Виктор Астафйев
Виктор Петрович Астафйев (1924—2001) — нависанда, эссенавис, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии СССР (1978, 1991), Ҷоизаи давлатии Федератсияи Россия (1995, 2003). Дар рустои Овсянкаи кишвари Красноярск таваллуд шудааст. Барвақт ятим монда, дар сағирахона ба воя расид. Пас аз итмоми мактаби коргарҷавонон чанд муддат дар роҳи оҳан кор кардааст.
Соли 1942 ихтиёрӣ ба фронт рафт. Дар ҷанг ба ҳайси ронанда, алоқачӣ хидмат мекард. Ду маротиба маҷрўҳ шуда, бо ордени Ситораи Сурх, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озод кардани Варшава» ва «Барои ғалаба бар Германия» мукофотонида шудааст. Аввал муқими шаҳри Чуси Урал, сипас шаҳрҳои Перму Вологда буд.
Нахустин китобаш соли 1953 ба табъ расид.
Астафйев ҳамчун муаллифи қиссаҳои «Чўпон ва чўпонзан», «Детективи ғамангез», «Шоҳ-моҳӣ», романҳои «Нафрину кушташуда» ва ҳикояву асарҳои публитсистии зиёд машҳур мебошад. Дар асоси бисёр асарҳои ў коргардонҳо филм бардоштаанд.
Ў намояндаи ду равия дар адабиёт — ҷангноманависӣ ва «насри рустописандӣ» («деревенская проза») маҳсуб меёбад. Вижагиҳои насри Астафйев иборат аст аз нигоҳи интиқодӣ ва холисона ба ҷамъияту инсон, забони фасеҳу ҷозиб ва офариниши симоҳои аз ҷиҳати равонӣ пурқувват.