Шаҷара

«Тартиб додани шаҷара, — амр медиҳад қайд дар рўзномаи мактабӣ. — То рўзи душанбе. Андозаи А4».

Духтарчаи ҳаштсолаам аз албоми расмкашиаш варақи андозаи заруриро меканаду саволомез ба ману шавҳарам менигарад. Ман ба компутер ворид мешавам, ки файли қайдҳои холаи раҳматиамро ёбам. Шавҳарам ба ҷилдҳои бойгонии худ фурў меравад. То кунун ба хаёламон ҳам наомада буд, ки маводҳоямонро баҳам биёрем. Чизе, ки ёфтем: тарҳҳо, ҷадвалҳо дар Excel, акси компутерии қайду нақшаҳои дастнавис, суратҳо, номаҳову посухҳо аз бойгониҳо.

— Танҳо расми шаҷараи хонадонро кашидан мондаасту номҳоро навиштан, — дақиқ мекунад духтарам. — Бе санаи таваллуду вафот ҳам мумкин. Номи падар ҳам шарт не.

— Чаро бе номи падар? — ҳайрон мешавад шавҳари гарангам.

— Барои он, ки дар варақ гунҷанд.

Ба саҳифабандии сиёҳнавис сар мекунем. Дар замони худ холаам, чанд солро сарфи мукотиба бо хешони дурамон, ки дар Америкаву Зеландияи Нав мезистанд, намуда, насабномаамонро то соли 1804 муайян кард; маҳз ҳамон вақт ба дунё омада буд шахсе, ки асосгузори авлодамон медонемаш: савдогари қазонӣ, ки дар акси хурдакаки нимафарсуда чеҳраи гандумгуни ҷиддиаш аз зери саллаи сафед базўр намоён аст.

Дар бораи ҳаёти падари бобокалонҳоямон маълумот кам аст — фақат ҳаминро медонем, ки ҳоҷӣ будаасту зиёрати Маккаро ба ҷо овардааст. Маро лозим наомад, ки ба кофтуков машғул шавам: ҳама маводи таърихи хонадонамонро ҳадя, аниқтараш мерос гирифтам. Шавҳарам, баракс, ҳама маълумотҳоро худ ба даст овард: дар бойгониҳо, рўзномаҳои куҳна, сомонаҳои махсус ҷустуҷў кард, саросари Россияро гашта, аз хешу табор маълумот ҷамъ овард ва ин кораш солҳо тўл кашид. Қисмати баъзеҳоро пурра барқарор кард, дар бораи дигарон танҳо пораҳои қиссаҳои оилавиро ёфт (масалан, аз яке аз бибикалонҳоямон дар дасти ворисон на сурате монда буду на санаде, ҷуз як хотира: мавсуф чунон бебок будааст, ки дар пеши назари мардум қолаби пойафзолро ба сари шавҳари мўзадўзаш задааст). Ба ин тариқ, то аввали асри ХIХ расид.

Инак, мо мекўшем, ки дар як варақи хурдакак номҳои асрҳои ХIХ ва ХХ-ро гунҷонем. Вале онҳо ҷо намешаванд.

— Андозаи калонтар лозим, — мегўяд шавҳарам. — Кирои навиштан бояд бо насабҳояшон нависем. Беҳтар мешавад, ки аксҳояшон ҳам бошад.

Духтарчаамон андешамандона сар меҷунбонад: сершумории ғайричашмдошти хешу таборамон тамоман гарангаш карда буд. Ба мағозаи қаламу коғаз рафта, ватман — коғази ғафси аълосифат мехарем. Бо қалам дар он тарҳи дарахтро мекашем: дарахте ҳосил мешавад сершоху пурнавда. Акси духтарчаамон ва ману шавҳарамро ба он мечаспонем. Боз чӣ? Волидонамон албомҳои ғафси аксҳо доранд, аз бобову бибиҳо ҳам албомҳои хурдтар, вале диданӣ монаанд. Кадом суратҳоро интихоб кунем? Зуд ба қароре меоем, ки чеҳраҳои ҷавони содаву нарм ва ҳанўз бечину ожангро бигирем.

Ана, яке аз бибиҳои ман: донишҷўи курсҳои болои Донишгоҳи Қазон, қариб моҳишиноси тайёр; мўи сараш бисёр зебо шона задагӣ, кулоҳаш муҳрадўзӣ; ғайр аз тоториву русӣ забони арабиро медонад; самимона операву конкитозиро дўст медорад; ҳамроҳи волидон дар ҳуҷрачаи кунҷакии бинои калони коммуналӣ зиндагӣ мекунад (то инқилоб як табақаи ин бино аз онҳо буд, баъдан оилаҳоро «зич» карданд, раҳмат гуфтан лозим, ки тамоман наронданд).

Ана, дуюмаш: муаллимаи ҷавоне, ки нав аз бадарғаи кулакҳо баргаштааст; лоғар, кастуми мардонаи бегона дар тан, ба лабони сахт барҳам бастааш лабсурхкунаки безеби сиёҳ молидааст; дар шонздаҳ соли бадарғаи Сибир қариб ки забони модариаш — тоториро фаромўш кардааст, аз ин рў, тамоми умр ба бачаҳо аз забони русӣ сабақ медиҳаду дар нутқаш шеваи сибирӣ эҳсос мешавад.

Ана, як бобоям: навраси барҷастарухсори чашмонаш ҳаросон — бесаробони дирўза, ки заҳри гушнагии Поволже ва сарсониҳои барои як бурда нонро дар Туркистон чашидааст.

Ана, дуюмаш: лейтенанти ду ҳафта пеш аз ҷанг баргашта. Дере нагузашта, либоси ҳарбиашро мебарораду тибқи дипломи ҳанўз дар соли чилуяк гирифтааш ба мактаб меравад, ки ба ҳайси «омўзгори забони немисӣ» кор кунад. Тамоми умр дар бораи он ки дар чор соли дар набардгоҳ буданаш бо ў чиҳо рўй дод, ҳарфе намезанад ў. Дар посухи ҳама пурсупосҳо хомўширо ихтиёр мекунад. Ва ба бачаҳо забони немисиро меомўзад, забонеро, ки ба таври аҷиб дар чор соли ҷанг муҳаббаташ ба он ҳеҷ кам нашуд...

— Ҳамаашон дар суратҳо аз мо ҷавонтаранд, — зикр мекунад шавҳарам.

Ва ин рост аст. Дар ватман танҳо чеҳраҳои ҷавон, наврас ва тамоман тифлонаро мебинем: волидонамону волидони волидонамон ҳамсол менамоянд. Алҳол шаҷара варақеро аз албоми мактабӣ, ки акси хатмкунандагонро дар бар дорад, ба ёд меорад. Танҳо аз рўи аломатҳои нисбӣ — буриши кители ҳарбӣ, нишони комсомолии поёни гиребон, тарзи шоназании мўйсар муайян кардан мумкин аст, ки аксҳо дар замонҳои гуногун, баъзан бо фосилаи ним аср бардошта шудаанд. Духтарчаи ҳаштсолаамон ин фарқиятро намебинад ва бодиққат ба онҳое менигарад, ки мўсафедашон меҳисобад.

— Ба Мэрилин Монро монанд, — мегўяд ў оид ба аксе. Воқеан, баъдан вазъият тағйир меёбад: аз наслҳои калонсол суратҳои кам боқӣ мондааст ва насабнома батадриҷ аз аксҳои мухталифу гуногунсол пур мешавад.

Бигирем бибикалонҳоямонро. Як кампири сахтрўи рўмоли сап-сафедаш сахт ба таҳи фук баста, ки аз зераш чашмони аз пирӣ нимабинояш базўр метобанд (тибқи нақли оилавӣ, вай ягона писарашро чунон дўст медошт, ки аз деҳи бобоӣ ба шаҳр кўчиданашро бахшида натавонист ва дере нагузашта, вафот кард). Деҳқонзани чашмкалони забайкалегӣ, ки хуморолуд ба мизи кандакорӣ гулҳо мегузорад (боре, аз хунхузҳо — роҳзанҳои чинӣ, ки охири асри ХIХ-аввали асри ХХ дар Манҷуристон ва заминҳои россиягии атрофи он бедодгарӣ мекарданд, гурехта, сад километри тайгаро — бе раҳнамо, духтарчаи яксола сари даст — тай кардааст)...

Ва, ана, бобокалонҳо. Даҳбошии бебоки мўйлабаш ғафси пулиси Россия, ки бовиқор дасташро ба дастаи шамшери дарозе гузоштааст. Казаки солхўрдаи губернияи Чернигов, ки дар чеҳраи офтобхўрдаи пурожангаш танҳо ду чашм медурахшад. Сарватманди қазонии шубаи қундузӣ ба тан, ки ба риши олуфтааш мушку анбар задааст.

Ҷуғрофиёи аксҳо ҳайронат мекунад — онҳо дар тамоми Россия — аз Қазон то Хабаровск, аз Воронеж то Североморск, ки дар нимҷазираи Колск воқеъ аст, гирифта шудаанд. Аҷдоди мо ҳамеша дар мамлакат макон иваз мекунанд: то соли ҳабдаҳ — ихтиёрӣ, баъдан бо амри давлат. Киштикашӣ ҳам кардаанду ба ҷанг ҳам рафтаанд; дар ҷустуҷўи рўзи беҳтари фарзандон ба шаҳрҳои калон ҳам рафтаанду чун кулак ба соҳили Ангара ба бадарға ҳам; ба пойтахт барои таҳсил ҳам рафтаанду баъдан тибқи тақсимот ба Қутби Шимол барои кор ҳам.

Ин кўчиданҳо — печутобҳои рўи харита — борҳо рўи ҳам афтода, кишварро ба фазои ягонае табдил медиҳанд: дар Петербургу Астрахан, Красноярску Барнаул, Новосибирску Ярославл, Читаю Петропавловски Камчатка — дар ҳама ҷо кўчаву биноҳое ҳастанд, ки муддате барояшон мулку макони худиву азиз шудаанд.

Хатсайри ин кўчокўчҳоро мо ба наздикӣ муайян кардем — донистани гузашта на ҳамеша арзиш дошт. Замоне он барои бисёриҳо сарборӣ ва ҳатто хатарнок буд. Масалан, бобои шавҳарам тамоми умр ҳақиқати ҳаёти падарашро пинҳон медошт (падараш — асессори коллегия* бо гвардияи сафед ба Чин фирор карда, беномунишон шуд): муздурӣ кард, чўпон, баҳрнаварди кироя, ҷанговари ЧОН (қисми таъйиноти махсус дар солҳои 1917—1925 — дастаҳои кумитаву ячейкаҳои партиявӣ дар истеҳсолот, ки барои мусоидат ба ҳукумати советӣ дар мубориза бо аксулинқилобчиён таъсис ёфта буданд) буд ва ягона ҳадафаш — ноил шудан ба зикри зарурӣ дар сархати «баромади иҷтимоӣ».

Ягона чизе, ки фошаш мекард, ҳусни хати аълохони собиқи гимназия буд. Хушбахтона, ба ин аҳамият намедоданд: ҳодисаи нодире набуд он солҳо хушхатии чўпон...

— Ў дар ҳақиқат чўпон буд? — мепурсад духтарчаам, ангушт рўи акси рахшон монда. — Ба Ричард Гири ҷавон монанд аст.

— Гуфтам-ку: чўпон буд, — исрор мекунад шавҳарам. — Баъдан нусхаи анкетаашро, ки аз бойгонӣ пайдо кардам, нишонат медиҳам. Дар он ҷо ҳамааш дақиқ, бо дасти худаш навишта шудааст.

— Аз куҷо медонӣ, ки анкета рост аст?

Шавҳарам хомўш мемонад: ба гапи ҳақ чӣ мегўӣ? Барқарорсозии гузашта мисли машғулият бо бостоншиносист, ки дар ҷустуҷўи сафолпораву шикастапораҳо тонна-тонна регро аз байни ангуштон мегузаронӣ. Ё худ, чун ҷойгардон кардани дарахти азимест, ки реша-реша аз хок ҷудояш мекунӣ, ки осебе набинад. Лекин баъзан нозуктарин амал ҳам натиҷа намедиҳад, агар он решаҳо бо дасти бераҳми касе канда шуда бошанд. Ва аламноктар аст, ки он дасти одами наздикат бошад.

Яке аз холадухтарҳоямон солҳои зиёде дар таҳи кат қуттии номаҳо, кушоданомаҳо** ва суратҳоро нигаҳдорӣ кард: он ҷо, дар дастаҳои ғафс, ки сол ба сол ҷудо карда, бо риштаи мустаҳкам баста шуда буданд, тамоми гузаштаи ў гунҷида буд. Лекин ду ҳафта пеш аз вафоташ, ки аллакай беморӣ афгору бистариаш карда буд, фармуд, ки маводи қуттиро то охирин варақаш нест кунанд.

Ба хоҳиши бемор муқобилат карда натавонистанд: коғазҳо ҳамон лаҳза, дар ҳамон ҳуҷра, дар тағораи фулузӣ, дар пеши чашми соҳибаш сўзонда шуданд. Дере нагузашта, бо дидани зиндагии ба дуд мубаддалгаштааш ором шуда, дунёро падруд гуфт. Фарзандонаш то ҳол худро бахшида наметавонанд, ки бойгонии пурарзишро ҳифз карда натавонистанд...

— Суратгириро кай ихтироъ карданд? — мепурсад духтарчаам, дар шаҷараи оилавӣ гулу баргҳо кашида.

— Дар аввали асри ХIХ, тахминан дар сеяки нахустинаш. Суратгирхонаҳо барои ҳамаи хоҳишмандон дар охири аср кушода шуданд.

— Хеле дер, — духтарчаамон бо алам сар меҷунбонад.

Суратҳо баъзан ба ҳамдигар расида, рўи ватман мехобанд ва ҳамоно тафовути чеҳраҳо маълум мешавад. Рухсораҳои васеи қалмиқӣ ва борики лаҳистонӣ; чашмони танги муғулии милкҳояшон варамида ва калон-калони обӣ; зулфони сиёҳу гандумгун; биниҳои пучуқу тўтибиниҳои гурҷӣ. Зери чашм ба духтарчаам менигарам: ҳамаи ин аломатҳои гуногун, печутоб хўрдаву лахт баставу қолаб гирифта, дар симои ў муҷассам шудаанд. Агар бо мурури солҳо бинии андаке барҷастааш рост шаваду мўйҳои маллааш хурморанг, ҷои тааҷҷуб нахоҳад буд. Ҳақиқатест бебаҳс, ки масъалаи хун яке аз мураккабтаринҳост дар дунё.

Масъалаҳои хислату интихоби шахсӣ чӣ? Агар баногоҳ духтарчаамон муаллимаи забони хориҷӣ шудан хоҳад, ин қарори мустақилонаи ў хоҳад буд ё паёме аз гузашта — аз гузаштагони омўзгорамон? Ё агар дар лаҳзаи оташинӣ мўзаро ба сари ягон кас задан хоҳад, зуҳуроти ҷўшу хурўши хислаташ хоҳад буд ё буду шуд мероси бибикалони бебокамон?

Ку ҳаде, ки мо, одамони асри ХХI — худбинҳову худхоҳон, ҷонибдорони интернету технологияҳои компутериро аз наслҳои гузашта ҷудо мекунад? Оё ҳаст чунин ҳад? Ва бисёр муҳим аст оё муқаррар намудани он? Шояд чизи асосӣ дар ақиб эҳсос накардани холигоҳ бошад? Ё донистани он, ки дар пас касе буд? Ё имконияти аз сари китф нигаристану ҳатто даст дароз кардан?..

Чун охирин сурат часпондаву охирин ном навишта шуд, ватманро ба девор меовезему натиҷаи кўшишҳоямонро баҳогузорӣ мекунем. Бист чеҳраи баркамолу солхўрда, вале аксаран ҷавон ва ҳатто наврас ба мо менигаранд. Мо — ба онҳо. Ва мефаҳмем, ки дар ин ҷо, дар паҳлўи кати духтарчаамон ин эҷоди мо то дер барҷо мемонад.

Аз худи мо, масалан, баъди сад сол чӣ мемонад? Умуман бигирем, айни ҳамон чиз: як акс, як ибора, («ҳамон бобоям, ки...» ё «ҳамон бибиам, ки...»). Ва ҳарчанд имрўз шумораи суратҳои мо ба ҳазорон мерасад ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар қадамамонро мустанад мекунанд, дар шаҷараи аҷдод танҳо як аксамонро мечаспонанд. Ва абераамон, ба он ишора намуда, танҳо як чиз, як чизи асосиро ба хотир меорад.

Духтарамон барои кори анҷомдодашуда баҳои «аъло» гирифт (муаллима асабонӣ шудааст, ки андозаи коғаз ба супориш мувофиқат намекунад, вале баҳоро паст накардааст).

Шавҳарам, ё аз кори мо илҳом гирифт, ё бо дигар сабаб, ки ҷиддан ба таърихи ободонии Забайкале машғул шуд; дере нагузашта ўро хешони дурамон тавассути интернет пайдо карданд — чун фаҳмиданд, ки ба насабшиносии хонадон машғул аст, хостанд донистаҳояшонро ба дониши ў биафзоянд.

Ман дар бораи деҳаи тоторӣ чанд ҳикоя навиштам. Аз он вақт панҷ сол гузашт. Шаҷара ҳамоно дар болои сари духтарчаамон аст. Гоҳ-гоҳ ину он акс ғиҷим мешавад, гўшаҳои коғазро дарҳам мекашад ва аз шаҷара меафтад — мо мунтазам онҳоро ба ҷояшон бармегардонем. Эҳтимол баъзе аксҳоро нав кардан лозим шавад: дар рўшноӣ рангашон мепарад ва возеҳиашонро гум мекунанд (ҳарчанд ки дили худам на ба таровати рахшони суратҳои нав, балки ба нармии тарҳҳо ва рангҳои муътадили аксҳои рангпарида моил аст).

Ба қарибӣ боз як ҷуфт ватман харида, дароз часпондем ва ҷадвали оилавии вақтро акс намудем. Дар он ҳамроҳ бо воқеаҳои таърихӣ санаҳои ҳаёти гузаштагонамон, ҳамчунин, солҳои таваллуди худамонро ҳам дохил кардем. Ва дар девори муқобил овехтем.

Рўзҳои аввал, аз назди он гузашта, худро нигоҳ дошта наметавонистам — ду дақиқа таваққуф карда, тамоми асри ХХ ва оғози асри ХХI-ро аз пеши чашм мегузарондам: дар як нуқтаи ҷадвал, дар ҳамон як сол ҷанги дуюми ҷаҳон тамом шудаву падари ман таваллуд ёфтааст; дар нуқтаи дигар Сталин даргузаштаасту модарам ба дунё омадааст; дар нуқтаи сеюм ҷанги Ветнам поён ёфтаасту шавҳарам чашм ба дунё кушодааст... Ҳамаи рўйдодҳо бо як рангинқалам, ҳуруфи якхела, ҳарфҳои ҳамандоза зикр шудаанд. Воқеан, ин аллакай тамоман қиссаи дигар аст. Ё худи ҳамон қисса бошад?

*Асессори коллегия — мансабе дар Россияи подшоҳӣ.

** Кушоданома — открытка.