Александр Терехов
Александр Михайлович Терехов (с. т. 1966) — нависанда, журналист, филмноманавис, муҳаррир. Барандаи ҷоизаи «Бестселлери миллӣ» (2012), «Китоби муҳим» (2009).
Дар шаҳри Новомосковски вилояти Тула соли 1966 ба дунё омадааст Соли 1991 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Москваро ба итмом расонида, ба ҳайси шореҳ дар маҷаллаи «Огонёк» ва рўзномаи «Совершенно секретно», муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Люди», сармуҳаррири рўзномаи «Настоящее время» кор кардааст. Муддате маркази матбуоти Маъмурияти округи ғарбии Москваро роҳбарӣ мекард.
Муаллифи маҷмўаи ҳикояву повест ва романҳои «Калламушҷанг», «Канори биёбон», «Ин ояндаи дурахшони тоқатфарсо», «Немисҳо» ва «Пули сангин» (фантазияи таърихӣ дар бораи даврони Сталин). Ин ду китоби охир баҳсҳои зиёд ба вуҷуд оварданд ва дар асоси онҳо филм бардошта шудааст.
Терехов нависандаи дорои услуби аҷиб ва забони ҷазбкунанда аст. Қаҳрамонони асарҳои ў ҳамеша дар давраи бузурги таърихӣ зиста, аз миёни мушкилоту васвасаҳои даврони хеш мегузаранд.