Таронаи муқаддас
Бод мекашад уллос сахт дар сари чодар,
Гирди ман ҳамеҷунбад тирагӣ ба сони дуд.
Як замон будам ман шоҳ, пуртавону боқудрат
Лек душмани бераҳм сарнагун маро бинмуд.
Дар миёни торикӣ дасти Ту ҳамеҷӯям,
Қалби ман тамоми шаб ҷониби Ту раҳ ҷӯяд.
Мисли оҳуи монда ташна дар миёни дашт
Сӯи чашмаҳои сард маъману панаҳ ҷӯяд.
Лек чун бихобам ман, ҳар қадар бувад ширин,
Зиштгашта бедорӣ он қадар бувад расво.
Жарфтар ягон гудол кобӣ ар, намеёбӣ
Аз ҳамин, ки ҳоло ман хоҳам омадан боло.
Шакли шаҳнамоямро ту ба ман зи нав гардон,
Пас ба ҳаққи қавли Худ шав ту зиндаю эҳё!..
Хуни дил хӯрад Довуд, он паямбари бадбахт,
Аз муҳаббати Яздон, аз муҳаббати воло.




