Игор Меламед
Соли 1961 дар шаҳри Лвов (ҶШС Украина) таваллуд шудааст. Хатмкунандаи факултети филологияи Донишгоҳи Черновтси, Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкий. Муҳаррири шуъбаи нақди маҷаллаи «Юность», ходими илмии осорхонаи Борис Пастернак дар Переделкино буд. Пас аз осеби сутунмӯҳра қобилияти мустақилона ҳаракат карданро аз даст дод. Дар солҳои беморӣ ӯ як блогнависи фаъол шуд, чанд «ниқобҳои адабӣ»-и шоирон ва мунаққидони пурасрорро эҷод кард. Муаллифи китобҳои шеърии «Бехобӣ» (1994), «Дар биҳишти сиёҳ» (1998) ва «Интиқом» (2010). Барандаи ҷоизаи адабии ба номи Горкий, ҷоизаҳои «Московский счёт» ва ба номи Волошин. Соли 2014 фавтид.
Баъди маргаш маҷмуаи шеъру очерк ва «ниқобҳои адабӣ»-аш дар шакли се китоб ба табъ расид. «Игор шахси ҷолибтарин ва ғайриодие буд, ки ман дар ҳаётам вохӯрдам. <...> Бешубҳа, ў ба ягон нафар шоир шабоҳат надошт. Ба Шоире, ки он вақт ман ба худ тасаввур мекардам. Аммо маҳз ӯ Шоир буд. Шоири худодод, новобаста ба содагии ин гуфтаҳо» — ба ёд меорад адабиётшинос ва мунаққид Павел Басинский.