Шеър аз хусуси ҷавони сарватманд


Ман ҷавони дороям, маро ҳайф аст
ҷудо шудан аз шамшераки Эфес,
аз камзӯлаки бахмалӣ бо лентаи гулгун
в-аз бо паре дар кулоҳу ангуштарини қавӣ.

Бо ин чини ғурури зери лаб, ба ин рафтори
баҳодурона* ва бо ин нишасти сари зин,
бо ин равиши кашишдор,
бо манаҳи шинокарда чун заврақи сабук.

Бо мушакҳои камонӣ, ба набзи балғамдор,
бо садоҳои уд, бо биниши парӣ,
бо оинаҳои қофия ва бо бахшиши Худодод —
бо ин дурахш, бо ин сароб, бо ин лапиш, бо ин ҳарорат!

Ман метарсам аз замине, ки кирмҳо насл мегузоранд,
ман метарсам аз моҳ дар таназзули каҷ,
метарсам аз зиёфате, ки пашшаҳо фароғат доранд
ва аз шоҳе метарсам бо рӯҳияи касоди ноаён!

Ва бозмедиҳам
шамшеракро бо ғилоф
камзӯлу ангуштар ва толобу гулгаштро
ва ҳам карнайи шикорӣ ва роҳи ношинос ба Худои ҷавонро!

Нигоҳи наврасиро медиҳам ба ӯ, медиҳам дил, овоз
ва ҳар тори мӯи озодро.
ҳатто дилро бо асали заҳролудаш,
ҳаёт ва осмонро бо ситораҳояш бар даромадгоҳи торик.


* Ритсарона.