Олеся Николаева
Соли 1955 дар Москва таваллуд шудааст. Донишкадаи адабиёти ба номи А. М. Горкийро хатм карда, ҳоло дар он маҳорати адабиро таълим медихад. Муаллифи ҳабдаҳ китоби шеър, аз ҷумла «Amor fati» (1997), «Номаҳои испанӣ» (2004), «500 шеър ва манзумаҳо» (2008), «То Байтулмуқаддаси осмонӣ» (2013), «Сурудҳои баҳри Миёназамин, марсияҳои миёнарусӣ» (2017); сӣ китоби наср, шаш китоби эссе ва публитсистика. Шеърҳояш ба бисёре аз забонҳои Аврупо ва Осиё, аз ҷумла англисӣ, итолиёвӣ, испанӣ, чинӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Барандаи ҷоизаҳои зиёд, аз ҷумла Ҷоизаи адабии ба номи Борис Пастернак, ҷоизаҳои«Anthologia», «Поэт», Ҷоизаи давлатии Федератсияи Россия дар соҳаи фарҳанг, Ҷоизаи адабии патриархалӣ ва ғ. Дар Москва зиндагӣ мекунад.
Адабиётшинос ва мунаққид Дмитрий Бак ба сарчашмаҳои амиқи ашъори Николаева ишора намудааст, ки ӯ «санъати худро дар ҳузури анҷоми санъат меофарад, ба он чашм дўхта, мехоҳад ба нафарони сершуморе паём расонад, ки аз шеър маҳз ҳамин оқибатро интизоранд. Ин нигоҳ пинҳонӣ нест, балки нигоҳи рўирост аст. Ў мехоҳад, ки вайро на танҳо одамони ҳамфикр ва мухлисонаш бишнаванд, балки онҳое низ, ки фикррониашон куллан дигар аст».