Владимир Крупин
Владимир Николаевич Крупин (с. т. 1941) — носир, публитсист, омўзгор. барандаи Ҷоизаи адабии Патриарх.
Дар деҳкадаи Килмези вилояти Киров, дар хонадони ҷангалбон, таваллуд шудааст. Бар рағми одати замон дар рўҳияи анъанаҳои мазҳабӣ тарбият ёфтааст. Харроту ҳаммол буд. Баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи омўзгории вилояти Москва солҳои зиёд бо рўзноманигорӣ шуғл варзид. Ба ҳайси муҳаррири нашриёти «Современник», сармуҳаррири маҷаллаи «Москва» ва маҷаллаи мазҳабии «Благодатный огонь» («Оташи табаррук) кор кардааст. Корманди телевизион ва омўзгори Академияи динии Москва низ будааст.
Яке аз намояндагони «насри деҳот». Нахустмаҷмўаи ҳикояҳояш «Донаҳо» (1974), ки ба ҳаёти деҳотиёни Вятск бахшида шудааст, ҳамоно машҳураш кард. Дар қиссаву романҳои «Оби ҳаёт», «Роҳи хона», «Дафтари Вятск», «Чун кўдакон бошем», «Муқаддасоти Рус», «Пиёда равон дар осмон» худро чун устоди «насри ҷустуҷўҳои маънавии халқ» муаррифӣ намуд. Қаҳрамонони Крупин ҳамзамонони мо, сокинони деҳаҳо, шахсони маънавиянд.