Ман ба як чашм нигаристам ба Бейрут...

* * *

Ман ба як чашм нигаристам ба Бейрут
ва ба як пой қадам ниҳодам ба Бағдод
ва дар Димишқ дастҳоямро раҳо кардам ва кашидам ба по
мӯзаи кӯҳҳои Лубнонӣ ва ғуруби арғувонӣ...
Ман чашмҳоро мепӯшам ӯ сад бор фурӯзонтар мешавад.

Ман ба Байтулмуқаддас ворид шудам зери ситорааш.
Сангҳои сафедро бӯсидам ба пешонии пирона
ва дар зайтунии малолатсӯз дар боғи Гефсиман
дар бугенвили хунини ӯ...
То ҳанӯз лабҳои ман эҳсоси сӯзиш ва ларза доранд.

Дар Саҳрои яҳудиён роҳиб ба ман луқма дод
ва аз обгираки юнонӣ парҳезгор об нӯшонд,
ва бо салиб дуо дод, то маро самум аз по наафтонад
ва то ки сел бигзарад ва шайтон изи маро дарнаёбад.
Ва ин салиб маро нигаҳбон аст мисли нури илтифот.

...Бо чӣ қадр кунам Худованд — офарандаи кӯҳу ҷарро?
Барои Афина, Фермопил, барои ишораву нигоҳ,
Барои Баҳри Сиёҳ, барои Патмос, барои халиҷи Форс,
Барои Солун ва ҳам Керкир, барои Шоҳ-канд*,
Ва ҳар номе ширинтар аз ангур.

Лоақал барои он ки дар пешонӣ овехта парпар
обшорро бо оринҷ тела дода, бо чашми нимроғ сӯи нур
ман ба ҳиндуён омӯхтам «Падари мо-Худо» гуфтанро
ва онҳо ба ман «Pater noster» дар ҷавоб.
Ва қалами тезкардаро рондам ба саҳфаи дил.

Ва ҳоло, ки киштиҳои ман алвонҷ дар мавҷҳо мезананд,
дар байни Ситсилия ва Хариб, хачир дар доманакӯҳи Фавор интизор аст
ва абр мефурояд, ҳама шаб ба сар истода,
шамол аз баҳр чун аз рӯҳ партобро берун мебарорад,
ман бими ягон душман надорам
ва ягон дузд маро хатарнок нест.

Ва ҳангоме, ки ман меравам ба тамом чун корвони оҳиста
аз паси ман мераванд Дарданеллӣ, Фарот, Ермон,
ҳатто Нили девона ва ӯ, ӯ пир, ӯ маст,
Понт Евксинский, бодҳо аз чор сӯ,
Ва доғҳои маро мешӯяд Урдун, хобро оромӣ мебашад.

Ман бо худ ними ҷаҳонро мебарам. Танҳо пораеро
мемонам дар ин ҷо: Ню-Йорк, Баскунчак, Дакар,
ва баъзе майда-чуйдаро. Реги ларзони бегона.
Боқимондаро мегирам, онҷо на як Макар,
Кура ба чашм мезанад,

Элба ба пешонӣ мекӯбад.
Ҳама чизе, ки дӯсташ медоштам, бо ман мемонад, — оре!
Мегузорам ба пеши Худованди Неру, ҳазрати вақт:
— Бубин, бо ман замини Ту, оби Ту
лаззатро нигоҳ доштаанд, рангу бӯро низ.

Ва омодаи иди ҳамешагии шаҳрҳоянд.
Ва — о, мӯъҷиза! — Ин ҷо ҳама аз ман аст ва дар баробари ин
чизе аз ман нест!.. Ҳамин тур абрҳои пайваста ҳаракат мекунанд,
тағйири шакл намуда, вақте нурҳоро мешикананд,
гоҳе кӯҳҳо, гоҳе дижҳо ва гоҳе рӯд аз онҳо берун меоянд...

Ва кӯдакон аз паси онҳо дастафшон овокунон медаванд!


* Цар-град.