Аз миёни барфи афзун мебарам об

Аз миёни барфи афзун мебарам об,
Мешавад мушкилтарам ҳар лаҳза ин кор.
Лек бо ҳар ҳол ман пуртобу бетоб
Мебарам об аз барои бовафо ёр.

Рўд ҳамчун бистари афлок сард аст,
Чоҳ мекобам ба ях аз субҳ то шом.
Ҷони ман, пур ин сатил аз лоҷвард аст,
Нўши ҷонат бод он, эй ёри хушном.

Аз тале то бар тали барфӣ равам ман,
Чун сигорам раҳ ба раҳ оташ ба ҷонам.
Мебарам обаш ҳамеша, то ба мурдан,
Баъди ман обаш кӣ меорад, надонам.

Баъд — асли ҳасратам ин асту бедод —
Меравӣ оё ту танҳо дар зимистон,
Дар лаби об аз ман оё мекунӣ ёд,
Бехабар, к-оби дилат ях баста чандон...

Лек то он вақт дур асту ман ин дам
Меравам бо роҳи пур аз барфу торик...
Мекунад Яздон назар ҳайрону пурғам,
Гашта огаҳ аз муроди қисматам нек.