ба ҷояш фурор!
Духтарча шукуфт!
— Раҳмат ба шумо! Раҳмат! Медонистам, ки дар шоми байни мавлуд одамон меҳрубон мешаванд ва муъҷизаҳои ҳақиқӣ рўй медиҳанд!
Вай аз бари рўи Крилов бўса карду ғайб зад.
Мошин боз дар назди дукони атиқафурўшӣ меистод. Фаршаш пур аз оташафрўзакҳои чинӣ буд.
— Муъҷизаҳои ҳақиқӣ, — бо алам гуфт Крилов. — Барои кӣ муъҷиза?!
Ҳама нақшаҳои ў барбод рафтанд. Сабабгор — кадом як духтарчаи берўю падари аблаҳаш... Сайёҳони ношуд! Аз ин ҷо набудаанд, мошини вақташон шикаста будааст...
Мошинашро даргиронда, таваккалан ба клуби шабона рафт. Чӣ илоҷ, кўшиш намояд, ки бо пайкарасози машҳур бе туҳфаҳои ҷолиби солинавӣ робита барқарор кунад? Беҳуда, лекин маҷбур аст таваккал намояд...
Крилов мошинашро дар таваққуфгоҳ мегузошт, ки аз курсии ақиб садои сулфаи нозукеро шунид.
— Боз? — бо даҳшат хитоб кард ў ва ба ақиб рў овард.
Дар он ҷо ду нафар менишастанд — ҳамон духтарча, ки куртаи зарди сиёҳтоб ва рўпўши сурхи шоҳӣ дошт ва марди харобаке, ки эзори танги сиёҳ ва нимтанаи сиёҳу сафеди ба танаш калон пўшида буд.
— Куртаам зебост? — бо ҳаяҷон гуфт духтарча.
— Раҳмат ба шумо, Валерий-сан, — духтарчаашро песонда, гуфт мард. — Шумо бо нархи нороҳатиҳои зиёд маро наҷот додед... Домо аригато годзаимас****!
— Мо бояд ба ақиб, ба оянда баргардем, — гуфт мард. — Лекин ман ба шумо миннатдорӣ накарда рафта наметавонистам. Ин туҳфаи ночизро қабул кунед, Валерий-сан! Ин нэтскэро ман барои амалдори калоне сохта будам, лекин бо майли том ба шумо мебахшам!
Крилов нав муҷассамачаро аз дасти ў гирифта буд, ки духтарчаву падараш, сарҳояшонро хам карда, ғайб заданд. Ин дафъа батамом.
— Ина бинед-а, — нэтскэро аз назар гузаронда, зери лаб мегуфт Крилов. — Омади кор шуд...
Нэтскэ, аз афти кор, худи пайкарасоз — марди қоқинаи қадбаландро, ки либосҳои японӣ ба тан дошт, таҷассум менамуд. Лекин... дар даст шишаи пиво дошт ў!
— Номувофиқатӣ... — пичиррос зад Крилов. — «Марде бо пиво»... Чӣ хел чунин чизро туҳфа кардан мумкин?
Ў ноумедона хандид. Муъҷизаҳо... ид... кори хайр кардӣ, интизори подош набош!
Ҳарчанд ки...
Крилов бори дигар нэтскэро бодиққат аз назар гузаронд.
Он духтарчаро беҳуда «духтарчаи бо суси» ном надода будаанд!
Муҳим — сари вақт ва номи дуруст мондан. Он гоҳ он чизеро хоҳӣ дид, ки ваъдаат кардаанд! Бо асарҳои пайкарасози масковӣ ҳам доим ҳамин ҳол рўй медиҳад!
— «Марде бо оби ҷав»... — гуфт Крилов. — Не, беҳтараш «Кимиёгар бо дору»! Амали устоди номаълум...
Нэтскэ дар даст аз мошин баромад ў.
Бояд кораш барор гирад. Дар ин шом одамон ҳама меҳрубон мешаванд!
* Нэтскэ (нэцкэ) — муҷассамача, асари санъати туҳфасозии японҳо, ки овезаи кўчаки кандакорӣ дорад.
** Хараки́ ри ё худ сэппуку — худкушии маросимӣ бо роҳи чок кардани ишкам, ки дар байни
авлоди самурайҳои Японияи асрҳои миёна маъмул буд. Он ё ҳамчун ҷазо бо ҳукм ва ё ихтиёрӣ дар ҳолати доғдор шудани шарафу номуси сарбоз амалӣ мегашт.
*** Су́ си ё сусӣ — хўроки миллии японӣ аз биринҷ ва ҷонварони баҳрӣ, ки солҳои 80-и асри гузашта бахусус дар кишварҳои Ғарб маъмул шуда буд.
****Домо аригато годзаимас! — Ташаккур (японӣ)